Akmal Kholmatov left “Pakhtakor”

Акмал Холматов, собиқ муҳофизи номдори мунтахаби Тоҷикистон, ки чандин соли ахир дар “Пахтакор” бозӣ мекард, ҳамакнун, ба Про-Лигаи Эрон рафтааст.

Якуякбора чандин торнамоҳои футболии ронӣ хабар додаанд, ки Акмал Холматов дар мавсими тобистонаи даъватӣ пероҳани тошкантии худро ба дастаи “ПАС Ҳамадон” иваз кардааст.

Торнамои расмии дастаи “ПАС Ҳамадон” низ ин хабарро таъйид карда, Акмал Холматовро “бозигари тоҷикистонӣ” номидааст.

Дастаи шаҳри Ҳамадон ҳамагӣ каме бештар аз даҳ сол умр дорад ва се ҳарфи аввалаш “PAS” аз калимаҳои форсии “Пирӯзӣ, Истиқомат, Сарфарозӣ” гирифта шудааст. Ин даста дар охирин сабқати дастаии Эрон ҷойи 14-умро гирифта буд.

Бозигари тоҷик ахиран мавриди як нофаҳмӣ дар AFC низ шуда буд. Футболдорони Осиё аз Тоҷикистону Узбакистон хоста буданд, то муайян кунанд, ки чаро як футболбоз бо шаҳрвандии ғайр дар мунтахаби кишвари дигаре бозӣ мекунад?

Холматов дар Тоҷикистон таваллуд шуда, ин ҷо дар дастаи «Регар ТадАЗ» бозӣ мекард. Ҳамон солҳо ба мунтахаби Тоҷикистон ҷалб шуда буд. Соли 1996 ба «Нефтчӣ» (Фарғона) рафт. Соли 2001 шаҳрвандии худро иваз намуд. Пас аз шаҳрвандии Узбакистонро қабул кардани Холматов, Тоҷикистон иҷозаи вижаи ФИФА-ро барои истифодаи ин бозигар дар ҳайъати худ гирифтааст.

Чаро “Пахтакор” дурӯғ мегӯяд?

Акмал Холматов айшҳоро шӯр мегардонад

Акмал Холматов: “Ман ватандӯстам!”

Advertisements