Сӯҳбати Нарзуллоҳи Латиф. Бознашр аз Озодӣ

Ҳикматулло Шамсиддинов, сардори дастаи «Вахш», иллати нокомии қаҳрамони футболи Тоҷикистонро дар се бозии охир ба радиои Озодӣ чунин шарҳ дод: «Вахш», ки ба даври ниманиҳоии Ҷоми раиси AFC (Конфедеросиюни футболи Осиё) роҳхат гирифтааст, дар айни ҳол бе серпараст мондааст ва бо мушкилоти зиёд, аз ҷумла мушкилоти молӣ рӯбарӯст. Аъзои даста чанд моҳи ахир на маош мегиранд ва на мукофотпулӣ. Муроҷиати чандинкаратаи мо ба раҳбарони вилояти Хатлон ва шаҳри Қӯрғонтеппа ҳеҷ гуна натиҷа надод. Дар як вилояти калони ҷумҳурӣ тоҷироне ёфт намешаванд, ки моро сарпарастӣ намоянд. Дастаи «Вахш», ки имсол ҷашни 50-солагӣ дорад, моҳи сентябр дар сабқати ниҳоии Ҷоми раиси Конфедеросиюни футболи Осиё шарафи Тоҷикистонро ҳимоя хоҳад кард, вале бо чунин аҳвол мо чӣ гуна ба ин мусобиқаи байналмилалӣ омодагӣ мебинем?! Маблағи сафари моро барои ширкат дар ин мусобиқа ба Мянмар кӣ пардохт мекунад? Агар дастаи «Вахш», ки ҳазорҳо мухлисон дорад, аз ҷониби масъулини соҳа ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва шаҳри Қӯрғонтеппа дастгирӣ наёбад, пас мо маҷбур мешавем, ки дастаро пароканда карда, футболбозонро ҷавоб диҳем».

Advertisements