Бист голу бист холи «Хайр»


«Хайр» 3:2 ССКА «Помир»

Тавре, Вахшклуб дар торнигори худ хабар медиҳад, дар бозии нахустини даври 13-уми Лигаи Олии Тоҷикистон, ки рӯзи 26-уми июн баргузор шуд, дастаи «Хайр» дар майдони худ бо мушкилӣ ба ССКА «Помир» пирӯз омад.

Аллакай дар даҳ дақиқаи аввал мизбонон ду бор варзишгоҳи худро ба дод оварданд ва ду гол заданд. Олим Зарифов дар дақиқаи 10-ум ва Обид Исмоилов дар дақиқаи 12-ум мухлисони маҳаллиро хушҳол карданд.

Вале ҳанӯз нидоҳои хурсандиро ваҳдатиён фурӯ накашида, Рӯзи Ваҳдатро душанбегиҳо ба мусолиҳа табдил доданд. Ҷонибек Ғаффоров дар дақиқаи 19-ум нишон дод, ки аз бародараш Шодибек камтар моҳир нест. Дар дақиқаи 29-ум Далер Раҷабов ҳисобро ду бар ду кард ва ба мухлисони варзишгоҳи Ваҳдат гуфт, хомӯш бошанд.

Вале ба ҳар ҳол, ба Ваҳдат дар Рӯзи Ваҳдат ғалаба лозим буд, ҳамон гунае, ки ба ҳукумат, лол.

Мирзобек Мирзоев дар дақиқаи 32-юм голи пирӯзиоварро зад.

Дастаҳо дар ним соати аввал панҷ гол заданду, сипас, дар як соати дигар истироҳат карданд. Се бар ду, ва «Хайр» мавқеи худро дар ҷойи чаҳорум бетонӣ мекунад.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа то 27-уми июн

Ҷой  Дастаҳо Б П М Ш Т/T Х
1. «Регар»ТадАЗ 10 9 1 0 35-4 28
2.  «Истиқлол» (Душанбе) 11 7 4 0 24-6 25
3. «Вахш» (Қӯрғонтеппа) 11 6 3 2 14-9 21
4. «Хайр» (Ваҳдат) 12 6 2 4 20-17 20
5. «Энергетик» (Душанбе) 11 4 2 5 14-16 14
6. ССКА«Помир» (Душанбе) 11 2 4 5 11-19 10
7. «Парвоз» (Б.Ғафуров) 11 2 2 7 13-22 8
8. «Хуҷанд» (Хуҷанд) 10 1 4 5 12-21 7
9. «Равшан» (Кӯлоб) 11 0 2 9 6-34 2

Ду бозии даври 13-ум ба рӯзҳои дигар мавқуф гузошта шудаанд, чун Шариф Назаров он ҳама бозигаронро ба Чин бурдааст. Аммо на ҳамаро. Масалан, аз «Истиқлол»-ро набурдааст ва «Истиқлол» имрӯз, 27-уми июн, дар Варзишгоҳи марказӣ «Вахш»-ро пазироӣ хоҳад кард.

Вале дар тоблу аввал исми «Вахш» хоҳад омад, чун расман мизбони бозӣ «Вахш» аст. Чун, ба иддаи ҷониби дастаи қаҳрамон, онҳо феълан бо мушкили пулӣ мувоҷеҳ шудаанд ва наметавонанд як таксиро киро кунанд, то доваронро ба Қурғонтеппа бибаранд, онҳо хоҳиш кардаанд, ки бозӣ дар Душанбе гузарад. Қаблан, чунин корро танҳо «Равшан» анҷом медод.

Ин танҳо мушкилии «Вахш» нест, балки, бино бар хабари торнигори расмии ин даста, қаҳрамон дар бозӣ бо дастаи нерӯманди пойтахт аз муҳоҷими нерӯманди худ Нӯъмон Ҳакимов маҳрум хоҳад буд. Нӯъмон ҳам дар як ҳавопаймо бо Шариф Назаров дар Чин «ни ҳао» гуфта гаштааст.

Аз ин рӯ, имрӯз, Юсуф Рабиев шонс дорад, дар садри голзанҳои мавсими имсолаи TJ-League қарор бигирад. Феълан, ӯ ин унвонро бо Давронҷон Тухтасунови турсунзодагӣ тақсим мекунад.

Advertisements

One thought on “Бист голу бист холи «Хайр»

  1. «Вахш» – «Истиклол» – 2:3
    Голы: Рустам Усманов, 42, Рустам Ходжаев, 57 – Фирдавс Курбонов, 22, Юсуф Рабиев, 28, 71 .

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s