ДАВРИ ҲАШТУМ

Қандинга ур, Дунё Купасӣ

Даври ҳаштуми озмун пас аз интизории enough дароз рӯи нашр омад. Ва ин дафр ба мо яке аз бозигарони дигарро дод, Ҷӯра Мирҷалилов, ки ӯро хош гелдиниз мегӯем. Ба он хотир, бо забони туркӣ, ки важте ин давр ҷараён дошт ман дар Истанбул будам ва дар ҳама ҷо Дунё Купасӣ навишта шуда буд. Афсӯс, ягон сурат нагирифтам-да. Умедҷон, сурат дошта бошӣ, фирист, чоп кунем.

Ғолибони гузашта, “гаранг”-ҳои ҳозира

Умедҷоне, ки ба ӯ муроҷиат мекунам, Умед Юсуфов аст, ки дар даври ҳаштум аз ҳама камтар хол гирифт. Ҳол он ки соли гузашта ӯ яке аз ду ғолиби “Футболдон” буд. То ки Умедҷон дар ҷойи охирин танҳо зиқ нашавад, Рустам ҳам ба назди ӯ рафт. Бале, бале, бале, ҳамон Рустами Ҳакиме, ки ҳамроҳ бо Умед соли гузашта ғолиби “Футболдон” гашта буд.

Рустам саргаранг шуда, пешгӯияшро ҳатто ду бор чоп карда буд. Ману, пешсафи ҳолии озмун, мегуфт, дар ин давр саргаранг шудан мумкин аст ва намедонӣ, ки вазъи ҳолии мунтахабҳо чӣ гуна аст? Чӣ хел метавон надонист, ки Португалия дар чӣ ҳол ҳасту, Марадона дар чӣ ҳол а, Ману? Бобошро бубин, ки ҳатто вазъи Африқои Ҷанубиву Мексикаву Уругваю Фаронсаро медонисту, дар рӯзи аввал, аллакай аз ду бозии аввал ҳашт хол гирифта буд!

Ким-ба проблема?

Бобошро баъдан чашм гирифтанду, ӯ дар рӯзи дуввум ҳеҷ хол нагирифт, вале дар маҷмӯъ, дар даври ҳаштум яке аз ғолибон гардид. Қандинга ур, Бобош, ҳамон ҳарфе, ки Ману унвонии Равшан Ирматов, узбаке, ки ҳуштаки аввалини Ҷоми ҷаҳони имсоларо кашид, сазовор донист!

Ин ҳарфро ба Ману наметавон гуфт, зеро ӯ дар ин давр рақибонашро ба худаш хеле наздик гузошт, ки оянд. Ду Диловар аз Ману се холиву панҷ холӣ ақиб буданду, барои Саиди Регарӣ ҳамагӣ ду қадами дигар то Ману боқӣ монда буд.

Қандинга ур-ро ҳамчунин наметавон ба ВС ва Ҷумъахони Кӯлобӣ лоиқ донист, чун ҳар ду се борӣ пайидарҳам аз озмун берун буданд ва аз ҳамаи холҳояшон маҳрум шуда, аз озмун хориҷ шуданд.

Афандиву Мирсаид низ дар ин давр бо мо набуданд, Тинҳо бошад дуввум бор пайидарҳам “Футболдон”-ро игнор кард.

ДАВРИ НӮҲУМ

Мавсими сенсатсия ва камҳосилӣ

Мунтахабҳои аврупоӣ, сар карда аз Испания, дар ин давр футболдонҳоро хеле “подводит” карданд. Ҳатто ғолиби даври гузашта Бобоши бечора танҳо аз Аргентинаву Мексика як холӣ гирифта тавонисту, дар ҷойи охирин баҳузур нишаст.

Ҷойи аввалро дар ин давр бошад, барои аввалин бор дар мавсими имсолаи “Футболдон” Саиди Регарӣ соҳиб шуд. Аввалин пирӯзӣ дар яке аз даврҳо ба Саид ҳамчунин шонси дигар низ дод, наздикӣ ба пешсафии умумӣ. То ба Ману танҳо як қадами дигар монда буд.

“С корабля на бал”

Қариб буд, Саиди Регарӣ ҳамин бор низ ҷойи аввалро соҳиб нашавад, зеро бозигари нави озмун – Хуршед М хеле ҳам ба ин мақсад наздик буд. Баробар бо Хуршед М ба “Футболдон” ҳамчунин Фаридун низ пайваст, ки ҳардуяшонро хуш омадед мегӯем. Ин ибора ба Муҳаммадб Алӣ низ рабт мегирад, вале гумон аст, ки ӯ аз хуш омадед-и мо хушҳол шавад. Зеро, Муҳаммад Алӣ, ки ҳама холҳояшро аз даст дода буд, маҷбур аст, ки “зиндаги”-ро аз нав оғоз кунад.

“Черний список”-и “Футболдон

Ҳамин “зиндаги”-ро аз нав дар оянда Тинҳо низ оғоз хоҳад кард, агар баргардад, зеро ӯ барои саввумин бор пайидарҳам “Футболдонро” дар рӯйхати дӯстонаш дар “черний список” даровард, ва дар иваз мо низ ӯро дар “черний список” ворид карда, аз озмун хориҷ кардем ва ҳама холҳояшро аз ӯ бардоштем.

