Ҳама барои Гана, ҳама ба хотири Элайҷа?


Бознашр аз “Гол”

Дар Тоҷикистон ба кӣ мухлисӣ мекунанд?

Рости гап, пас аз он ки дастаи футболи Русия ва Украина аз ширкат дар мусобиқаи ҷаҳонӣ маҳрум монданд, муддате худи ман муайян карда натавонистам, то даври нимфиналӣ ба кадом даста мухлисӣ кунам. Аммо чи хеле як дўстам мегўяд, новобаста аз он ки мо рус ё украин нестем, вале дар мусобиқаҳо тибқи одат аксарият барои варзишгарони собиқ ҷамоҳири Шуравӣ мухлисӣ мекунем ва аз миёни эшон бештар намояндагони ин ду давлат дар мусобиқот муваффақанд. Чун намояндагони ин кишварҳо низ ба даври ниҳоӣ роҳ наёфтанд, як саргумӣ дар байни мухлисони тоҷик ба миён омад. Кадоме ба дастаи Бразилия, кадоме ба Аргентина, касе ба Олмон ва касе ба дигар дастае мухлисиашро баён мекард. Ва аз ҳама барои ман гуфтаҳои ду мухлиси «Вахш» мароқовар буд. Онҳо гуфтанд, ки ба ҳамшаҳрҳои Элайҷа, дастаи Гана мухлисӣ хоҳанд кард. Дар ҳақиқат, як қисмати легионерҳои лигаи олии Тоҷикистонро бозигарони ганагӣ ташкил медиҳанд ва чаро тоҷикон ба Гана мухлисӣ накунанд?

Дар “ФУТБОЛДОН” иштирок бикун!

Даври 12-ум

Бештари дастаҳои яккачин дигар миллӣ нестанд

Агарчи дар гузоришҳо хабарнигорон дастаҳои мунтахабро баъзан ҳамчун дастаи миллӣ муаррифӣ мекунанд, вале ин ибора аз ин баъд таҷдиди назар мехоҳад. Дуруст аст, ки то ҷойе чашми мо ба ширкати бозигарони сиёҳпўст дар ҳайати дастаҳои мунтахаби Англияву Фаронса ва Ҳолланд, одат карда буд. Вале имрўз барои пурзур сохтани дастаҳои худ баъзе федератсияҳои миллӣ аз ҳунари бозигарони хориҷӣ васеъ истифода мебаранд, ки аллакай миллияти дастаҳои мунтахабро аз байн мебарад. Масалан, кӣ пешгўӣ карда метавонист, ки замоне дар ҳайати дастаи яккачини Олмон сиёҳпўсте бозӣ мекунад? Ва ё хатти ҳуҷуми олмониҳоро туркону полякҳо тақвият мебахшанд? Бале, имрўз дар ҳайати дастаи Олмон наздики даҳ нафар мардуми ғайриориёӣ (Озил, Хедира, Подолский, Клозе, Боатенг, Какау, Таски, Траховский) бозӣ мекунанд ва қисмати калони онҳо ба ҳайати асосӣ шомил мебошанд. Ҳамин гуна, мисолро дар бораи дастаҳои ИМА, Парагвай, Австралия, Швейсария ва Португалия овардан мумкин аст. Бо вуҷуди доштани бозигарони хуб дар ҳайати асосии дастаи португалиҳо шаш нафар аҷнабӣ бозӣ мекунанд, ки се нафари онҳоро бразилиягиҳо (Лиедсон, Пепе ва Дэку) ташкил медиҳанд.

«Генерали беартиш»

Баъди бохти дастаи Фаронса ба Мексика, собиқ капитани дастаи мунтахаби Фаронса Зайниддин Зидан ба «L’Eqipe» чунин гуфтааст: «Дили ман аз дастаи мунтахабамон пурра монд. Бозигарон умуман бозӣ карда натавонистанд. Дар бораи ғалаба кардан умуман гап намезанам. Баръакси дастаи мо мексикоиҳо ҷисман хуб омода буда, олиҷаноб бозӣ карданд. Ғалабаи онҳо ҷойи баҳс надорад».

