Мусоҳибаи Ганҷина Собирова. Бознашр аз “Гол”

Чуноне мухлисони футбол хабар доранд, дастаи «Истиқлол» баъди ду мусовӣ аз сармураббӣ Салоҳиддин Ғафуров ҷудо шуд. Ин дар ҳолест, ки рўзи 3-юми июл даста дар Варзишгоҳи марказӣ бо дастаи немисии «Хассен Кассел» вохўрии рафиқона дорад. Барои маълум кардани номи сармураббии даста, омодагии «Истиқлол» ба бозии рафиқона, нақшаву ниятҳои роҳбарияту футболбозони он хабарнигори мо Ганҷина Собирова бо президенти клуби «Истиқлол» Шоҳрух Саидов сўҳбате дошт, ки фишурдаи онро пешкаши хонандагон мегардонем.

“Тӯрақуловро даъват карданӣ набудем…”

– Ба наздикӣ сармураббии дастаи «Истиқлол» Олимҷон Рафиқов таъин гашт, мехостам фаҳмам, ки бо ў аллакай шартнома баста шуд?
– Бале, шартнома баста шуд ва ў сармураббии дастаи «Истиқлол» таъин гардид.
– Чаро маҳз ҳамин мутахассисро даъват кардед? Пештар ҳам ўро мешинохтед?
– Шахсан бо ў шинос набудам. Бо маслиҳати дўстон, ки ўро мешиносанду аз кору фаъолияташ хабар доранд, роҳбарияти даста чунин тасмим гирифт.
– Дигар номзадҳо набуданд. Овоза шуд, ки сармураббии «Хуҷанд» Ўроз Тўрақулов сармураббии дастаи «Истиқлол» мешавад?
– Бале, дигар вариантҳои даъвати мутахассисон буданд. Аз ҷумла, мехостем як нафар бразилиягиро даъват намоем, вале барои ў маблағи зиёд сарф мешуд. Ва шояд мо баъд дар ин маврид азоб мекашидем. Роҳбарият тасмим гирифт, ки бояд мутахассиси тоҷикро, ки берун аз кишвар фаъолият дорад, даъват намояд, зеро чунин нафарон аз шароити Тоҷикистон ба хубӣ бохабаранд. Ва аз оне, ки берун аз кишвар фаъолият дорад, шояд дар футболи мо навигарӣ ҷорӣ намояд. Агар аҳамият дода бошед, чемпионати Тоҷикистон якранг мегузарад. Ҳатто машқҳои даста якранганд, ки фикр мекунам барои бозигарон ин дилгиркунанда хоҳад буд. Дар рўйхати даъватиҳо ҳамчунин мутахассиси варзида Владимир Ғуломҳайдаров, ки ҳоло дар Қазоқистон зиндагӣ мекунад, низ буд. Баъди маслиҳатҳои зиёд тасмим гирифтем, маҳз Олимҷон Рафиқовро ба даста даъват намоем. Рафиқов дар дастаҳои Лигаи олӣ зиёд бозӣ кардааст ва собиқаи кории хуб низ дорад. Дар бораи Турақулов гуфтаниям, ки шахсан ба ман ин сармураббӣ маъқул аст, вале нақшаи даъвати ўро надоштем. Тавре дар боло гуфтам, нақшаи роҳбарият даъвати мутахассис берун аз кишвар буд.

Ғафуров чӣ гуноҳ дошт? 

– Дар як сўҳбат ба саволи «кори сармураббӣ шуморо қаноатманд мекунад», дар ҷавоб гуфтед, ки «дар шароити имрўзаи Тоҷикистон аз онҳо зиёдтар талаб кардан мумкин нест, аммо баъди ду мусовӣ бо КМВА «Помир» ва дастаи «Равшан» сармураббӣ Салоҳиддин Ғафуров аз кор озод карда шуд. Инро чӣ гуна шарҳ медиҳед?
– Дуруст, аммо роҳбарияти клуб кўшиш мекунад дастаро бо тамоми шароитҳо муҳайё созад, то натиҷаҳои хуб ба даст оянд. Вале баъзан мураббиёну бозигарон ба ин хунукназарӣ мекунанд. Пеш аз ин мусовиҳое, ки гуфтед, дастаи мо дар сафар бо тими «РегарТадАЗ» низ мусовӣ карда буд, ки барои мо дар сафар аз чунин даста хол гирифтан, натиҷаи бад набуд. Баъд аз ин дар майдони худ бо қаҳрамони кишвар низ мусовӣ шуда буд. Вале ҳангоме, ки бо дастаи заифтарини чемпионат «Равшан» дар майдони худ ҳисоб дуранг шуд, дар ҳоле, ки се рўз пеш онҳоро бо ҳисоби 5:0 ғалаба карда будем, роҳбарият хомўш будан наметавонист.
– Чаро, ҳангоме ки даста ғалаба мекунад, ғалабаи даста мегўянд, вале вақте мағлуб мешавад, танҳо гуноҳро ба сари сармураббӣ бор мекунанд?
– На танҳо дар мо, дар тамоми ҷаҳон чунин аст, ки дар сурати натиҷаи хуб надодани даста сармураббӣ аз кор озод карда мешавад, зеро сармураббӣ роҳбар аст ва маҳз аз ў бисёр чиз вобаста аст.

