“Футболи Тоҷикистон” даври 14-уми озмуни «Футболдон»-ро оғоз мекунад. Ин озмун бар асоси пешгӯии натиҷаи бозиҳо баргузор мешавад.

Тариқаи баргузории озмун:

Озмун ба ин тариқа сурат хоҳад гирифт:

Ҳар сари чанд муддат «ФТ» феҳраси 10 бозиро барои пешгӯии хонандагон нашр мекунад. Онҳое, ки мехоҳанд дар озмун иштирок намоянд, бояд аз рӯйи ин феҳрас бигӯянд, ки дар фалон бозӣ ҳисоби бозӣ чанд мешавад…

Бозиҳо:

Барои озмун асосан бозиҳои байнулмилалӣ ба инобат гирифта мешаванд. Асосан, ба бозиҳои Ҷоми ҷаҳон, сабқатҳои қаҳрамонии қораҳои мухталиф ва қабл аз ҳама Аврупо ва Осиё, сабқатҳои дастаии ин ду қора такя хоҳад шуд. Бозиҳои сабқатҳои қаҳрамонии дохилӣ танҳо дар ҳолоти ночорӣ (барои як давр кофӣ набудани шумори бозиҳои байнулмилалӣ) ва ё зарурӣ (бозиҳои муҳим, дерби) ба озмун роҳ дода хоҳанд шуд.

Тақсими холҳо:

Холҳо ин гуна тақсим хоҳанд шуд:

  • Барои дарёфти ғолиби бозӣ – як хол
  • Барои дарёфти таносӯби голҳо ва барои дарёфти мусовӣ – ду хол
  • Барои дарёфти ҳисоби дақиқи бозӣ – чаҳор хол

Қабули ҷавобҳо:

Ҷавобҳо танҳо дар бахши “коммент”-и ҳамин матлаб қабул хоҳанд шуд. Танҳо он пешгӯиҳо ба инобат гирифта хоҳад шуд, ки то оғози бозиҳои дар феҳрас овардашуда ирсол шуда бошанд. Натиҷа ва шумориши ҳар давр низ танҳо дар бахши «коммент»-и ҳамон давр қабул мешавад.

Шартҳо:

Тағйири назар иҷоза дода намешавад. Зери мафҳуми «Натиҷаи бозӣ» вақти асосӣ дохил мешавад. Ҳар иштирокчие, ки се давр пайиҳам бесабаб иштирок накунад, ҳамаи холҳои худро аз даст медиҳад.

Ғолибон:

Озмун то охири соли 2010 идома хоҳад кард ва бино бар натоиҷи он нафари беҳтарин дар се бахш: «Бештарин холи тамоми даврҳо», «Бештарин холи як давр» ва «Ғолиби аксари даврҳо» бо ҷоизаҳо сарфароз гардонида хоҳанд шуд. Ҳамчунин, аксҳо ва мусоҳибаи ғолибони озмун дар «Футболи Тоҷикистон» нашр хоҳад шуд.

Агар ду ва ё зиёда довталаб холи якгуна бигиранд, дар он сурат шумораи холҳое, ки аз дарёфти «ҳисоби дақиқи бозӣ» ба даст омадааст, ба инобат гирифта мешавад. Агар дар бахши «Ғолиби аксари даврҳо» шумори ғолибон бештар аз як нафар бошад, пас ҳамоне беҳтарин дониста мешавад, ки дар ҷадвали умумӣ холҳои бештарро ба даст овардааст. Агар холҳои ҷадвали умумӣ низ баробар бошанд, пас ҳамоне ғолиб дониста мешавад, ки дар даврҳои ғолибомадааш холҳои бештарро ба даст оварда бошад.

Даври 14-уми озмуни «Футболдон»:  2-юми июл11-уми июл

Марҳилаи чаҳорниҳоии Ҷоми Ҷаҳон:

  • 02.07.2010: Уругвай – Гана
  • 02.07.2010: Ҳолланд – Бразилия
  • 03.07.2010: Аргентина – Олмон
  • 03.07.2010: Парагвай – Испания 

Марҳилаи нимниҳоии Ҷоми Ҷаҳон:

  • 06.07.2010:  Уругвай – Ҳолланд
  • 07.07.2010: Олмон – Испания 

Бозӣ барои ҷойи саввуми Ҷоми Ҷаҳон:

  • 10.07.2010: Уругвай – Олмон 

Бозии ниҳоии Ҷоми Ҷаҳон:

  • 11.07.2010:  Ҳолланд – Испания

Премйер-Лигаи Русия:

  • 09.07.2010: “Анжи” – “Локомотив” (Маскав)
  • 09.07.2010: “Алания” – “Зенит”

Бубинем, кӣ футболро беҳтар медонад, дӯстон?

ПС: «Футболи Тоҷикистон» ҳаққи тағйири шартҳои озмунро барои худ ҳифз мекунад. Назарҳо дар мавриди беҳтар кардани озмун низ ба инобат гирифта хоҳанд шуд.