Сармураббии даста Доменек бошад, мағлубияти дастаашро шарҳ дода натавонист. Ҳамаи ин хабаре беш набуд, агар ин ҳангома намешуд. Бояд гуфт, ки капитани даста Эвра пеш аз бозӣ дархост мекунад, ки ба ҷойи Анелка Анри ба бозӣ барояд, аммо Доменек ин хоҳишро ношунида мегирад. Дар натиҷа, ба ҳар ҳол дар қисми дуюм, Анри ба бозӣ баромад, вале аллакай тақдири бозӣ ҳал шуда буд. Пас аз бозӣ сармураббӣ бо Анелка ҷанҷол мекунанд, ки аз он хабарнигорон огоҳ мешаванд. Рўзи дигар бозигарони даста барои берун рафтани хабари низои дохили дастагӣ аз тамрин даст мекашанд. Танҳо пас аз дахолат кардани вазири варзиши Фаронса бо супориши президент Саркози ҳали масоили ба миёномада, ба баъди анҷоми мусобиқа мононда шуд. Ҳоло дастаи Фаронса ба бозии охирини гурўҳии худ бо тими ҶАҶ омодагӣ мебинад. Дилсардӣ ва нотифоқӣ миёни бозигарон ва сармураббӣ ҳис мешавад. Бо вуҷуди он ки агар фаронсавиҳо африқоиҳоро бо ҳисоби калон мағлуб кунанд ҳам, роҳ ёфтан ба даври ҳаштякфиналӣ аз натиҷаи бозии Уругвай-Мексика вобаста аст. Доменек дар интихоби капитан ва бозигарон ба хатогӣ роҳ дод, ки оқибати он шояд бо истеъфои ў анҷом ёбад.

Киҳо ба ҶҶ-2010 наомаданд?

Сабқати ҷаҳонии футболи соли 2010 солҳои зиёд ҳоло вирди забони мутахассисону тамошобинон хоҳад шуд. Бо вуҷуди беҳтарин бозигари кишвару клубҳои худ будан, бештари ситораҳои футболи вақт ба ин мусобиқаи бонуфуз роҳ наёфтанд. Агар кадомеро ба мисли Патрик Вийераи 34-сола ва Эдвин ван дер Сари 39-сола меъёри синнусолӣ пеши роҳ шуда бошад, Михаэл Баллак, Девид Бекхем ва Майкл Эсйенро ҷароҳату латхўриҳои ғайричашмдошт аз ширкат дар бозиҳои ҶҶ-2010 маҳрум сохт. Аммо боз як қисмати дигарро нозунузи сармураббиёни дастаҳо сади роҳ гашта, эшонро водор сохт, ки рафти бозиро аз экрани ТВ тамошо кунанд. Масалан, сармурабии Аргентина Диего Марадона бо вуҷуди бозии зебо нишон додан ва қаҳрамони лигаи чемпионҳо шудани Эстебан Камбияссо ва Хавйер Дзанетти, ҳардуро барои ба тамринҳо кам омадан аз сафи бозигарони дастаи мунтахабаш хат задааст. Ва ё ба сармураббии Бразилия Дунга ҳавобаландӣ ва худхоҳии Роналдиниё ва Адриано писанд наомада, онҳоро ба дастаи мунтахаб даъват накард. «Онҳо бо ҳавобаландӣ ва нописандии хеш муҳити ҳамдигарфаҳмии дастаро вайрон мекунанд. Аз ин рў, роҳи ҳар ду ба тими яккачин баста аст ва ин масъала дигар баррасӣ намешавад»,- гуфтааст сармураббии Бразилия. Дуруст аст, ки Аргентина ва Бразилия дар дарёфти бозигарони моҳир мушкил надоранд ва амали сармураббиёни онҳоро фаҳмидан мумкин аст. Аммо даъват нашудани Филлип Мексес, Самир Насри ва Карим Бензема аз тарафи сармураббии Фаронса Раймон Доменек барои дастаи яккачини Фаронса мушкилӣ пеш овардааст.

Сафи ситораҳои ба сабқат даъватнашударо ин бозигарон низ зеб медиҳанд: Руд ван Нистелрой (Ҳоланд), Франческо Тотти (Италия), Алекс (Бразилия), Алесандро дел Пийеро (Италия), Себастян Фрей (Фаронса), Диего (Бразилия), Пато (Бразилия), Раул (Испания), Марк Видука (Австралия), Рикарду Куарежма (Португалия) ва Рикелме (Аргентина).

Обама бо Кемерон бе пиво монданд…

Дар баробари дида баромадани як қатор масоили сиёсиву иқтисодӣ миёни кишварҳои якдигарӣ, дар як сўҳбати телефонӣ президенти ИМА Барак Обама ва сарвазири Британияи Кабир Девид Кемерон ба сабқати ҷаҳонии футбол низ диққат доданд. Аз ҷумла, сарони ҳар ду давлат ба натиҷаи бозии ИМА-Англия шарт бастанд. Табиист, ки ҳар кадоме ба ғалабаи кишвари худ гарав монда буд, яъне мағлуб ғолибро бо пиво бояд зиёфат медод, аммо натиҷаи мусовии бозӣ ҳардуро аз зиёфатхўрӣ маҳрум кард.

