Сармураббии “Криля Советов” Юрий Газзаев пас аз мусовии комгорона бо “Спартак”-и Маскав аз маснади худ истеъфо дод.

Дар бораи сабабҳои истеъфои худ Юрий Газзаев як қатор сабабҳои зиёдеро овардааст. Ин истеъфоро расонаҳои русӣ ҳамчун як қадами дигари дастаи шаҳри Самара ба сӯи Лигаи аввал номидаанд ва ҳам илова кардаанд, ки ҷойи ин даста ҳамон Первий Дивизион мебошад.

Соккер.Ру бошад, навиштааст, бозигароне, ки ба “Криля” омадаанд, аз ноилоҷӣ дарвозаи шаҳри Самараро боз кардаанд, зеро, агар интихоби дигаре медоштанд, дар акси ҳол онҳо ба Самара ба ҳеҷ ваҷҳ намеомаданд.

Яке аз ин бозигарон фарангии тоҷик Фарҳод Восиев аст, ки соли гузашта ситораи дурахшони дубли “Сатурн” буд. Дар замони раҳбарии Юрий Газзаев фарангии тоҷик Фарҳод Восиев хеле кам ба ҳайъати асосӣ ҷалб мешуд ва асосан дар мизи эҳтиётӣ менишаст. Дар бозии охирин бо “Спартак” Фарҳодро ҳатто дар ҳамон мизи эҳтиётӣ низ дидан мумкин набуд. Танҳо дар бозии дублҳо ӯ дар қисми дуввум каме футболбозӣ кард.

Advertisements