Барои аввалин бор исми Наимро дар торнамои расмии дастаи нави австриягияш дидам. Дар бораи он ки Наим Шарифӣ ба Австрия рафтааст, аллакай гуфта будем, ва ҳамакнун ин дастааш, ки ба сабқати қаҳрамонии нави Австрия омодагӣ мебинад, тамринот доир мекунад.

Дар яке аз чунин тамринот “Суперфунд”-и Капфенгер бар “Хазар-Ланкоран”-и озарӣ бо ҳисоби 6:2 пирӯз омадааст. Наим ба ин бозӣ дар қисми дуввум ҳамроҳ шудааст, замоне, ки ҳисоб аллакай 5:1 будааст.

Хуб, дар торнамои расмии ин даста, ки лақабаш “Уқобон” (Die Falken ба олмонӣ, ба фикрам уқоб, боз намедонам) боз омадааст, ки сармураббии он Вернер Грегоритч аз Наим хушҳол ва розӣ мебошад.

Хуб, рақиби баъдии “Суперфунд” рӯзи ҷумъа, 25-уми июн, дастае бо номи Аусваҳл будааст, дастаи маҳаллӣ аст ба фикрам.

Хуб, дониши олмонии ман дар сатҳи zero аст, аз ин рӯ, ҳарфи бисёре дар бораи Наим гуфта наметавонам. Аз ҷумла, як аксро чоп мекунам, вале намедонам, ки оё он нафари дуввум Наим аст ё ман иштибоҳ кардаам…

Advertisements