Дастаи ҷавононаи «Рубин» дар даври навбатии бозиҳои дублҳои Премйер-Лигаи Русия меҳмони «Спартак»-и Маскав, пешсафи ин сабқат, буд.

Дар қисми аввал сармураббии тоторҳо тоҷикбачаҳои худро ба майдон надароварда буд ва аз ин рӯ, қисми аввалро бо ҳисоби 0:1 бохт.

Сипас, дар оғози қисми дуввум Алишер Ҷалилов ба майдон даромаду, 6 дақиқа баъд ҳисобро баробар намуд. Браво, тоҷикбача!

Вале ин хушҳолӣ дер давом накард ва «Спартак» як голи дигар зада, ҳисобро ду бар як намуд.

Баъдан, Парвиз Умарбоев ҳам ба майдон даромад ва ӯ низ 6 дақиқа баъди даромадан дар меҳвари таваҷҷӯҳ қарор гирифт. Барои як корти зардаш.

Аз дублистҳои дигари тоҷик Искандар Ҷалилов ва Муҳаммад Султонов рӯзи якшанбе ба Самара ба назди Фарҳод Восиев мераванд. Намедонем, Фараро дар бозӣ бо дубл хоҳем дид ё бо асосӣ…

Манучеҳр Ҷалиловро сармураббии «Локомотив-2» дар бозии даври 14-ум бар зидди яке аз дастаҳои заифтарини минтақа – «Спортакадемклуб» хеле дер, дар дақиқаи 60-ум ба майдон баровард.

Маҳз ҳамин сабаб шуд, ки дастаи «Локо-2» мусовии бидуни гол карда, се холи навбатиро дар майдони худ бо дастаи заифе гирифта натавонист ва ҷойи дуввуми худро ба саввум иваз кард. Ҳамакнун, маскавиҳо аз «Динамо»-и Вологда як хол ва аз «Торпедо»-и Владимир панҷ хол ақибанд.

Advertisements