Хуб, Конфедеросюни футболи Осиё дастаҳои саввумдараҷаи худро боз ба офтоби сӯзони Мянмар мефиристад.

Марҳилаи ниҳоии Ҷоми раиси КФО боз ҳам дар Мянмар баргузор мешавад. Ин кишвар барои нахустин бор ба чунин шараф сазовор дониста мешавад.

Сабаби чунин шараф ҳам он аст, ки қаҳрамони ин кишвар ҳаққи бозӣ дар марҳилаи ниҳоиро пайдо кардааст ва ҳам, дар баҳори соли ҷорӣ Мянмар дар сатҳи хуб аз ӯҳдаи мизбонии якуякбора ду гурӯҳи интихобӣ баромад. Дар яке аз ин гурӯҳҳо қаҳрамони Тоҷикистон ҳамаро титу пора карда буд.

Ҳамакнун, дар охири сентябр “Вахш” боз ба Мянмар меравад. Умедворем, ки бахти мо дар он ҷо ба мисли баҳор боз омад бикунад.

Бозиҳои нимниҳоии Ҷом дар рӯзи 24-уми сентябр доир мешавад. Сипас, рӯзи 26-уми сентябр ду дастаи беҳтарин барои ҶОм часпу талош хоҳанд кард.

Муддаиэни Ҷом дар соли 2010 бар иловаи “Вахш”, ҳамчунин, “Дордой” аз Қирғизистон, МТТУ аз Туркманистон ва “Яданарбон”-и маҳаллӣ мебошанд.

Кӣ дар нимниҳоӣ бо кӣ бозӣ мекунад, рӯзи 10-уми июн дар қуръакашие дар шаҳри Янгон маълум хоҳад шуд.

Advertisements