Конфедеросюни футболи Осиё, аблаҳҳои сейлониву банғолаӣ, Федеросюни футболи Тоҷикистонро панҷ ҳазор доллар (!) ҷарима кардаанд! Бечора, ФФТ!

Сабабаи ҷарима низ, ба навиштаи хабаргузории “Варзиш-Спорт”, он будааст, ки дар ҳайъати мунтахаби футЗАЛи Тоҷикистон дар Ҷоми тозатарини Осиё, ки дар Тошкант доир шуда буд, масъули расонаӣ вуҷуд надоштааст. Ҳм, пас, шояд хуб карданд?

О, чӣ мешуд, агар як журналистро ба Тошкант тамошо баред а? Бо мошин меравед ку, пули бисёр сарф намешуд..

Воқеан, ФФТ аз ин қарори КФО розӣ набуда, аз болои ин қарор шикоят бурдааст. Браво, ҳимояи ҳуқуқро бояд ёд бигирем! Як масъули ФФТ ба “ВС” гуфтааст, иштироки Тоҷикистон дар сабқати Тошкант қариб панҷ ҳазор доллар масрафот дар пай доштааст.

Воқеан, журналистро агарм ебурданд шҳам, ӯ чӣ кор мекард? Хабари шикаст аз Эрон бо ҳисоби 2:19-ро мерасонид?

Умуман, чӣ лозим ба мо ҳамин футзал а? Футзалбоз ҳам надорем, ҳамон футболбозҳоро пероҳани дигар пӯшонида, фақат мефиристем…Ана, боз ин панҷ ҳазор…

Advertisements