Ҳокии натиҷаҳо – «Вахшклуб»

Даври 17-ум
25-уми июл (якшанбе)
«Энергетик» 0:4 «Истиқлол» (Фарҳод Тоҳиров ва Юсуф Рабиев 2 голӣ)
«Хайр» 2:0 «Регар» ТадАЗ (Ҷамолиддин Оев, Обид Исмоилов)
«Парвоз» 1:1 ССКА «Помир»

«Регар» ТадАЗ шаҳди дуввумин шикасти пайидарҳамро чашид. Ин дафъа шикасти боз ҳам мушкилтар. Аз дастае, ки аввалин бор дар Лигаи Олӣ бозӣ мекунад ва бо таносуби ду гол.

«Хайр» бо ин ғалаба барои худ ҷойи саввумро баргардонид ва ҳамакнун, ин ҷойро ба осонӣ аз даст нахоҳад дод. Вале «Регар» ТадАЗ бо ин бохт ҷойи аввалро умуман аз даст дод ва акнун дар марҳилаҳои саввуму чаҳорум бояд ҷиддан аз пайи ислоҳи ин иштибоҳҳо бошад. Ҳол он ки барои турсунзодагиҳо дар даври охирин бозии хеле ҳам мушкил ва принсипиӣ дар Қурғонтеппа дар пеш аст. Бозие, ки аз эҳтимол дур нест, боиси шикасти саввуми пайидарҳами онҳо шавад.

Аз натиҷаи бозӣ дар Ваҳдат на танҳо мухлисони маҳаллӣ, балки мухлисони «Истиқлол» низ хеле хушҳол шуданд. Ду давр қабл онҳо кам умеде барои қаҳрамонӣ доштанд, ҳамакнун, онҳо қаҳрамони марҳилаи дуввум гардиданд. Дастаи Олимҷон Рафиқов дар як рӯзи пас аз дафни собиқ сармураббии «Энергетик» бачаҳои дилшикастаи барқиро бо чаҳор гол ранҷониданд.

Ин охирин бозии «Истиқлол» дар марҳилаи дуввум буд ва ҳамакнун, онҳо бо хотири ҷамъ ба бозиҳои Ҷом ва марҳилаи саввум омода хоҳанд шуд.

Як бозии дигари даври 17-ум дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба касе на хушҳолӣ ва на ҳузн овард. Ба ҳар ҳол, «Парвоз» ҳанӯзам имкон дорад, ки ҷойи пеш аз охирро ба «Хуҷанд» бозгашт бидиҳад, зеро, ба эҳтимоли зиёд, шояд бозии «Парвоз» бо «Равшан» пеш аз мӯҳлат дар худи Бобоҷон Ғафуров доир шавад, чун кӯлобиҳо бо варзишгоҳ мушкил доранд. Ҳарчанд, шояд онҳо барои ба даст овардани ғалабаи нахустин суӯдиҳоро ба Восеъ маҷбур бикнуанд, ки бираванд.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа то 31-уми июл

Ҷой  Дастаҳо Б П М Ш Т/T Х
1. «Истиқлол» (Душанбе) 16 12 4 0 37-9 40
2.  «Регар»ТадАЗ (Турсунзода) 15 11 2 2 45-10 35
3. «Хайр» (Ваҳдат) 15 8 3 4 25-17 27
4. «Вахш» (Қӯрғонтеппа) 15 7 4 4 17-13 25
5. ССКА«Помир» (Душанбе) 15 4 6 5 16-22 18
6. «Энергетик» (Душанбе) 15 4 3 8 17-27 15
7. «Хуҷанд» (Хуҷанд) 15 3 5 7 19-27 14
8. «Парвоз» (Б.Ғафуров) 15 3 3 9 17-30 12
9. «Равшан» (Кӯлоб) 15 0 2 13 7-44 2

Голзанҳои беҳтарин: Юсуф Рабиев («Истиқлол») – 17 гол, Давронҷон Тухтасунов («Регар» ТадАЗ) – 12, Жаилтон Оливейра («Регар» ТадАЗ) ва Мирзобек Мирзоев («Хайр») – 8-голӣ

Даври 18-ум
31-уми июл (шанбе)
«Вахш» – «Регар» ТадАЗ
«Хайр» – «Хуҷанд»
1-уми август (якшанбе)
«Равшан» – «Парвоз»
ССКА «Помир» – «Энергетик»

Advertisements