Орзуи Устод Нарзуллоҳ Латифов


Бознашр аз “Миллат”

Сӯҳбати мо бо шореҳи маъруфи варзиш Нарзулло Латифов, раиси Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон, пас аз анҷоми мусобиқоти қаҳрамонии футболи ҷаҳон-2010 доир шуд. Ва ҳоло фишурдаи ин сӯҳбат  ба таваҷҷӯҳи шумо пешкаш мешавад.

– Хоҳиш дорем нахуст натоиҷи бозиҳои марҳалаи ниҳоии Ҷоми ҷаҳонии футбол-2010-ро шарҳ диҳед ва ҳамзамон андешаҳои худро перомуни сабқати ҷаҳонӣ баён созед.

– Марҳалаи ниҳоии Ҷоми ҷаҳонии футбол-2010, ки барои аввалин бор дар қораи Африқо баргузор шуд, хеле ҷолиб буд ва бо ҳама бурду бохти худ ба таърихи футболи ҷаҳон ворид гашт. Ин мусобиқоти ҷаҳонӣ, пеш аз ҳама, аз он ҷиҳат хотирмон буд, ки ба рӯйхати қаҳрамонҳои ҷаҳон номи боз як дастаи нав – Испания дохил шуд. Ёдовар мешавам, ки испаниҳо дар бозии ниҳоӣ тими Ҳолландро бо ҳисоби 1:0 шикаст доданд. Замони асосии бозӣ бидуни гол анҷом ёфт. Қаҳрамони нави футболи ҷаҳон дар замони изофӣ муайян гашт. Голи ягонаро Андрес Инйеста дар дақиқаи 116-ум ба самар расонд. Испания, ки соли 2008 қаҳрамони Аврупо гардидааст, барои бори аввал ба унвони қаҳрамони ҷаҳон даст ёфт. Дар воқеъ, Испания аввалин дастаи мунтахаб аст, ки дар таърихи футбол бозии нахустинашро бохта, қаҳрамони ҷаҳон шудааст. Испаниҳо дар сабқати гурӯҳӣ аз мунтахаби Швейтсария бо ҳисоби 0:1 мағлуб шуда буданд. Вале Ҳолланд, ки барои бори севум ба финали Ҷоми ҷаҳонии футбол баромада буд, ин дафъа низ шикаст хӯрд ва боз бо ҷои дуввум қаноат кард.

Аз 32 дастаи миллӣ, ки дар сабқати гурӯҳӣ ширкат дошт, 16 дастаи мунтахаб ба даври 1/8 ниҳоӣ роҳ ёфт. Вале ғайриинтизор ва нахустин бор дар таърихи Ҷоми ҷаҳонии футбол дастаи қаҳрамони амалкунандаи ҷаҳон – Италия дар сабқати гурӯҳӣ шикаст хӯрд ва бо 2 хол (2 мусовӣ бо Парагвай ва Зеландияи Нав бо ҳисоби якхелаи 1:1 ва бохт аз Словакия бо ҳисоби 2:3) дар гурӯҳи “F” дар ҷои охирин қарор гирифт. Бар замми ин Италия, қаҳрамони чоркаратаи ҷаҳон, дар даври муқаддамотӣ ягон ғалаба ба даст наовард. Собиқ қаҳрамони ҷаҳон Фаронса низ аз ҳаққи ширкат дар даври 1/8 ниҳоӣ маҳрум шуд. Фаронсавиҳо бозии аввалро бо Уругвай бо ҳисоби 0:0 анҷом дода, баъдан аз Мексика бо ҳисоби 0:2 ва Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ бо ҳисоби 1:2 шикаст хӯрданд ва бо 1 хол дар гурӯҳи “А” дар ҷои охирин қарор гирифтанд. Бохти Фаронса бохти сармураббии даста Раймон Доменек аст. Вай ҳайатро ба бозӣ бо ёрии гороскоп ё толеънома муайян мекард, бо бозигарон рафтори дағалона дошт.

Дар сабқати ҷаҳонӣ дастаи Гана, ки бозии хуб нишон дод, аз байни 6 дастаи мунтахаби африқоӣ (Алҷазоир, Камерун, Кот-д’Ивуар, Нигерия, Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ, Гана) ба 1/8 финал баромад ва бар ИМА бо ҳисоби 2:1 пирӯз шуда, ба чорякфинал роҳ ёфт. Вале Гана дар даври баъдӣ аз Уругвай бо ҳисоби 2:4 мағлуб гашт. Олмон дар бозӣ барои ҷои севум Уругвайро бо ҳисоби 3:2 шикаст дод.

Дар даври ҳаштякниҳоӣ боз як дастаи қаҳрамони собиқи ҷаҳон Инглистон, ки аз мунтахаби Олмон бо ҳисоби 1:4 шикаст хӯрд, аз идомаи мубориза барои Ҷоми ҷаҳон бенасиб монд. Ғайричашмдошт дар даври чорякниҳоӣ боз ду муддаии аслии Ҷоми ҷаҳон – Бразилия ва Аргентина ноком шуданд. Бразилиҳо аз дастаи Ҳолланд бо ҳисоби 1:2 ва Аргентина аз Олмон бо ҳисоби бузурги 0:4 шикаст хӯрданд. Ба ин тартиб аз 7 дастаи қаҳрамони собиқи ҷаҳон танҳо 2 даста – Уругвай ва Олмон ба нимфинал баромаданд. Вале ҳарду аз рақибонашон мағлуб шуданд. Уругвай бозии ниманиҳоиро ба Ҳолланд бо ҳисоби 2:3 бой дод. Олмон бошад, аз Испания бо ҳисоби 0:1 мағлуб гашт.

