Ҷияни Асамоа Гян дар “Хуҷанд”


Дастаи футболи “Хуҷанд” аз Гана нимҳимоягтареро бо номи Уилям Гян ба санҷиш даъват кардааст.

Тавре, хабаргузории “Варзиш-Спорт” менависад, Уилям аллакай ба Хуҷанд омада, ва феълан, бо даста тамрин дорад.

Уилям бародарзодаи бозигари маъруфи “Ренн”-и Фаронса ва мунтахаби Гана – Асамоя Гян будааст.

Уроз Турақулов гуфтааст, тавсифи ин бозигарро ӯ аз Габриэл Донтох шунидааст ва сипас, ба Гана занг задаву, ин бозигарро ба Хуҷанд даъват кардаанд.

Уилям дар “Камаз”-и Русия ва “Дордой”-и Қирғизистон бозӣ карда, будааст. Эҳтимол дорад, охири ҳафтаи оянда мухлисони дастаи “Хуҷанд” аллакай фарангии африқоии худро дар варзишгоҳ бубинанд.

Уилям Гян, ба маълумоти “ВС”, дар охирин рғзи соли 1985 таваллуд шуда, ду бор бо “Дордой” қаҳрамони Қирғизистон гардидааст. Агар ӯ дар “Хуҷанд” боқӣ бимонад, чаҳорумин намояндаи кишвараш дар Тоҷикистон хоҳад буд. Ҳоло дар ССКА “Помир” Чарлз Накутӣ ва Габриэл Донтох ва дар “Вахш” Арий Элайҷа бозӣ мекунанд.

Ҳарчанд, наметавон гуфт, ки ин бозигарон маҳорати хуби бозигарӣ доранд, (масалан, ҳамон Накутӣ дар “Регар” ТадАЗ ҷойи худро ёфта натавонист ва Элайҷа ҳам на бозигари асосӣ дар Қурғонтеппа аст), вале омадани онҳо ба Лигаи Олӣ хеле хуб аст, чун мухлисонро ба варзишгоҳ мекашонад.

One thought on “Ҷияни Асамоа Гян дар “Хуҷанд”

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s