Англисҳо пеши мухлисонашон сархаманд, зеро..

Як мухлиси дастаи Англия пас аз бозии Англия-Алҷазоир, дар ҷустуҷўи ҳоҷатхона нохост ба хонаи дамгирии бозигарони ҳамватанаш даромадааст. Ин мухлис ба хабарнигори расонаи «Mirror» чунин гуфтааст: «Пас аз анҷоми бозӣ маро зарурати қазои ҳоҷат пеш омад. Ман аз намояндаи ҳифзи тартибот макони ҳоҷатхонаро пурсидам. Ў бо дасташ туннелеро ки аз он бозигарон ба майдон мебаромаданд, нишон дода, ба ман дар куҷо будани ҳоҷатхонаро фаҳмонд. Пас аз он ки ман дохили тунел гаштам, то охири роҳрав рафта, ба хонае расидам, ки дарҳояш кушода буд. Бинам, назди дар Бекхем бо сари хам истодааст, ба чашмонам бовар накарда, ба дарун назар афкандам, Ҷо Коул аз оббозӣ мебаромад, бозигарони дигар дар китф сачоқ дар курсиҳо хомўш менишастанд. Ана ҳамин вақт, Бекхем ҳузури маро пай бурд.

Ў пурсид, ки ман кистам?

Гуфтам: – Ман Павлош ном дорам ва ҳоҷатхонаро мекобам.

Ҳама хомўш буд. Аммо баъд ба худ гуфтам, дар пеши камина бозигарони дастаи мунтахаби футболи Англия истодаанд, чаро чизе нагўям? Ба Бекхем нигаристаму гуфтам:

– Девид, мо барои ба ин ҷо омадан як дунё маблағ сарф намудем, то ба дастаи худ мухлисӣ намоем. Шумо бошед, чӣ кор мекунед? Шарматон намеояд? Умуман, ягон нақшаи дигар доред? Ягон нафар сарашро набардошт, ҳамагӣ лол буданд. Бекхем мехост, дар ҷавоб ба ман чизе гўяд, аммо боз аз раъяш гашт. Ин дам намояндагони ФИФА омада, маро гирифта бурданд. Бале, ман ҳамин хел гуфтам ва чаро бояд нагўям? Охир ҳар кадоми мо на камтар аз 4500 евро барои ба ин ҷо расидан харҷ кардаем. Онҳо бошанд, чӣ гуна бозӣ нишон медиҳанд?»

Таъкид мекунем, ки ФИФА барои ғайриқаноатбахш будани хизмати таъминоти бехатарӣ дар майдон ва роҳ ёфтани шахси беруна ба хонаи бозигарон аз дастаи Англия узр пурсидааст, вале магар мухлис ноҳақ буд?

Марадона ба ҳоли Пеле ва Платини механдад

Ҳафтаи гузашта, сармураббии Аргентина Марадона боз бо ҳавобаландии ба худ хосаш мавриди таваҷҷўҳи хабарнигорон гашт. Марадона боз рақиби аслиаш Пеле ва президенти УЕФА Платиниро масхара кард. «Замони Пеле кайҳо гузаштааст ва ўро бояд ба ягон музей супорид. Платини бошад, чун ҳама франсузҳо фикр мекунад, ки аз ҳама доно аст, аммо дар амал ҳамчун мураббӣ чизе накардааст»,- таъна кард Диего.

Сабабгори ин амали Марадона якчанд гуфтаҳои Пеле ва Платини дар ҳаққи ў дар ВАО мебошанд. Аммо баъди номаи расмии президенти УЕФА дар бораи он ки вай Марадонаро паст назадааст, Диего аз Платини узр пурсид. Ҳарчанд ин кайфият то ҳол Пелеро насиб нагаштааст.

Бояд гуфт, ки новобаста аз натиҷаҳои хуби дастаи Аргентина дар сабқат, ин гуна ҳуҷумҳо то ҳол Марадонаро думболагирӣ мекунанд. Агар нокомиҳои дастаи Аргентина оғоз ёбанд, рақибони Диего чӣ кор мекарда бошанд?

 

Кортҳои ҷаримавӣ беэътибор мешаванд

Тавре агентии «Reuters» хабар медиҳад, ФИФА ба қоидаҳои худ тағйирот ворид кардааст. Аз ин баъд, кортҳои зарди футболбозон пас аз ба даври чорякниҳоӣ роҳ ёфтан бекор мешаванд. Ин дигаргунӣ барои он дароварда шуд, ки бозигарон имкони зиёди дар даври ниҳоӣ бозӣ карданро пайдо кунанд.

Advertisements

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s