Боз ҳам Ҷоми Ҷаҳон


Таҳияи Умари ДАВЛАТ. Бознашр аз “Миллат”

АВВАЛИН БОР ДАР АФРИҚО

Ин 19-ум мусобиқаи Ҷоми ҷаҳонии футбол аст, ки бори аввал дар қораи Африқо мегузарад. Ҷоми футболи ҷаҳон на танҳо як маъракаи варзишӣ мебошад, балки имкониятҳои ба даст овардани маблағи ҳангуфтро барои бархе муҳаё мекунад. Хусусан барои кишвари мизбон, Федератсияи байналмиллалии футбол (FIFA) ва бозигарон. Қаҳрамонии Ҷоми ҷаҳони футбол-2010, ки дар Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ ҷараён дорад, дар таърихи маъракаҳои варзишии дунё, даромадноктарин мусобиқа унвон шудааст.

Танҳо хароҷоти ташкилӣ ва ифтитоҳи мусобиқа зиёда аз 3,6 миллиард долларрро ташкил додаст. Дар ҳоле ки ин хароҷот, дар мусобиқаи ҷаҳонии чор соли пеш дар Олмон ба 2 млрд. доллар баробар буд. Ин маблағ бештар дар сохтмон ва бозсзии майдонҳои футбол харҷ шудааст. Гарчанде майдонҳои сохташуда аз ҷониби ҶАҶ чандон ба стандартҳои FIFA ҷавобгӯ набудаанд, аммо ин кишвари мизбон тавонистааст панҷ майдони нави футбол сохта ва панҷ майдони дигарро ба маблағи 1 миллиард доллар бозсозӣ кунад.

ҶАҶ РЕКОРД ЗАДАНИСТ

ҶАҶ бо вуҷуди хароҷоти миллиарддоллариаш аз даромад накардан шубҳа надорад. Чаро ки баргузории ҷоми қаҳрамони футболи ҷаҳон, ҳанӯз дар аввалин мусобиқа соли 1930 дар Уругвай нишон дода буд, ки ғайр аз хароҷот боз ба мизбонон ва баргузоркунандагон даромад меорад. Баргузоркунандагон дар ин мусобиқа ба ғайр аз хароҷот боз 255 ҳазор доллар фоида ба даст оварда буданд. Баъдан дар сабқатҳои ояндаи ҷаҳонии футбол даромади баргузоркунандагон ба миллионҳо расид. Ҳамин тавр, Олмон 97,4млн.$, Куриёи ҷанубӣ ва Ҷопон 260 млн.$, Фаронса 350млн.$-ро ба даст оварданд. Даромади Фаронса то ҳол даромади рекордӣ ҳаст.

ҶАҶ нақша дорад, дар ин сабқати ҷаҳонӣ зиёда аз 4 миллиард $ ба даст биорад, ки аз ин ҳисоб зиёда аз 500 миллионаш даромади соф мебошад. Бо ин даромад, ҶАҶ рекорди Фаронсаро пеш шуданӣ аст. Ин танҳо даромад аз хароҷот мебошад. Яъне, 3,6 млрд. $-и хароҷот наздики 14% фоида меорад. Аз се як ҳиссаи ин маблағро ширкатҳои ҷаҳонгардӣ ба даст меоранд.

Манбаи дигаре, ки ҶАҶ зиёда аз 1 миллиард $ ба даст меорад таблиғ (реклама) ҳаст. Савғофурӯшҳо низ аз даромад бенасиб намемонанд.

ДАРОМАДИ ҲАНГУФТИ FIFA

Ғайр аз мизбони мусобиқа, чун доим, Федератсияи байналмиллалии футбол (FIFA), маблағҳои ҳангуфтро соҳиб мешавад. Гарчанде FIFA ҷамъияти ғайритиҷоратӣ аст, аммо ҳамасола зиёда аз 700 миллион $ фоида ба даст меорад. 96%-и суди ба дастовардааш аз ҳисоби баргузории мусобиқоти футбол буда, қисмати ағлабаш аз мусобиқаи Ҷоми ҷаҳонӣ аст. FIFA ду манбаи асосии даромади бузург дар Ҷоми ҷаҳонӣ дорад. Яке фурӯши иҷозатномаи пахши телевизионии футбол ва дигаре, қарордод бо сарпарастон.

Тибқи нақшаи пешакӣ, FIFA аз фурӯши ин иҷозатнома 2,7 миллиард $ ба даст меорад, ки нисбати мусобиқаи Ҷоми ҷаҳон 2006, 2,5 баробар бештар аст. FIFA аз фурӯши иҷозатнома соли 2006, 1,2 млрд. $ ба даст оварда буд.

