Акмал Холматов бо пирӯзӣ оғоз кард


Нахустин бозии расмии Акмал Холматов дар Эрон бо пирӯзии дастааш – “ПОС” анҷом пазируфт.

Дастаи фарангии тоҷик дар варзишгоҳи худ, ё тавре худашон мегӯянд дар замини худ, дар Ҳамадон, дар бозии даври аввал ва ё ба қавли эрониҳо, ҳафтаи аввали рақобатҳо барои Ҷоми Халиҷи Форс бар дастаи “Мис”-и Кирмон бо ҳисоби як бар сифр ғолиб омад.

Голи ягонаи ин бозиро ҳамадониҳо дар дақиқаи 63-юм заданд. Акмал Холматов яке аз чеҳраҳои асосии дастаи шаҳри Ҳамадон буд ва тамоми 90 дақиқа иҷрои зарбаҳои ҷаримавӣ ба сӯи дарвозаи рақиб бар дӯши фарангии тоҷик вогузор шуда буд. Вале мутаассифона зарбаҳои Акмал ё ба девори бозигарон (стенка) рост меомаданд ва ё аз назди дарвозаи каме дуртар мегузаштанд.

Ба ҳар навъ, талошҳои Акмал Холматов аз чашми сармураббияш Алиасғар Мудир Русто дур намонданд ва сармураббии дастаи шаҳри Ҳамадон пас аз бозӣ дар ҷамъи хабарнигорон махсусан аз Акмал Холматов қадрдонӣ кард ва гуфт, бо чунин бозӣ фарангии тоҷик дар Ҳамадон ояндаи хубе хоҳад дошт.

Дар сабқати қаҳрамонии Эрон, ки рӯзи 26-ум оғоз шуд, 18 даста иштирок доранд. Дар ҳафтаи дуввуми сабқати қаҳрамонии Эрон ҳамадониҳо ба меҳмонии Стил Озин ба шаҳри Теҳрон мераванд.

Advertisements

One thought on “Акмал Холматов бо пирӯзӣ оғоз кард

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s