Қуръаи сабқати имсол нолозиме бо номи Ҷоми Тоҷикистон кашида шуд. Дар он танҳо 5 даста аз Лигаи Олӣ ва 3 даста аз Лигаи аввал иштирок хоҳанд кард. Қаҳрамони феълии Тоҷикистон, дастаи “Вахш”-и Қурғонтеппа аз мубориза барои Ҷом даст кашид.

Тавре, торнигори расмии қаҳрамон менависад, сабаби даст кашидани “Вахш” аз иштирок дар Ҷоми Тоҷикистон мушкилоти молие мебошад, ки феълан мувоҷеҳаш аст.

Маҳз бо мушкилоти молӣ ССКА “Помир”, “Парвоз” ва “Равшан” низ аз мубориза барои Ҷом даст кашидаанд.

Аммо ба ҳар ҳол, Хатлон ва Суғд барои Ҷом талош хоҳанд кард. Шарафи Суғдро “Хуҷанд” ва номуси Хатлонро дастаи Лигаи аввал – “Ҳулбук”-и Восеъ ҳимоя хоҳанд кард, ки дар даври аввал миёни ҳам нерӯ месанҷанд.

Эҳтимол вуҷуд дорад, ки имсол дар бозии ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон ягон дастаи Лигаи аввалро ҳам бубинем, чун дар он тарафи хат танҳо “Хуҷанд” дар рӯбарӯи дастаҳои Лигаи аввал истодааст ва дастаи шаҳри бостонӣ имсол на он қадар нерӯ дорад.

Бозиҳои марҳилаи чаҳорниҳоии Ҷоми Тоҷикистон рӯзҳои 25-ум ва 26-уми август ва бозиҳои ҷавобӣ дар рӯзи нахустини тирамоҳ ва Занги Аввал доир хоҳанд шуд.

Ҷуфтҳои чаҳорниҳоӣ

1. «Истиқлол» (Душанбе) – «Энергетик» (Душанбе)

2. «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – «Хайр» (Ваҳдат)

3. «Шодмон» (Ҳисор) – «Рангон-Газ» (Рудакӣ)

4. «Хуҷанд» (Хуҷанд) – «Ҳулбук» (Восеъ)

Ҷуфтҳои нимниҳоӣ

Ғолиби «Истиқлол»/«Энергетик» – Ғолиби «Регар-ТадАЗ»/«Хайр»

Ғолиби «Шодмон»/«Рангонгаз» – Ғолиби «Хуҷанд»/«Ҳулбук»

Advertisements