Конибодом дар арафаи ҷашни истиқлоли кишвар варзишгоҳашро таъмир ва таҷдид хоҳад кард.

Варзишгоҳи Конибодом дар солҳои 80-уми асри гузашта тариқи шаҳар сохта шуда буд, ҳамакнун, шаҳрдории Конибодом тасмим гирифтааст, то барои таҷдид ва таъмири он қариб 150.000 сомонӣ таъсис намояд.

Дар ин бора Олимҷон Юлдошев, муовини раиси Конибодом, ба хабаргузории «Азия-Плюс» иттилоъ додааст.

Ҷаноби муовин ҳамчунин гуфтааст, ки дар ин рӯзҳо устоҳои чирадаст биноҳои маъмурии варзишгоҳро таъмир доранд ва ҳамчунин, даст ба таҷдиди сабзаи варзишгоҳ задаанд.

Қаблан, дар ин макон танҳо чорабиниҳои фарҳангӣ доир мешудааст, вале аҳмакнун, бо об гузаронидан ба он ва бо нигоҳубини сабзаи он дар ин ҷо бозиҳои варзишӣ, қабл аз ҳама умедворем футбол, низ доир хоҳад шуд.

Маъмурияти шаҳр дар нақша доштааст, ки барои панҷ ҳазор нафар дар варзишгоҳ ҷойи нишаст обод кунад, вале дар маҷмӯъ, ин варзишгоҳ иқтидори бунёди 10.000 ҷойи нишастро доштааст.

Шояд соли оянда дар Лигаи Олӣ дастаи дигаре аз Конибодомро низ бубинем?

Advertisements