Дастаи муҳоҷирони кории тоҷик ғолиби як сабқати футболӣ дар шаҳри Братски Русия гардид.

Ин сабқат миёни созмонҳои ғайритиҷоратии шаҳри Братск доир гардид ва бозигарони тоҷик дар ин сабқат дар ҳамаи ҳашт бозӣ пирӯз гардида, ҷойи аввалро гирифтанд.

Мавҷуда Анварӣ, хабарнигори хабаргузории давлатии “Ховар” навиштааст, дар бозии ниҳоӣ футболбозони тоҷик дастаи арманиҳоро бо ҳисоби 7:4 шикаст додаанд. Ба навиштаи “Ховар”, ин бозиро беш аз 500 мухлиси тоҷик тамошо кардаанд.

Раиси Иттиҳоди тоҷикистониёни Русия Абдулло Давлатов низ махсус аз Маскав ба Братс рафтааст, то қаҳрамонии ҳамватанонашро ҷашн бигирад ва табрик бигӯяд.

Advertisements