Юсуф Рабиев аввал аст


Манбаъи натиҷаи ин бозӣ – Вахшклуб ва Диловар

«Вахш» – «Истиқлол» – 2:3
Голҳо: Рустам Усмонов 42, Рустам Хоҷаев 57 – Фирдавс Қурбонов 22, Юсуф Рабиев 28, 71

Даври 13-ум бо як бозии дигар миёни дастаҳои «Вахш» ва «Истиқлол» дар … шаҳри Душанбе идома кард.

Ҳарчанд, расман мизбони ин бозӣ «Вахш» буд, вале бино бар мушкили молӣ раҳбарияти ин даста хоҳиш кардааст, то бозӣ дар шаҳри Душанбе сурат бигирад. Хоҳише, ки ба осонӣ пазируфта шуд, чун аллакай ин қариб маънои се хол барои «Истиқлол»-ро дошт.

«Истиқлол» ҳам боварҳои мухлисони худро бароварда кард. Аллакай дар ним соати аввал душанбегиҳо ду бор дарвозабони қаҳрамонро маҷбур карданд, то тӯбро аз тӯраш бигирад. Вале, ба танаффус дастаҳо ба ҳар ҳол бо ҳисоби дигар рафтанд. Таҷрибаи бозигари моҳир ва пуртаҷриба, қаҳрамони Мянмар – Рустам Усмонов кор дод.

Дар оғози қисми дуввум бошад, меҳмонон-мизбонон кореро карданд, ки касе интизорашро ҳам надошт. Онҳо ҳисобро баробар карданд! Рустам Хоҷаев дар чеҳраи Аслиддин Ҳабибуллоев табассум давонид.

Вале оё дар Душанбе аз «Истиқлол» холе бурдан имконпазир аст? Юсуф Рабиев хотири сармураббии ояндаи худ – Алиҷон Рафиқовро шод кард. Алимҷон Рафиқов ҳатман аз ин бозӣ бояд таассуроти хубе бардошта бошад, ҳамчуноне, ки пас аз эълони исмаш дар варзишгоҳ ва кафкӯбиҳо ба хотираш хушҳол шудагист. Ҳарчанд, мутаассифона, шояд дар варзишгоҳ асосан насли ҷавон буданд, ки куҷо Алиҷон Рафиқов, ҳатто «Помир»-ро намедонанд!

Ба ҳар навъ, «Истиқлол» дар охирин бозии нимсолаи аввали Лигаи Олӣ пирӯз гардид, Юсуф Рабиев дар феҳрасти голзанҳо бо 12 гол дар ҷойи аввал ҷойгир шуд. Ҳамакнун, Даврон аз ӯ ду гол камтар аст, вале дастаи Даврон ҳам ду бозӣ камтар анҷом додааст.

Даврон Тухтасунов рӯзи 7-уми июл дар бозии мавқуфмондаи ҳамин даври 13-ум шонс хоҳад дошт, то шумори голҳояшро бештар бикнуад, вале қабл аз он бозӣ дар Тоҷикистон боз як дарви дигар – даври 14-ум низ баргузор хоҳад шуд.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа то 4-уми июл

Ҷой  Дастаҳо Б П М Ш Т/T Х
1. «Регар»ТадАЗ 10 9 1 0 35-4 28
2.  «Истиқлол» (Душанбе) 12 8 4 0 278 28
3. «Вахш» (Қӯрғонтеппа) 12 6 3 3 1612 21
4. «Хайр» (Ваҳдат) 12 6 2 4 20-17 20
5. «Энергетик» (Душанбе) 11 4 2 5 14-16 14
6. ССКА«Помир» (Душанбе) 11 2 4 5 11-19 10
7. «Парвоз» (Б.Ғафуров) 11 2 2 7 13-22 8
8. «Хуҷанд» (Хуҷанд) 10 1 4 5 12-21 7
9. «Равшан» (Кӯлоб) 11 0 2 9 6-34 2

Даври 14-ум
4-уми июл (якшанбе)
ССКА «Помир» – «Вахш»
«Равшан» – «Хайр»
«Энергетик» – «Хуҷанд»

Бозии мавқуфмондаи даври 13-ум
7-уми июл (чоршанбе)
«Регар» ТадАЗ – «Энергетик»

Advertisements

One thought on “Юсуф Рабиев аввал аст

  1. Новым главным тренером “Истиклола”, как и ожидалось, стал Алимжон Рафиков. Контракт с новым наставником будет подписан до конца сезона-2010.

    Рафиков подпишет с борющимся за чемпионство в чемпионате республики “Истиклолом” контракт до конца сезона с возможностью его продления. Сторонам осталось уладить лишь некоторые формальности. Это подтвердил президент столичного клуба Шохрух Саидов.

    Дебют 48-летнего специалиста на посту наставника “Истиклола” состоится в следующий уик-энд, в гостевом матче 15-го тура чемпионата Таджикистана против “Худжанда”. За предстоящим товарищеским поединком против немецкого клуба “Хессен-Кассель”, который состоится в субботу, 3 июля, Рафиков, скорее всего, будет наблюдать с трибуны.

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s