“Вахш”-и Тоҷикистон нахустин даста дар Осиё хоҳад буд, ки таҷрибаи бозӣ бо панҷ доварро хоҳад санҷид.

Конфедеросюни футболи Осиё хабар додааст, ки дар моҳи сентябри соли ҷорӣ дар бозиҳои марҳилаи ниҳоии Ҷоми раиси КФО таҷрибаи истифода аз панҷ доварро роҳандозӣ хоҳад кард.

Ҳамин гуна, ин сабқат, ки охири моҳи сентябр дар Мянмар доир хоҳад шуд, аввалин “мушаки таҷрибави”-и довари иловагӣ аз паси дарвоза хоҳад буд.

Дар сурати комгории ин таҷриба истифода аз панҷ довар дар дигар сабқатҳо низ рӯидаст гирифта хоҳад шуд.

Аврупо низ дар бозиҳои Лигаи Аврупояш соли гузашта аз чунин таҷриба кор гирифта буд, вале Осиё мехоҳад таҷрибаи худашро доир бикунад ва натиҷаро бо чашмони худ бубинад.

Ёдовар мешавам, аввалин бозии Ҷоми раиси КФО рӯзи 24-уми сентябр дар Янгон миёни дастаи маҳаллии “Яданарбон” ва “Вахш”-и Тоҷикистон сурат хоҳад гирифт. Дар сурати ғалабае, ки тамоми Тоҷикистон интизораш аст, “Вахш” дар бозии ниҳоӣ барои Ҷом бо ғолиби ҷуфти “Дордой” (Қирғизистон) – МТТУ (Туркманистон) шапошап хоҳад кард.

Advertisements