Ҷоми Ҷаҳон: Шармандагии Аврупо


Бознашр аз СССР

Боби 1. Ҷоми бе витсе чемпион…
Ё шармандагӣ дар Париж
Таърихи ҷоми ҷаҳон оид ба футбол ингуна далелро ёд надорад, ки финалисти Ҷоми қаблӣ дар бозиҳои гурўҳӣ шармандавор ҷои охиринро «соҳибӣ» карда, бозгашта, ба Ватан парвоз намояд.

Ва агар бигирем, ки ин триумфатор, витсе-чемпиони ҷаҳон, тими маъруфи Фаронса аст, бар ҳайрати мухлисин меафзояд. Ин ҳам дар ҳолест, ки фаронсавиҳо натавонистанд дар бозии нахустин тими Парагвайро бо 10 бозингар (дар дақиқаи 82 рефери бозигари Парагвайро аз майдон ронд!) шикаст диҳанд. Бозии дуввумро низ лашкариёни Доменек мусовӣ кардаву бозии охиринро шармандавор бохтанд!
Бояд гуфт, ки пас аз рафтани Зинадин Зидани маъруфу маҳбуб дар бозии финалии ҶҶ-2006 бо тими Итолиё, ки Зинадини мусалмон Матератсии аблаҳро бо сараш зада, ба замин яксон намуда буд, фаронсавиҳо … голи аввалин ва охирини худро дар ҶҶ заданд!!! Дар тўли 4 солу 12 рўз 1 гол дар мусобиқоти финалии ҷаҳонии футбол; ин кам аст ва ё зиёд Худо медонаду Доменек-тренери бехирадтарини Фаронса.
Чаро бехирад гуфтем? Зеро дар маҳдудаи бозиҳои гурўҳӣ дар тими мунтахаб фаронсавиҳо ба гурўҳбозӣ дода шуда, дар ин самт ҳатто аз Тоҷикон гузарониданд. Гурўҳбозиҳо ба он овард, ки команда ба 4 бахш тақсим шуд. Зумрае ҷонибдори Анри буду теъдоде пуштибони Анелка ва гурўҳҳои кўчаке бо Мавлудаву Патрис Эвра ҳамақида шуданд ва ҳатто 1 бозингар бо худи Доменек набуд; наистод. Натиҷаи ин тафриқа бармалост. Фаронса шармандавор, чун пробкаи шампони фаронсавӣ парида бурафт…

Боби 2. Ҷоми бе чемпион;
Шармандагӣ дар фабрикаи маккаронбарорӣ
Маккаронхўракҳо (итолиёвиҳоро дар Аврупо бо ҳамин тахаллус ёд мекунанд), қаҳрамонҳои ҶҶ дар соли 2006 дар шармандагӣ аз фаронсавиҳои витсе-чемпион қафо намонданд. Итолиёвиҳо, ки воқеан ҳам касе ба такрори корномаашон дар соли 2006 бовар надошт, бозии охиринро бар тими Словакия шармандавор бохтанд ва билетҳои навбатиро ба Аврупо дастрас намуданд. 
Тими Италия дар ин чемпионат нишон дод, ки заъифтарин команда дар гурўҳи худаш мебошад. Ва дар номаи аъмоли футболи Италия сиёҳтарин таърихчаро сабт намуданд. Итолиёвиҳо то ин қаҳрамонӣ ҳамеша дар садади командаҳои муддаӣ барои гирифтани Ҷоми Ҷаҳонӣ меистоданд…

Боби 3. Ҷоми бе падар
Шармандагии Англия дар Африқо
Вале бо ин ҳама наметавон гуфт, ки тими мунтахаби Англия, ки аз гурўҳаш бо дабдабаву шукўҳу шаҳомат берун ҷаста буд, шармандатар аз Фаронсаву Италия нашуд!
Падарони футбол, асосгузорони футболи муосир, мунтахаби Англия, ки моломол аз ситораҳои майдони варзишӣ буданду бинанда ба инҳо нигариста, дар аҷаб мемонд, ки ба осмон менигарад ва ё ба замин (ситораборон-дия!) дар бозии нахустини 1/8 финал бозиро бар тими Олмон бо ҳисоби 1:4 бохтанд. Дар ин рўзи наҳс барои футболи ҷаҳонӣ ва сип-сияҳ барои Англия немисҳо бо сарварии капитан Лаҳм ва ҳидояти Подолский, Швайнштайнгер (дар тарҷумаи таҳтуллафз-хуки паррон), Мюллер (чигуна Штирлитсро ба хотир наорем?) ва Клозе даб-далаи ситораҳои англисро доданд ва бори дигар собит карданд, ки барои футбол ва Ватан бозӣ мекунанд, на аз баҳри пулу доллару евро.
Дар ин рўз (шом) Рунии зархарид ва гаронарзиш, Ҷерарду Лэмпарди бебаҳо нархи аслии худро нишон доданд; ишон ба дастаҷамъӣ ба 2 танга ҳам намеарзидаанд, агар сухан сари патриотизм, ватанпарастии ройгон ва ҳифзи бепули шарафи Англия равад! Варзишгароне, ки дар бозиҳои командаашон, пули гарон мегиранду бод ба гарди доманашон намерасад, нишон доданд, ки бе пул қадамашонро густарда нахоҳанд гузошт…
Ва дар натиҷа Англия масхараи тамоми олам ва сархаму нагунсор дар назди ҷамъияти футбол гардид.

