Қуръакашии марҳилаи ниҳоии Ҷоми раиси КФО бо он анҷомид, ки футболи калон дар Мянмар дар моҳи сентябр бо бозии “Вахш” алайҳи беҳтарин дастаи маҳаллӣ – “Яданарбон” оғоз мешавад.

Дар бозии дигари нимниҳоӣ “Дордой” бо МТТУ нерӯ месанҷад.

Бозии ду ҳамсоя аз Осиёи Марказӣ рӯзи 24-уми сентябр соати 19:00 ба вақти маҳаллӣ дар Youth Training Centre Stadium баргузор мешавад, вале қабл аз онҳо дар зери офтоби сӯзон “Вахш” бояд муҷовимати бозигарони маҳаллиро бишканад. 

 Аммо пирӯзӣ бар мизбонон кори осон нахоҳад буд. Баҳори имсол “Яданарбон” дар гурӯҳаш аз МТТУ ҳам пеш гузашта, ҷойи аввалро гирифта буд ва барои нахустин бор ба марҳлаи ниҳоии Ҷоми раиси КФО кишварашро баровардааст.
“Яданарбон” танҳо дар соли гузаштаи 2009 ба комёбиҳо ноил шуда, ҳам унвони қаҳрамонии кишвараш ва ҳам Ҷоми кишварашро ба даст овардааст. Ҷоми раиси КФО-2010 нахустин таҷрибаи байнулмилалии “Яданарбон” аст.
Advertisements