“Мо витамин мехӯрем” 

– Имсол танҳо дастаи «РегарТадАЗ» ошкор гуфт, ки барои қаҳрамонӣ мубориза мебарад. Дастаи «Истиқлол»-ро низ яке аз даъвогари асосӣ медонанд. Вале касе аз намояндаҳои дастаи шумо инро расман намегўянд. Даста дар чемпионати имсола чӣ нақша дорад ва оё натиҷаи имрўзаи даста Шуморо қаноатманд мекунад?
– Натиҷаи имрўзаи ба даст овардаи даста роҳбариятро қаноатманд намекунад. Мақсади мо қаҳрамони Тоҷикистон шудан аст. Чунки барои ин тамоми шароитҳоро дорем ва бозигарони дастаи мо аз дигарон кам нестанд. Дар Тоҷикистон дастаҳо қариб, ки витамин намехўранд, барои дастаи мо ҳар ҳафта бардавом витаминҳо муҳайё мебошанд. Тамоми шароитҳоро муҳайё бошаду даста натиҷаи хуб надиҳад, албатта ин ба роҳбарият сахт мерасад.
– Тайёрӣ ба бозии рафиқона бо олмониҳо чӣ гуна аст ва аз фурўши чиптаҳо хабар доред?
– Барои дар сатҳи хуб гузаронидани ин бозӣ тайёрии хуб дида истодаем. Кўшиш мекунем барои мухлисон футболи хуб нишон диҳем. Меҳмонони мо дирўз бо рейси Франкфурт ба Душанбе омаданд. Онҳо дар меҳмонхонаи Hayat ҷо мешаванд. Дар хусуси чиптаҳо хабар дорам, ки ба фурўш рафта истодааст, вале кам.
– Сабаби кам харидани чиптаҳоро дар чӣ мебинед?
– Сабаб танҳо дур шудани мухлисон аз футбол аст. Бинед, ки мардум танҳо ба хотири тамошои футбол аз Англия то ба Африқо сафар карда, чӣ қадар вақту маблағ сарф мекунанд. Дар мо бошад, ҳама чиз дар хонаи худамон ҳаст, вале мухлисон кам ба бозиҳо меоянд. Ҳамчунин пеш аз оғози бозӣ бо олмониҳо барои мухлисон бо иштироки сарояндаҳои эстрадаи тоҷик консерт пешниҳод мешавад. Дар ин бозӣ лоторея ташкил кардем, ки бурди он мошини сабукрав мебошад. Баъзеҳо бар он назаранд, ки лоторея ташкил кардаамон найрангбозӣ хоҳад буд, аммо чунин нест. Мо барои як мошин обурўи дастаро резонданӣ нестем. Ҳама чиз дар назди мардум ба таври соф хоҳад гузашт.
– Агар хато накунам, нақша доштед, дастаи ҷавонони «Рубин»-ро низ ба бозии рафиқона даъват кунед, оё ҷавобе гирифтед?
– Бале, ҷавоб аз тарафи роҳбарияти дастаи «Рубин» омад ва онҳо ба даъвати мо розӣ шуданд. Онҳо мехостанд, ҳамин моҳ бозиро гузаронем, вале чун аллакай омадани олмониҳо аниқ буд, дар як моҳ қабули ду меҳмон ба мо камтар душвор мешуд. Барои ҳамин омадани онҳоро муваққатан мавқуф гузоштем. 

«Агар танҳо «Истиқлол» мебуд….»