Асоси даромади FIFA, қарордод бо сарпарастони мусобиқа мебошад. Федератсияи ҷаҳонии футбол дар назар дорад, ки аз сарпарастон дар мусобиқаи имсола зиёда аз 3 млрд. $ фоида биорад. Ин дар ҳолест, ки ҳамасола маблағи сарпараст шудани Ҷоми ҷаҳонии футбол афзоиш дораду ширкатҳои бузурги ҷаҳонӣ майли зиёдтари сарпараст шудан доранд. Барои сарпараст шудан, ширкат ҳамасола дар асоси қарордод (мавофиқ ба шумораи сол) бояд 50 млн. $ пардохт кунад.

adidas” ПЕШСАФИ САРПАРАСТОН

Ҳоло ширкатҳои “Adidas”, “Coca-Cola”, “Emirates Airline”, “Hyundai”, “Sony”, “Visa” аз сарпарастони кул номбар шудаанд.

Инчунин барои ҳамроҳ ё шарики асосии (главным официальным партнером) FIFA шудан, мусобиқаро бо тӯб, шахсони вазифадор ва доваронро бо сару либос таъмин намояд. Аз 32 дастаи якачини футбол, ки дар Ҷоми ҷаҳони футбол-2010 ширкат карданду ширкат доранд, ширкати “Adidas” ба 17 даста, “Nike” ба 10 ва ширкатҳои “Umbro”, “Puma”, “Brooks”, “Joma”, “Pirma” ба 5 дастаи боқимонда шарикӣ мекунанд.

30 МИЛЛИОН $ БАРОИ ҚАҲРАМОНИ ҶАҲОН

Ҷоизаи молиявие, ки Федератсияи байналмиллалии футбол (FIFA) барои Ҷоми ҷаҳонии футбол-2010 муаян кардааст, 420 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад. Дар мусобиқаи гузаштаи Ҷоми ҷаҳон-2006, маблағи ҷоиза ҳамагӣ 261 млн. доллар буд.

Ҳамаи 32 тими якачини иштироккунандаи мусобиқа аз ин маблағи ҷоиза баҳра мебаранд.

Тими ғолиби мусобиқа ё барандаи Ҷоми ҷаҳон-2010, маблағи 30 млн. долларо ба даст меорад, ки ин баробар ба даромади яксолаи баландмуздтарин футболбози ҷаҳон, Криштиан Роналдо мебошад. Барандаи мусобиқаи Ҷоми ҷаҳон-2006, тими Итолиё,19,3 млн. доллар ба даст оварда буд.

Тими барандаи ҷои дуюм, маблағи 24 млн. доллар (дар соли 2006, 17,7 млн.$ буд).

Барандаи ҷои сеюм 20 млн. ва ҷои чорум 18 млн. доллар ба даст меоранд.

Тимҳои ҷойи 5 то 8-ум гирифта 14 миллионӣ, тимҳои ҷойи аз 9 то 16 гирифта 9 миллионӣ ва 16 тими боқимонда, ки дар даври авали бозӣ шикаст хӯрда буданд 8 миллион долларӣ ба даст меоранд.

Инчунин 32 федератсияи футбол, ки дар мусобиқа иштирок доштанд ба андозаи 1 миллиондолларӣ ҷубронпулӣ ба хотири хароҷоти таёрӣ ба мусобиқаи Ҷоми ҷаҳон дода мешавад.

Ба клубҳои футболе, ки бозигараш дар бозиҳои Ҷоми ҷаҳон ширкат меварзад, маблағ ба андозаи 1600 доллар барои ҳар як рӯз пардохт карда мешавад.

Ба ғайр аз ҷоизаҳои молии FIFA, иштирокдорони мусобиқаи Ҷоми ҷаҳон аз федератсияи футболи кишварашон низ тӯҳфаи молӣ ба даст меоранд.

Масалан, Испониё дар ҳолати ғолиб омадани тимаш, ба сари ҳар як бозигар 550 ҳазор евро, Англия 450 ҳазор евро, Бразилия 300 ҳазор евро, Олмон 250 ҳазор евро пардохт мекунанд.

СУҒУРТА ДАР МАДДИ АВВАЛ

Дар атрофи мусобиқаи Ҷоми ҷаҳонии футбол, маблағҳои ҳангуфт мечарханд. FIFA, дар мадди аввал, барои пешгирии аз даст надодани маблағ ин маблағҳоро суғутра мекунад. Дар ҳолатҳои иҷтинобнопазир (форс-мажор), яъне дар ҳолати бекор кардани мусобиқа, ба таърихи дигар гузаронидани рӯзи мусобиқа ё макони баргузории мусобиқаро иваз кардан, умуман омилҳое, ки аз салоҳияти FIFA берун ҳастанд дар Ҷоми ҷаҳони 2010 ва 2014, ба Федератсияи байналмиллалии футбол, ба андозаи 650млн.$ ҷубронпулӣ пардохт мешавад.

Advertisements

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s