Пирӯзии душвор ва деринтизори “Вахш”


“Вахш” дар бозии навбатияш дар Лигаи Олӣ пас аз се бохти пайидарҳам таъми пирӯзиро чашид ва ҷойи саввумро ба худ бозгардонид.

Вале ин пирӯзӣ барои дастаи Аслиддин Ҳабибуллоев ба осонӣ ба даст наомад. Танҳо як дақиқа қабл аз анҷоми бозӣ зарбаи Субҳон Хоҷамов дар дили мухлисони мизбонон сабукӣ овард.

Бояд гуфт, бозигарони “Равшан” ҳарчанд 9-нафара дар майдон монда буданд, қариб буд, ки боз як сенсатсия бикнуанд ва нӯҳнафара аз Қурғонтеппа як хол бибаранд.

Дар дақиқаи 75-ум довар Рустам Холов бозигари кӯлобӣ Индус Ҳусейновро аз мардон ронд ва ҳанӯз Индус ба назди сармураббияш нарасида, ҳамагӣ пас аз ду дақиқа ҳамдастаи дигари ӯ Фирдавс Абдуллоев корти сурх гирифт.

Торнигори расмии дастаи “Вахш” навиштааст, бозигарони меҳмон дар ин бозӣ хеле дурушт муомила кардаанд ва доварону ҳатто бозигарони “Вахш”-ро куфтаанд.

Асабонияти дастаи шаҳри Кӯлоб маълум аст. 13 бозӣ ва 11 шикаст ва ҳеҷ ғалаба. Ҳатто яке аз бозигарони асосӣ – Фаридун Рустамовро низ аз даст доданд. Фаридунро “Истиқлол” даъват кард.

Рӯзи душанбе ҳамчунин як бозии дигари даври 15-ум баргузор гардид, ки аз натиҷаи он ба муҷарради хабаре дарёфт шудан, хонандагонро огоҳ хоҳем кард. “Парвоз” мизбони “Энергетик”-и захмин буд.

Даври 15-ум ҳамчунин бегоҳи имрӯз, 13-уми июл, бо бозӣ дар Хуҷанд ва дар Турсунзода идома меёбад. Ин ду шаҳр мизбони душанбегиҳо хоҳанд буд, аввалӣ ба дидори Алимҷон Рафиқов муяссар мегардад, дуввумӣ тарангии торҳои асаби Шералӣ Хайруллоев, вазири дифоъи Тоҷикистонро, месанҷад.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа то 12-уми июл

Ҷой  Дастаҳо Б П М Ш Т/T Х
1. «Регар»ТадАЗ 11 10 1 0 39-5 31
2.  «Истиқлол» (Душанбе) 12 8 4 0 27-8 28
3. «Вахш» (Қӯрғонтеппа) 14 7 3 4 17-13 24
4. «Хайр» (Ваҳдат) 13 7 2 4 23-17 23
5. «Энергетик» (Душанбе) 13 4 3 6 16-21 15
6. ССКА«Помир» (Душанбе) 12 3 4 5 12-19 13
7. «Парвоз» (Б.Ғафуров) 11 2 2 7 13-22 8
8. «Хуҷанд» (Хуҷанд) 11 1 5 5 13-22 8
9. «Равшан» (Кӯлоб) 13 0 2 11 6-38 2

Голзанҳои беҳтарин: Юсуф Рабиев («Истиқлол») – 12 гол, Давронҷон Тухтасунов («Регар» ТадАЗ) – 11, Жаилтон Оливейра («Регар» ТадАЗ) ва Мирзобек Мирзоев («Хайр») – 8-голӣ.

Даври 15-ум
12-уми июл (душанбе)
«Парвоз» – «Энергетик»
13-уми июл (сешанбе)
«Регар» ТадАЗ – ССКА «Помир»
«Хуҷанд» – «Истиқлол»

Advertisements

4 thoughts on “Пирӯзии душвор ва деринтизори “Вахш”

  1. Follower-и мухтарам!
    Чаро ки 9 даставу микдори даврхо 18?! Оё даста худ бо худ низ бози мегузаронад?

  2. Зеро ҳар давр яке аз ин дастаҳо бозӣ доир карда наметавонад ба сабаби тоҷ будани шумораашон ва ҳамон бозиҳо дар маҷмӯъ дар як марҳила як даври иловагиро ташкил медиҳанд….

  3. Вакте ки Олимчон Рафиков аз майдон берун мешуд ба суяш даст бардоштаму акои Олимчооооон!!! фарёд кардам ва кафкуби кардам, баргашта даст бардошту миннатдори кард, дар ин лахза дигар мухлисон. ки футболбозонро провожать мекарданд хамма ба унвони Рафиков кафкуби карданд…
    мужики хуб будаст, катаги намекардаст!

    Чи кайфияте дорад, агар одам кахрамонхоро бубинад ООООО!!!!

    Ачиб харчанд Хучанд бозиашро бохта бошад хам ягон кас бар зидди истиклолиён хаккорат хам накард..

    Аз пушти Неъматови бефаросат бефотоаппарат мондам. Аз ин ру натавонистам навор ё акс гирам…

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s