Эпилог: Тренерҳои шарманда…
Вале бо ин ҳама сармураббиёни дастаҳои шармандашуда 2 карат шармандаи олам гаштанд! 
Фабио Капеллои итолиёвӣ, ки сарварии дастаи Англияро бар дўш дорад, ноҷавонмардона изҳор дошт, ки пас аз ин бохти гарон ба истеъфо … намеравад! Ва медонед чаро? Зеро ў бо федератсияи Футболи Англия шартномаи корӣ барои 6 млн. евро дорад ва дар сурати истеъфо нисф зиёди ин маблағ бар ҳаво мерафт. Вале агар федератсияи футболи Англия мардонавор ўро пеш кунад…пас Капелло тамоми ин пулро+ «подъемные» мегирад. Ҳамакнун кӣ такзиб мекунад маро агар бигўям, ки футбол дигар бозӣ нест; ин бизнес аст!
Раймон Доменек, тренери Фаронса бошад, қаблан медонист, ки ба ҷои ў Лоран Блани афсонавӣ, капитани дастаи мағлубнашавандаи Зидан&Co таъин шудааст ва бо тафриқаандозиҳояш командаи Фаронсаро барои солҳои тўлонӣ заъиф карда, худаш думро хода намуд.
Марчелло Липпи-сармурабии пуровозаи Италия, пас аз ба дарвозааш задани 3 голи олиҷаноби словакиҳо (Ян Дйуритса, Мартин Шкртел (собиқ бозингари Зенит-Санкт Петербург) ва Радослав Забавник) ҳатто илоҷи дастфишурии тренери ғолибро надошту зуд аз стадион гурехта рафт. 
Ин ҳам дар ҳолест, ки маҳз Липпии худкома Франческо Тотти, Дел Пйеро ва Антонио Кассано-нобиғаҳои футболи ҷаҳонӣ ва мифи футболи Италияро ба мунтахаб нагирифта буд…
Бо ин ҳама Ҷоми Ҷаҳонӣ оид ба футбол давом дорад. Ва Испания, Олмон, Голландия талош доранд, ки обурўи рехтаву бехтаи футболи Аврупои Ғарбиро ҳифз кунанд. Вале оё метавонанд? 
Ба ин суол бояд Дунга- тренери Бразилия ва Диегобой Армандазодаи Марадоннаниё-мураббии Аргентина посух гўянд!

8 thoughts on “Ҷоми Ҷаҳон: Шармандагии Аврупо

  1. Аммо дар бораи точикон тахлил накардаед-дия!
    НАмояндагони точикон хело зиёд буданд, аммо дар як тим бози намекарданд. МАсалан:
    Дар аввал чанд домуллою туразодахо аз рохи финал баромаданд Яя Туре, боз якчанд “кимчи” туре, инхо хамон “тўра”-ходия!
    Сониян Мавлудахон, ки бо тими фаронсаи бодичахо шарманда шуд.
    Баъд Терричон, ки яке аз бозигарони асосии Англия ба хисоб мерафт, бо тимаш аз немисхо, ки дар он точики дигаре бо исми Филипиддини Лахм бози мекард, шапалоки обдоре хурданд.
    Хурсандии писари кассоб хам тул накашид ва як кадам пеш аз финал бекорд монд. Ба хар хол назар ба дигар точикбаччахо толеъи ин бачча баланд будааст
    Хамин тарик дигар намояндахои точикон аз ин ЧЧ сархам баргаштанд. :))

  2. 17.07.2010 > Istiqlol – Parvoz 3-0 (Tohirov 2. Rabiev)

    Az muhlison bachchichi zied ki holo ham video-i bozii Regar -CSKA guzochta nasudaast. Sababach sust budani stream-i internet mebochad. Vale man kuchcih mekunam ki pagoh sahar onhoro dar in blog guzoram.

    Bozii imruzai Istiqlol vs Parvoz-ro ham sabt kardam va ruzhoi meomadagi kuchich mekunam dar injo joi kunam.

    • Эдиторз,

      Шояд аз сабаби он ҳаҷми файл калон аст, аплоад карданаш ба ЮТюб бо суръати интернети тоҷикӣ душвор бошад…

      Шояд роҳи осонтараш он аст, ки файлҳоро каме таҳрир ва камтар кард? Яъне, фақат лаҳзаҳои муҳимро боқӣ монд? Дар худи ЮТюб ба фикрам функсияи таҳрири наворҳои видеоӣ вуҷуд дорад…

  3. «Равшан» – «Регар» ТадАЗ – 1:5

    Голы: ??? – Ибрагим Рабимов (2), Джамшед Исмоилов, Давронджон Тухтасунов, Хасан Рустамов.

    «Истиклол» – «Парвоз» – 3:0

    Голы: Фарход Тохиров, 10, 17, Юсуф Рабиев, 55.

  4. Muhtaram follower gapaton durust ast. Failho kalon mebochand (takriban 800 mb) baroi hamin bo surati interneti tojik onhoro dar youtube joigir kardan namechavad. Man ham fikri onro dochtam ki video-i bozihoro tahrir kunamu dar youtube guzoram. Afsus ki bozihoi navor giriftaamro purra dar injo guzochta nametavonam. Muhlisoni muhtaram metavonistan bozihoi navorgiriftaamro purra tamocho kunand, afsus. Chi tavre ki nabochad man ruzhoi meomadagi bozihoro tahrir karda golhoi zadagiyu, lahzahoi muhimro dar injo jo mekunam.

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s