ДАВРИ ДУВОЗДАҲУМ

Навбати подаи бозигари “Хуҷанд”

Аҷиб аст, ин даври “Футболдон” асосан аз бозиҳои Ҷоми Ҷаҳон иборат буду, вале чашми ҳама ба бозии …”Хуҷанд” – “Парвоз” дӯхта гардид…

Ҳама гап сари он ки ба сабаби кам будани шумори бозиҳои даври охирини гурӯҳии Ҷоми Ҷаҳон ду бозӣ аз Лигаи Олиро, ба гуфти амрикоиҳо, “borrow” кардем ва зуд ҳам пушаймон шудем… 

Баъдтар, акаи Рустам бо хашмгинӣ хабар дод, ки бозии дастаҳои суғдӣ расо пас аз як моҳ (!) баргузор хоҳад гардид. Беҳтарин шарҳи сабаби таъвиқи ин бозиро хонандае бо номи Шариф гуфт, ки “навбати подаи яке аз бозигарони “Хуҷанд” будааст”.. Воқеан, Шариф дар “Футболдон” иштирок намекунад, чаро, а, Шариф?

Ё айюҳа-л-ғофилун!

Айни ин суолро мешуд дар ин давр ба Муҳаммад Алӣ ва ВС ва Дилшод Урунов дод. Онҳо низ дар ин давр ба хоби ғафлат рафта буданд. Беш аз ҳама барои Дилшод Урунов “жалко”. Дилшод ба сабаби ин иштирок накардан аз ҷойи 4-ум якуякбора ба ҷойи 9-ум фаромад.

Агар Дилшод дар ин давр иштирок мекард, шояд ӯ низ ба “Клуб-100” дохил мешуд, вале ҳамакнун дар ин клуб Мақсудҷон ва Диловар исмҳои худро сабтином карданд.

Рақобати ҷолибтар аз Лигаи Олӣ

Диловар пас аз рӯзи аввалини бозиҳои озмун ҷойи аввалро гирифт. Сипас, дигарон барои лаҳзае аз ӯ болотар мебаромаданд, вале дар охири охир ба ҳар ҳол Дило дуввумин ғалабаи даврии худро ба даст овард ва ҳам мавқеъи худро дар ҷадвали умумӣ беҳтар намуд.

Рақобат дар қисми болии ҷадвали “Футболдон” ба маротиб шавқовартар аз Лигаи Олӣ мегузарад. Якуякбора даҳ нафар (!) ҳар лаҳзае метавонанд ҳамдигарро дар ҷойҳои аввалу охири даҳгона иваз кунанд.

Фолловер бошад пас аз ин давр ба ҷойи аҷоиби 13-ум фаромадааст…Ин чӣ маъно дошта бошад а?

Амазон.ком дар “Футболдон”

Хуб, аз ҷолибияти дигари ин давр ин аст, ки иштирокдорони он ба бизнес оғоз карданд. Мундуқбой, ки аз албоми якгунааш Мақсудҷон хаста шудааст, ба Рустам алаф фурӯхт. Компютер ва фотокамераи Фолловер бошад ҳанӯз ҳам харидор наёфтааст. Вале Мундуқбой бошад, аз Ману Энтертайнмент пешниҳод гирифтааст, ки стилашро иваз кунад, аз 1:0 ба 0:1. Пешниҳод ҳамон лаҳза рад шуд. 

ДАВРИ СЕНЗДАҲУМ

Рекорди нави фолбин

Дар ин давр Ману бо иштирок дар ҳамашӣ 9 (!) бозии давр рекорди қаблии худро боз шикаст ва ҳамакнун, “планка”-и Ғолиби як даврро то ба 19 метр баланд бардошт. Ва ин арқам метавонист бештар бошад, агар ба бахти ҳама футболдонҳои дигар Ману ба бозии нахустини давр миёни Уругвай ва Кореяи Ҷанубӣ дер намекард!

Хушбахтона, пешгӯии ӯ ба он бозӣ дер омад ва ҳисоб нашуд. Ин даври озмун асосан аз ҳама бозиҳои марҳилаи ҳаштниҳоии Ҷоми Ҷаҳон иборат буд. Ману, ғолиби ин давр, рекордшикани ин давр, мегӯяд, умуман, бозиҳои Ҷоми Ҷаҳонро қариб, ки тамошо намекунад ва пешгӯиҳояшро ҳамин хел, просто так, монда истодааст. Диловар ҳайрон буд, ки Ману, агар Ҷоми Ҷаҳонро тамошо намекунад ва боз ин ҳама ҳисобҳоро дуруст дармеэбад, пас оё фолбинӣ мекунад?

Ману низ, ба фикрам аз он ки фолбинӣ “статя” дорад, хабардор аст, ки зуд ин иттиҳомро рад кард. Вале, здес что то не так…даври 13-ум, тамошо намекунад, як пешгӯӣ аз дигарон кам ва боз рекорд…Зидес, тошна шито та не так!

Бозгашти Меҳварҷон

Вале дар ҷадвали болоии “Футболдон” ба ҷузъ қадамҳои динозаврмонанди Ману ба сӯи ғалаба дигар ҳама ҷошдай. “Клуб-100” барои аъзои нави худ каф мекӯбад – Эмил, Рустам, Эрикссон117,ДиловарТҶ, Наҷиб,…Дар паси дари ин клуби элитаҳо аллакай Умед Юсуфов ва … Мундуқбой бо ягона рэпаш бо номи “яку нол, яку нол” истодаанд.

