Сӯҳбати Нарзуллоҳи Латиф. Бознашр аз “Озодӣ”

Дар ҳоле ки дар Африқои Ҷанубӣ марҳалаи ниҳоии Ҷоми ҷаҳонии футбол-2010 ҷараён дорад, баъзе аз намояндагони кишварҳои ширкаткунандаи даври чаҳорякниҳоии сабқати ҷаҳонӣ дар айни ҳол дар мусобиқаи Лигаи олии футболи Тоҷикистон ширкат меварзанд. Чунончи, нимҳимоятгар Элайҷо Арийе, легионер аз кишвари Гана, дар дастаи «Вахш»-и Қӯрғонтеппа бозӣ мекунад.

Вай ба радиои Озодӣ гуфт: «Ман ба дастаи Гана мухлисӣ мекунам. Зеро ман дар он ҷо таваллуд шудаам. Падару модарам, ҳамаи аҳли оилаамон дар Гана ба сар мебаранд. Бозиҳоро тавассути телевизион тамошо мекунам. Ҳарчанд мухлиси Гана ҳастам, ба фикрам, тимҳои Ҳолланд ва Аргентина ба бозии ниҳоӣ роҳ меёбанд».

Воқеъан, Гана ягона тими африқоист, ки ба даври чаҳорякниҳоии Ҷоми ҷаҳонии футбол-2010 роҳ ёфтааст ва бо Уругвай рақобат мекунад. Ин бозӣ 2-юми июл соати 23.30 бо вақти Душанбе шурӯъ мешавад. Пеш аз ин бозӣ соати 19 дастаҳои Бразил ва Ҳолланд рақобат мекунанд.

ПС: Гана дар ин бозӣ аввалин шуда гол зад. Пас аз мусовӣ шудани ҳисоб ҳам шонс дошт, ки пирӯизро бибарад. Вале дар ҷараёни зарбаҳои 11-метра бахт аз бозигарони Гана рӯ гардонид.

Advertisements