– Чун дар боло сухан дар бораи мухлис рафт, мехостам фаҳмам, ки чаро новобаста ба он, ки пеш аз ҳар вохўрӣ бозиҳои дастаи «Истиқлол»-ро дар шабакаҳои ТВ реклама мекунанд, вале шумораи мухлисони даста хеле кам аст?
– Имрўз дар пойтахт се даста «Истиқлол», «Энергетик» ва КМВА «Помир» бозӣ мекунад. Барои ҳамин мухлисон, ки дар пойтахт начандон зиёданд, ба гурўҳҳо тақсим мешаванд. Мухлисони дастаҳои ноҳияву берун аз шаҳр зиёданд, зеро онҳо ташнаи футболанд. Масалан, агар дар пойтахт як дастаи «Истиқлол» мебуд, шояд мухлисонаш зиёд мебуданд.
– Барои рекламаҳое, ки дар шабакаҳои ТВ мекунанд, оё даста маблағ медиҳад?
– Бале.
– Пас барои намоиши бозиҳои дастаи «Истиқлол» шабакаҳои ТВ маблағ медиҳанд?
– Не. ТВ моро реклама мекунад ва барои ин маблағи зиёд намегирад, ба монанди оне, ки ширкати ягон собунро релама кунад. Барои ҳамин барои намоиши бозиҳои худ мо маблағ талаб ҳам намекунем. Намоиш додани бозиҳо дар шабакаҳои телевизионӣ барои худи мо хуб аст.
– Варзишгоҳи Марказӣ аз они худи даста аст, ё онро иҷора мегиред?
– Майдони даста «Автомобилист» мебошад. Ҳоло дар ин майдон на ҳамаи шароитҳо муҳайё ҳаст, аз ин рў дар Варзишгоҳи Марказӣ дар асосӣ гирифтани иҷора фаъолият дорем. Нақша дорем, то тамоми шароитҳоро, аз ҷумла нишастгоҳҳо барои 5-6 ҳазор нафар созем. Бояд инро пештар мекардем, аммо бўҳрони иқтисодӣ иҷозат надод.
– Рост аст, ки дастаи «Истиқлол» майдони сеюми Варзишгоҳи Марказиро аз худ мекунад?
– Не, ин гап ягон асос надорад.
– Дастаи «Истиқлол»-ро ширкати «Li Ning» сарпарастӣ мекунад, дигар дастаҳо бояд чӣ кор кунанд, то бо чунин ширкатҳо шартнома банданд?
– Чунин ширкатҳо аслан бо дастаҳое шартнома мебанданд, ки мухлис зиёд доранд ва дар ҷое, ки сатҳи футбол пеш рафта аст. Дастаи «Истиқлол»-ро барои он сарпарастӣ мекунанд, ки дар ин ширкат дўстони ман кор мекунанд. Ин ширкат дар як сол се маротиба бепул дастаро бо либос таъмин мекунад. Даста бошад, бар ивази ин бо овезаҳои дар кўча овехта шуда, реклама мекунад. Баъдан чунин ширкатҳо, агар лозим бошад, худашон муштариёнашонро ҷустуҷў мекунанд. Аз сабабе, ки сатҳи футбол дар мо паст аст, дастаҳо наметавонанд, бо чунин ширкатҳо шартнома банданд.
– Сабаби паст будани сатҳи футболро дар кишвар, дар чӣ мебинед?
– Аввалан муттасадиёни соҳа кор намекунанд. Дуюм мухлисони футбол хеле каманд ва ҳавасмандӣ ба ин соҳа нест. Сарватмандону дорандаҳо ба ин намуди варзиш начандон аҳамият медиҳанд. Маҳз бояд чунин нафарон ба футбол аҳамият диҳанд, то он пеш равад. 

«Сарпараст Рустами Эмомалист»

– Шумо аниқ гуфта метавонед, сарпарасти дастаи «Истиқлол» кӣ аст? Зеро мо хабар дорем сарпарастони ҳашт дастаи дигари лигаи олӣ киҳоянд.
– Сарпарасти клуби «Истиқлол» Рустами Эмомалӣ мебошад. Метавон гуфт, ки 80%-и онро Рустам ба ўҳда гирифтааст ва 20%-и он бар дўши ман аст.
– Вақтҳои охир Рустамӣ Эмомалӣ қариб, ки дар ҳайати асосӣ бозӣ намекунад…
– Рустам дар дастаи дубл фаъолона бозӣ мекунад.
– Дар бозии рафиқона бо немисҳо Рустами Эмомалӣ бозӣ мекунад?
– Не.
– Медонам, ки дар чемпионати ҷаҳон мухлиси Португалия мебошед, аз мағлубияти даста зиқ шудед?
– Бале, хеле ғамгин шудам, ки ин даста дар бозии ҳаштякфинал мағлуб гашт. 

Advertisements