Шоҳ мурд, зинда бод шоҳ!


Дар рейтинги нахустини ФИФА пас аз Ҷоми Ҷаҳон, ки имрӯз, 14-уми июл, нашр шуд, Тоҷикистон ду зина поинтар рафта, мақоми 137-умро гирифтааст. Ҳамсояҳои нави Тоҷикистон дар рейтинги ФИФА ин навбат исмҳои шиноси Туркманистон ва Индонезия мебошанд. Туркманҳо дар рейтинги қаблӣ аз мо поинтар буданд.

Тоҷикистон имсолро дар рейтинги ФИФА хеле хуб оғоз карда ва ду бор бо қадамҳои бузург-бузург ба сӯи пеш ҳаракат карда буд. Вале баъдан ба поинравӣ оғоз кард ва ҳанӯзам афтида, истодааст ва ба назар мерасад, ин афтишҳо идома хоҳанд кард.

Руандаро дар назди худ ҳадаф гузоштаем, ки дар ин рейтинг мегузарем, Руанда дар ин моҳ низ афтида, ба ҷойи 113-ум омадааст. Агар ин кишвар худаш наафтад, ба фикрам, мо онҳоро намегузарем ва ҳадафамонро иҷро намекунем. Руанда, биафт!

Даҳгонаи беҳтарини ҷаҳон дар рейтинги ФИФА: 

  • 1) Испониё
  • 2) Ҳолланд
  • 3) Бразил
  • 4) Олмон
  • 5) Аргентина
  • 6) Уругвай
  • 7) Инглистон
  • 8- Португалия 
  • 9) Миср
  • 10) Чилӣ

Даҳгонаи аввал дар муқоиса бо рейтинги қаблӣ, ки дар моҳи май нашр шуда буд, тағйироти куллӣ дидааст. Шоҳи нави футбол – Испания, табиист, ки тоҷро ба сар гузошта, тахти шоҳиро дар рейтинг низ соҳиб шудааст. То ин замон онҳо дар рейтинг пас аз Бразилия дуввум буданд.

Нокомгориҳои Бразилия онҳоро на ба дури дур, балки ҳамагӣ ба ҷойи саввум партофтааст. Ҷойи дуввумро, албатта, боз кӣ мешуд, Ҳолланд гирифтааст. Португалия аз сегонаи болои даҳа ба сегонаи поини даҳа рафтааст, Итолиё, Фаронса (шоҳони қаблӣ) ва Хорватистон (хуб, инаш маълум) умуман аз даҳгона берун мондаанд.

Ба ҷойи онҳо ба даҳаи беҳтарини ҷаҳон Уругвай, Чилӣ ва … Миср ворид шудаанд. Ман ҳайронам, ки Миср дар ин як моҳ чӣ кор карда буд, ки ин қадар баланд парвоз намуд.

Даҳгонаи беҳтарини Осиё дар рейтинги ФИФА (дар қавс мақоми мунтахаб дар рейтинги ҷаҳонӣ): 

  • 1) Австралия (20)
  • 2) Ҷопон (32)
  • 3) Кореяи Ҷанубӣ (44)
  • 4) Эрон (64)
  • 5) Арабистони Саудӣ (68)
  • 6) Баҳрайн (69)
  • 7) Чин (78)
  • 8 – Уммон (81)
  • 9) Кувайт (85)
  • 10) Узбакистон (87)

Дар даҳгонаи осиёӣ танҳо як тағйирот ба вуҷуд омадааст. Кувайт, ки замоне ҷузви Ироқ буд ва сабаи ҷанги аввали Амрико зидди Ироқ шуда буд, ҳатто дар ҳамин рейтинги футболӣ ҳам ҷойи Ироқи ҷафокашидаро танг кард. Кувайтиҳо ба ин даҳгона ворид шуда, Ироқро берун афкандаанд.

Аксарияти дастаҳои осиёӣ дар зинаҳои ҷаҳонӣ поинтар фаромадаанд, ба ҷузъ сентсатсиядорони Ҷоми Ҷаҳон. Австралия ҳарчанд дар ҷойи 20-умаш истодааст, вале Ҷопон 13 зина боло рафтааст, аҷиб аст, ки Кореяи Ҷанубӣ бо ҳамон комгориҳои баробари Ҷопон ҳамагӣ дар ҷаҳон се зина боло баромадааст. Ҳатто Узбакистон (шояд Равшан Ирматовро руихотир кардаанд?), шаш зина болотар рафтааст дар ҷаҳон.

Тоҷикистон дар рейтинги осиёӣ низ ду зина поинтар рафта, мавқеъи 24-умро гирифтааст.

Собиқ Шӯравиён дар рейтинги ФИФА: 

  • 17) Русия
  • 25) Укроин
  • 50) Латвия
  • 52) Литва
  • 77) Беларус
  • 87) Узбакистон
  • 89) Молдова
  • 95) Эстония
  • 96) Арманистон
  • 106) Озарбойҷон
  • 111) Гурҷистон
  • 126) Қазоқистон
  • 136) Туркманистон
  • 137) Тоҷикистон
  • 165) Қирғизистон

Шӯравиён дар рейтинги ҷаҳонӣ кадоме поин, кадоме боло рафтаанд. Дар миёни худ арманиҳо ба садгона ворид шудаанд. Узбакистон Молдоваро ва Туркманистон Тоҷикистонро гузаштаанд.

Ҷойҳои охирин дар рейтинги ФИФА:

  • 202) Сан-Марино
  • 202) Ангила
  • 202) Монтсеррат
  • 202) Самоаи амрикоӣ
  • 202) Ҷумҳурии Африқои марказӣ
  • 202) Папуа-Гвинеяи Нав

Беҳтарин нишондоди мунтахаби Тоҷикистон дар рейтингҳои ФИФА дар таърихаш ҷойи 114-ум дар моҳи июли соли 1997 мебошад. Бадтарин нишондоди Тоҷикистон ҷойи 180-ум дар боз ҳам июли 2003 мебошад. Беҳтарин болоравияш 27 мақом дар моҳи июни соли 1997 мебошад. Бадтарин уфташ – 18 мақом дар октябри соли 2006 мебошад.

Advertisements

2 thoughts on “Шоҳ мурд, зинда бод шоҳ!

  1. Миср – Кахрамони 3-даъфаинаи пайдарпайи Африко мебошад. Футболи Африко аз футболи Осиё хеле фарки мусби мекунад!

  2. Чавоби – “Ман ҳайронам, ки Миср дар ин як моҳ чӣ кор карда буд, ки ин қадар баланд парвоз намуд.”

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s