Рашид Раҳимов, сармураббии “Амкар”-и Перм, пас аз бозии даври 14-уми Премйер-Лигаи Русия 20.000 рубли русӣ ҷарима баста шуд.

Иттиҳоди футболи Русия собиқ бозигари маъруфи “Помир”-и Душанбе ва мунтахаби Тоҷикистонро барои ҳини бозӣ берун омадан аз маҳалли техникӣ муҷрим донист ва ҷарима баст.

Дастаи Рашид Раҳимов дар бозии даври 14-ум дар майдони худ аз ҳамсояаш дар ҷадвал – “Сатурн”, бо як голи бепосух шикаст хӯрд. Ин шикаст “Амкар”-ро як давр қабл аз анҷоми нимаи аввали мавсими имсола ба маҳалли хатар – ҷойи 14-ум бурдааст ва дар даври оянда ҳатто эҳтимоли он ҳам вуҷуд дорад, ки Перм дастаи худро дар охири охир бубинад.

Дар даври охирини марҳилаи аввал Рашид Раҳимов дастаашро ба Налчик мебарад, ба ҷое, ки холе гирифтан дар он макон корест хеле душвор.

Намедонам, ин нокомиҳо то чӣ андоза рӯи офтоби Рашид Раҳимов дар Перм соя меафкананд.

Advertisements