“Локомотив-2” дар бозии навбатияш дар Дивизиони дуввуми Русия ба “Искра” бо ҳисоби 4:1 пирӯз омада, мавқеъи худро дар ҷадвали минтақаи Ғарб мустаҳкамтар кард. Ҳамин гуна, “Локо-2” аз “Искра” барои шикаст дар Ҷоми Русия интиқомашро ситонид.

Ду голи ин бозиро муҳоҷими тоҷики дастаи маскавӣ Манучеҳр Ҷалилов зад ва ҳамакнун шумори голҳои Ману ба чаҳор расид. Ба назар мерасад, эйфорияи голзании Манучеҳр Ҷалилов боз бедор шудааст.

Пас аз ин пирӯзӣ дастаи Манучеҳр Ҷалилов ҳанӯзам дар ҷойи саввум аст, вале аз ҷойи дуввум онро танҳо як хол ва аз ҷойи аввал танҳо се хол ҷудо мекунанд. Ҳол он ки “Локо-2” дар муқоиса бо дастаи ҷойи аввал – “Торпедо-ЗИЛ”-и Маскав ду бозӣ камтар доир кардааст.

Advertisements