Дарҳои ин даргоҳ кайҳо барои Дилшод Урунов боз мебуд, вале Дилшод дар ин давр низ дар озмун иштирок накард ва ин дафъа ҳатто Мундуқбоёро низ аз худ ба пеш роҳ дод. Дилшоде, ки замоне дар ҷойи дуввум буд, ҳоло дар ҷойи 12-ум аст. Дилшод ду давр боз пайиҳам аз “Футболдон” берун аст ва агар дар даври баъдӣ низ набуд, пас “Футболдон” аз як бозигари хуби худ маҳрум мешавад….Шояд, травма дорад?

ВС низ дар ин давр барои дуввумин бор пайидарҳам пас аз бозгашти дубораи худ гум шуд ва агар дар даври 14-ум исми ӯ низ набошад, пас аз озмун боз хориҷ мешавад. Дар ин давр Хуршед М. низ иштирок надошт. Вале дар ин давр Меҳварҷон иштирок дошт! Яке аз фаъолтарин футболдонҳои мавсими 2009 барои нахустин бор ба дар мавсими нав пероҳани “Футболдон”-ро ба бар кард ва дар нахустин бозӣ рақами 7-и Шевченкоро соҳиб шуд. Муҳаммад Алӣ низ, ки дар даври қаблӣ набуд, дар ин давр ба мо баргашт.

ДАВРИ ЧАҲОРДАҲУМ

Ҳама унвонҳо аз Испания, ҳама унвонҳо аз Ману

Даври 14-ум ба ҷаҳон қаҳрамони нав – Испанияро дод, вале ба “Футболдон” ҳеҷ чиз надод, ҷузъ дарди сар ва ҳараҷу мараҷ дар ҳисобу китобу иштирок дар бозиҳои марҳилаи чаҳор, нисф ва ниҳоии Ҷоми Ҷаҳон.

Вале сарфи назар аз мушкилиҳо дар ин давр ва саргарангиҳо Ману боз ҳам ғолибиятро ба даст овард ва шумори ғалабаҳои худро дар даврҳо то ба 6 расонид. Эҳтимоли кам вуҷуд дорад, ки касе Мануро дар ин бахш дигар дарёб кунад.

Парвози мустақим аз Кривой Рог то “Футболдон”

Сарфи назар аз сардаргумиҳо дар ин давр ба мо Тинҳо баргашт ва Достибой аз Кривой Роги Укроин омада, ба мо пайваст.

Вале Муҳаммад Алӣ дар ин давр боз набуд. Ӯ як давр меояду як давр намеояд. Ина, дар даври 13 буду, дар даври 14 не. Вале Хуршед М. Аллакай ду давр пайидарҳам аст, ки бо “Футболдон” нест ва агар дар даври 15-ум низ ҳозир нашавад, пас чиптаи ӯ бекор карда мешавад ва ба парвоз роҳ дода намешавад. ВС ва Дилшод Уруновро аллакай аз рӯйхати мусофирони ҳавопаймои ширкати “Футболдон Эйр” хат задем.

Ва чун Дилшод Урунов рафт, наконетс-то Фолловер низ ҷойи 13-ро тарк кард ва як курсӣ пештар, ба бизнес-класс наздиктар, нишаст. Ҷойи 13-ум бошад насиби Алиҷон гардид. Ҳамон Алиҷоне, ки дар даври 10-ум ғолиб омада буду, номашро дар шарҳи он давр зикр накарда будем. Алиҷон, не обижайся, ина номата зикр кардем. Тринадсатое число, муборак бошад!

Бо азобе ба “Клуб-100”

“Футболдон Эйр” барои муштариёни ҳамешагияш узвият дар клуби элитаи -100-ро пешниҳод мекунад. Ва пас аз парвози рақами 14 шумори милажҳои Мундуқбой ва Умед Юсуфов низ барои узвият ба ин клуб кофӣ гардид ва онҳо вориди “Клуб-100” шуданд. Муборак бошад!

Вале бояд гуфт, ҳар ду бо азобе. Дар даври 14-ум Мундуқбой аз фурӯши албоми сурудҳои кӯҳна, о, бахшиш, классикияш танҳо ду доллар, охир хол, ба даст овард. Умед Юсуфов бошад фақат се хол гирифта тавонисту халос.

Дасти Мақсудҷон дар китфи акаи Саид

Ва тағйироти назаррасе, ки дар ин давр рух дод, он буд, ки Мақсудҷон то ба Саиди Регарӣ расид. Аниқтараш, ин акаи Саид то ба назди Мақсудҷон афтид.

Ҳамакнун, Ману аз рақибони наздиктарини худ аллакай 22 хол пеш аст ва пешсафиро аз дасти Ману гирифтан дигар кори осон нахоҳад буд. Ману, тавре гуфтем, дар Ғолиби ҳамаи даврҳо низ аллакай қариб дастнорас шудааст. Ба фикрам, барои футболдонҳои дигар танҳо ду роҳ боқӣ мондааст – талош барои шикастани рекорди як давр, ки 19 хол аст, ва ё роҳи дигар қатъ кардани интернети Ману ва ӯро дар ягон оғиле маҳкам кардан барои се давр, то ҳама холҳояшро аз даст бидиҳад.

ҲАМЧУНИН БИХОНЕД!

Cе истгоҳи аввали “Футболдон”

Афандӣ рекордро такрор намуд

Дили рекордовар

Даври саиди Саид ва back-up аз Ману

Иштирок дар даври 15-умро фаромӯш накунед!

Advertisements