Дар ҳамин феҳрасти сияҳ исми Афандӣ низ ҳаст, ки дуввумин бор пайидарҳам дар озмун иштирок накард, Мирсаид бошад, чун баргашт, аз ин феҳраст unblock карда шуд.

ДАВРИ ДАҲУМ

Даври саид барои Саид

Саиди Регарӣ дар ин давр пешсафии 9-давраи Мануро ба охир расонид ва тоҷи лидериро бар сари худ гузошт. Ин чӣ гап а. Дар ҳама ҷо, фақат Регар лидер, Регар лидер. Саиди Регарӣ дар ин давр низ пайидарҳам ғолиб омада, шумори рақамҳои худро дар бахҳи “Ғолиби даврҳо” то ба ду расонид ва дар он ҷо низ ба Ману наздик шуд.

Ҳамин гуна, чунин ҳол ба вуҷуд омад, ки ин даври Ҷоми Ҷаҳон ҳамроҳ бо чунин сенсатсияҳое чун бохти Олмон аз Сербистону мусовии Инглистон бо арабҳои африқоии Алҷазоир ва мусовии Итолиё бо заифтарин мунтахаби сабқати 2010 аз Зеландияи Кӯҳна, опс, Нав, як сенсатсияи дигар дар “Футболдон” низ ба вуҷуд овард. Пешсафии Ману аз даст рафт ва маълум шуд, ки ӯ он қадар футболдони заъфнопазир ҳам набудааст.

Афандӣ харашро гум кард

Вале заъфнопазир хотираи Афандӣ будааст, ки саввум бор пайидарҳам иштирок дар озмунро фаромӯш кард ва аз ҳамаи холҳояш маҳрум шуд.

Агар Афандӣ дар ин давр иштирок мекард, шояд Фолловер ҷойи охиринро намегирифт, вот не повезло а. Вале мояи хушбахтӣ ҳам ҳаст, ҳамсояи ман дар ин давр ДиловарТҶ буд, яке аз лидерон! Лидерони дигар, ба мисли Мақсудҷону Диловар низ аз ман он қадар дур набуданд. Ин сустии онҳо ба Ману ва Саиди Регарӣ имкон дод, ки Челсӣ ва Манчестер Юнайтед шаванд. Дилшод Урунов бошад, дар нақли Арсенал бозӣ дорад.

ДАВРИ ЁЗДАҲУМ

Ману “back-up” кард

Ва чӣ бэк-апе! Ин истилоҳ феълан дар забони амрикоиҳо хеле зиёд шунида мешавад, махсусан пас аз бозиҳои мунтахаби ин кишвар бо Словения, ки ду голро “отиграт” намуд ва пас аз бозии имрӯзааш бо Алҷазоир, ки дар дақиқаи охирин Донован парчами кишварашро ба пораи айсберги шиновари ҳаштниҳоӣ зад. Яъне, вақте чизеро, ки аз даст рафта истодааст, ба даст меорӣ.

Ману ҳам ба мисли кишвари соккербоз якуякбора дар ду бозӣ ин истилоҳро ба кор бурд. Ҳам дар натиҷаҳои маҷмӯъии ҳамаи даврҳо пешсафии худро аз дасти Саиди Регарӣ зада гирифт ва ҳам дар натиҷаи як давр рекорди худро аз дасти Диловар кашида гирифт. Акнун, дар ҳама бахшҳо ранги кабуд болои номи Ману меистад. Well done, Мануҷон!

Марги интрига?

Аммо оё акнун метавон гуфт, ки дар “Футболдон” интрига мурд? Вафот кард? Аз дунё даргузашт? Умер? Не думаю…

Ҳамон гунае, ки имрӯз Олмону Инглистон (вақте ман ин сатрҳоро менависам ҳанӯзам дар ҷойи ман 23-юми июн аст, бегоҳ аст, вале дар Душанбе аллакай 24-ум шудааст ва “Футболи Тоҷикистон” низ бо таърихи Душанбе кор мекунад), хуб, Олмону Инглистон интригаро эҳё карданд, интрига дар “Футболдон”-ро Мақсудҷон ҳам нигоҳ дошт. Ӯ ин навбат холи бисёртар гирифта, боз ба ҷойи саввуми худаш баргашт. Дилшод Урунов ҳам дар ҳамин наздикиҳо ҳушёрак гаштааст.

“Дезертир” Фаридун

Вале ин бор Фаридун аз мо “гурехт”. Шояд худашро дар ҷойи охирин дид, барои ҳамин? Беҳуда, зеро агар намегурехт, дар ҷойи охирин на ӯ, балки як дезертири дигар бо номи ВС мебуд, ки боз ба мо баргашт, вале чун холҳояшро аз даст дода буд, аз сифр акнун оғоз мекунад.

Вале Ману ва Саиди Регарӣ бошанд, аввалин шуда, марзи сад холро убур карданд. Брависсимо!

 

ҲАМЧУНИН БИХОНЕД:

СЕ ИСТГОҲИ АВВАЛИ “ФУТБОЛДОН”

АФАНДӢ РЕКОРДРО ТАКРОР КАРД

ДИЛИ рекордОВАР

Advertisements