Аввалин шикасти “Регар” ТадАЗ, лидер иваз шуд


Ҳокии натиҷаҳо: “Вахшклуб”

Бозии мавқуфмондаи даври 13-ум
21-уми июл (чоршанбе)
«Хуҷанд» 3:1 «Парвоз»

Бозии мавқуфмондаи даври 14-ум
21-уми июл (чоршанбе)
«Истиқлол» 2:1 «Регар» ТадАЗ (Юсуф Рабиев 42, Дилшод Восиев 57 пен – Фаррух Чориев 79)

Ду бозии мавқуфмонда аз даврҳои қаблӣ, ки имрӯз доир шуданд, ҷойҳои дастаҳои ғолибро бо дастаҳои мағлуб иваз карданд.

“Хуҷанд” дар майдони худ болҳои “Парвоз”-ро аз ҳаво дар овард ва “Парвоз”-ро ба наздикии Кӯлоб фиристода, як зина боло рафт. Дар 14 бозии “Хуҷанд” дар мавсими имсола ин танҳо дуввумин пирӯзии даста буд.

Аммо чашми аксари мухлисон ба бозии миэни ду муддаии асосии қаҳрамонӣ – “Истиқлол” ва “Регар” ТадАЗ дӯхта шуда буд. “Истиқлол” дар майдони худ ҳарифи нерӯмандашро мепазируфт ва то он ки дастаи шаҳри Душанбе ҳанӯзам барои медали тилло умед дошта бошад, дар и нбозӣ танҳо ғалаба лозим буд. Ғалабае, ки Олимҷон Рафиқов онро ба даст овард ва эҳтимол ғалабаи сарнавиштсоз бигардаду, аввалин бор пас аз “Варзоб”-и соли 1990 унвони қаҳрамонӣ ба пойтахтро баргардонад. Ғалабае, ки шояд дар моҳи декабр Маҳмадҷон Ҳабибуллоевро ба ҷустуҷӯи ҷойи нави кор бибарад.

Вақте чунин ба назар мерасад, ки қисми аввали бозӣ мусовӣ анҷом меэбад, Юсуф Рабиев варзишгоҳро тарконид ва дастаи меҳмонро бо як голе ба танаффус фиристод.

Дар оғози қисми дуввум аз нуқтаи 11-метра Дилшод Восиев умеди пирӯзиро дар дилҳои мухлисони душанбегиҳо бештар кард ва голи Фаррух Чориев 10 дақиқа қабл аз анҷоми бозӣ дигар ҳеҷ чизеро иваз накард.

Барои аввалин бор дар имсол дорандаи ҷойи аввали ҷадвал иваз шуд. Вале ҳанӯзам “Регар” ТадАЗ шонс дорад, ки марҳилаи дуввумро низ бо ҷойи аввал анҷом бидиҳад, чунки як бозӣ аз рақибаш камтар доир кардааст.

Аммо ин шонсро иҷро кардан ҳам осон нест, чун ҳамакнун турсунзодагиҳо мушкили раовнӣ хоҳанд дошт пас аз нахустин шикаст ва ҳам рақибонашон низ бозича нахоҳанд буд – “Хайр” ва сипас “Вахш”.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа то 24-уми июл

Ҷой  Дастаҳо Б П М Ш Т/T Х
1. «Истиқлол» (Душанбе) 15 11 4 0 33-9 37
2.  «Регар»ТадАЗ (Турсунзода) 14 11 2 1 45-8 35
3. «Вахш» (Қӯрғонтеппа) 15 7 4 4 17-13 25
4. «Хайр» (Ваҳдат) 14 7 3 4 23-17 24
5. ССКА«Помир» (Душанбе) 14 4 5 5 15-21 17
6. «Энергетик» (Душанбе) 14 4 3 7 17-23 15
7. «Хуҷанд» (Хуҷанд) 14 2 5 7 18-27 11
8. «Парвоз» (Б.Ғафуров) 14 3 2 9 16-29 11
9. «Равшан» (Кӯлоб) 14 0 2 12 7-43 2

Голзанҳои беҳтарин: Юсуф Рабиев («Истиқлол») – 15 гол, Давронҷон Тухтасунов («Регар» ТадАЗ) – 12, Жаилтон Оливейра («Регар» ТадАЗ) ва Мирзобек Мирзоев («Хайр») – 8-голӣ

Даври 17-ум
24-уми июл (шанбе)
«Хуҷанд» – «Равшан»
25-уми июл (якшанбе)
«Энергетик» – «Истиқлол»
«Регар» ТадАЗ – «Хайр»
«Парвоз» – ССКА «Помир»

Даври 18-ум
31-уми июл (шанбе)
«Вахш» – «Регар» ТадАЗ
«Хайр» – «Хуҷанд»
1-уми август (якшанбе)
«Равшан» – «Парвоз»
ССКА «Помир» – «Энергетик»

Advertisements

5 thoughts on “Аввалин шикасти “Регар” ТадАЗ, лидер иваз шуд

  1. Бозии мавқуфмондаи даври 14-ум
    21-уми июл (чоршанбе)
    «Истиқлол» 2:1 «Регар» ТадАЗ (Юсуф Рабиев 42, Дилшод Восиев 57 пен – Фаррух Чориев 79)

    Kismi 1

    Man kuchich mekunam ruzhoi meomadagi golhoi in boziro dar injo guzoram

  2. Мухлисони мухтарами ФУТБОЛ. Як чизро аник кардани хастам. Чойгирии дастахо аввалан аз руи таносуби тубхо ба назар гирифта мешавад ё бурди бештари даста. Дар мисоли ин дастахо чавоб гуед. Каблан сипосгузорам.

    7.«Хуҷанд» (Хуҷанд) 14 2 5 7 18-26 11
    8. «Парвоз» (Б.Ғафуров) 14 3 2 9 15-29 11

  3. муъмин, братка, парвоз бояд дар чои 7 бошад, дар регламенти чемпионати мо якум микдори галабаро ба назар мегиранд

  4. Блин, ба хамин бозии Хучанду Парвоз рафта натавонистам. Чи хел Хучанд 3 голи бечавоб зада бошад. ВИдимо, бозигари раками 11 (хучумкунанда), ки бар зидди Истиклол бози мекард иваз кардагистанд. У бачча тамоман успевать намекард…

  5. Эъ!!
    3-0 ё 3-1?????

    Лекин бозигари раками 8-и Хучанд гарени зур бози мекардаст. Ояндадор…

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s