Барқро дар Турсунзода қатъ карданд (Светкушӣ дар Турсунзода)


“Вахшклуб”

Бозии мавқуфмондаи даври 13-ум
«Регар» ТадАЗ – «Энергетик» – 4:1

Голҳо: Даврон Тухтасунов, Сафаралӣ Каримов аз пеналти, Ҷомихон Муҳиддинов, Комил Саидов – Шуҷоат Неъматов.

Дар рӯзи 7-уми июл дар яке аз бозиҳои мавқуфмондаи даври 13-ум пешсафи сабқати имсола ва муддаии аслии унвони қаҳрамонии имсола – “Регар” ТадАЗ дар “Металлург”-и худ мухлисонашро шод ва меҳмонони душанбегияшро ношод кард.

Қисми аввали бозӣ мусовӣ анҷом ёфт ва Даврон Тухтасунов ба як голи худ аз собиқ ҳамдастааш Шуҷоат Неъматов посух гирифт. Вале дар қисми дуввум мизбонон, ба истилоҳ, “светро куштанд”, барқро қатъ карданд, хомӯш карданд ва ба дарвозаи дастаи барқчиён се голи дигар заданд.

Нуктаи таъинкнуандаи тағйирот дар и нбозӣ зарбаи 11-метра буд, ки Сафаралӣ Каримов ба ҳадаф расонид ва дигар Ҷомихон Муҳиддинов баъдтар як мушти обдори дигар ба чеҳраи Алиёр Ашӯрмамадов зад ва Комил Саидов таппончаро ба пешонии рақиб гузошта, корро тамом кард.

Ин даҳумин пирӯзии Маҳмадҷон Ҳабибуллоев дар 11 бозияш дар Лигаи Олӣ-2010 буд. Якто кам, даста, 40 гол задааст ва ҳамагӣ панҷ гол сар додааст ва бо итминони пурра риштаи пешсафиро дар дасти худ нигоҳ медорад.

Ин ҳафта, ба ҳамин майдон дастаи дигар аз шаҳри Душанбе – ССКА “Помир” меояд ва чунин ба назар мерасад, ки он ҳам ба “Истиқлол” ҳеҷ ёрие надода, бо чаҳор гол ба дарвозааш бозгашта хоҳад рафт…

Ҳамакнун, танҳо як бозии дигар аз даври 13-ум боқӣ мондааст ва он ҳам миёни ду дастаи суғдист, ки ду ҳафта баъд баргузор хоҳад шуд.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа то 12-уми июл

Ҷой  Дастаҳо Б П М Ш Т/T Х
1. «Регар»ТадАЗ 11 10 1 0 395 31
2.  «Истиқлол» (Душанбе) 12 8 4 0 27-8 28
3. «Хайр» (Ваҳдат) 13 7 2 4 23-17 23
4. «Вахш» (Қӯрғонтеппа) 13 6 3 4 16-13 21
5. «Энергетик» (Душанбе) 13 4 3 6 16-21 15
6. ССКА«Помир» (Душанбе) 12 3 4 5 12-19 13
7. «Парвоз» (Б.Ғафуров) 11 2 2 7 13-22 8
8. «Хуҷанд» (Хуҷанд) 11 1 5 5 13-22 8
9. «Равшан» (Кӯлоб) 12 0 2 10 6-37 2

Голзанҳои беҳтарин: Юсуф Рабиев («Истиқлол») – 12 гол, Давронҷон Тухтасунов («Регар» ТадАЗ) – 11, Жаилтон Оливейра («Регар» ТадАЗ) ва Мирзобек Мирзоев («Хайр») – 8-голӣ.

Даври 15-ум
12-
уми июл (душанбе)
«Парвоз» – «Энергетик»
«Вахш» – «Равшан»
13-уми июл (сешанбе)
«Регар» ТадАЗ – ССКА «Помир»
«Хуҷанд» – «Истиқлол»

Advertisements

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s