Бояд тазаккур дод, мунтахаби Зеландияи Нав ягона дастае буд, ки дар сабқати ҷаҳонӣ дар Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ бозиҳояшро набохтааст. Зеландия дар сабқати гурӯҳи “F” ду бозиро бо Словакия ва Италия бо ҳисоби якхелаи 1:1 ва бо Парагвай бо ҳисоби 0:0 анҷом дода, бо 3 хол ҷои севумро азони худ кард. Камерун ва Кореяи Шимолӣ бошанд, ҳарсе бозии сабқати гурӯҳиро бой доданд.

Дар хотири ман, ҳамчунин, аз бозиҳои Ҷоми ҷаҳонии футбол-2010 боз баъзе чизҳо нақш бастааст, масалан, голи бо даст задаи Луис Фабиануи бразилӣ ба дарвозаи мунтахаби Кот-д’Ивуар, голи ҳисобнашудаи Фрэнк Лемпарди инглис дар бозӣ бо олмониҳо, зарбаҳои нишонрас ва хеле олиҷаноби Диего Форлани уругвайӣ, ки барҳақ беҳтарин бозигар дониста шуд ва соҳиби “Тӯби тиллоӣ” гардид, сатҳи баланди ҳакамии сардовари аз ҳама ҷавони мусобиқот Равшан Ирматови узбакистонӣ, ки 9-уми август 33-сола мешавад, ва баръакс сатҳи пасти ҳакамии баъзе доварон, овози гӯшхароши вувузелҳо (карнайчаҳо).

– Ғолибияти Испания ва мағлубияти дастаҳои маъруфе мисли Олмон, Аргентина ва Бразилияро чӣ гуна шарҳ медиҳед?

– Ба назари ман Испания нисбат ба дастаҳои дигар пурқувваттар буд. Зеро дар ҳайати даста аз 23 бозигари ба дархости испаниҳо дар Ҷоми ҷаҳонии футбол-2010 дохилшуда 15 нафар қаҳрамони Аврупо буданд, ки ду сол муқаддам дар Австрия ва Швейтсария таҳти раҳбарии мураббии машҳур Луис Арагонес муваффақ гаштаанд. Ҳамчунин аъзои даста, аслан, бозигарони клубҳои машҳури Аврупо – “Реал” ва “Барселона” ҳастанд, ки дар мусобиқоти аврупоӣ баранда шудаанд. Дар нимаи аввали асри нав дар Испания насли бозигарони боистеъдод ба камол расид, ки онҳоро Арагонес дар як дастаи мунтахаб ҷамъ овард, дуруст ҷобаҷо кард ва баъди пирӯзӣ дар сабқати қитъавӣ дастаро тарк намуд. Ба сармураббии нави даста Висенте Дел Боске мероси хуб насиб шуд. Ӯ ба даста хуни тоза ворид кард, бо диди худ ба футбол дар даста баъзе тағйирот даровард, дар болои таҳкурсии боэътимоди гузоштаи Арагонес хонаи зебое бунёд сохт. Бояд гуфт, ки Дел Боске дар сабқати ҷаҳонӣ дар Африқои Ҷанубӣ ягон иштибоҳ накардааст. Дастааш дар мавриди зарурат қувваи бештаре сарф менамуд, вале агар барои ғалаба неруи зиёд лозим набошад, оромона бозӣ мекард. Ҳамаи бозигарон дар ҷои худ буданд, камбудиҳои якдигарро зуд ислоҳ менамуданд. Дастаи Испания автомат ё худкореро ба хотир меовард, ки ба зарфҳо баробар об мерехт, ягон қатра зиёд не. Панҷ ғалабаи даста бо фарқияти як тӯб буд, танҳо Гондурасро бо ҳисоби 2:0 шикаст додааст.

Ҳамин тариқ 50 дар сади муваффақияти Испания ба Луис Арагонес, 40 фисад ба тасмимҳои дурусти Дел Боске ва 10 фисад ба омади кори испаниҳо бастагӣ дорад. Бе дов на дар бозии футбол ва на дар бозии лотерея бурд намекунӣ. Испания аз латхӯрии ҷиддии бозигарони асосӣ ҳам дар ҷараёни омодагиҳо ба Ҷоми ҷаҳонӣ ва ҳам дар сабқати ниҳоӣ, хатоҳои дағали дарвозабон, хатоҳои доварон муқобили даста, автоголҳо (голҳо ба дарвозаи худ) ва силсилаи зарбаҳои 11-метраи баъди бозӣ орӣ буд. Чунон ки дар футбол мегӯянд, кори зӯртаринҳо омад мекунад. Ва ин маҳз дар Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ рух дод.

Ба гуфтаи футболбози инглис Гарри Линекер “ба футбол 22 нафар бозӣ мекунанд, вале ҳамеша немисҳо пирӯз мешаванд”. Ба назари ман ҷои севум барои дастаи мунтахаби Олмон, ки аслан бозигаронаш ҷавонанд, натиҷаи хуб аст. Вале, мутаассифона, кори дастаҳои Бразилия ва Аргентина, ки ба назари коршиносон зеби финал доштанд, омад накард. Барои ин ду даста ҳама ҷойҳо, ба ғайр аз ҷои аввал, шикаст ҳисоб мешавад. Бразилия, қаҳрамони 5-каратаи ҷаҳон, бозии бесубот нишон дод. Аргентина ҳарчанд дар сабқати гурӯҳӣ ва даври 1/8 ниҳоӣ хуб бозӣ кард, вале дар чаҳорякфинал шарманда шуд. Нокомии ҳарду дастаро ба кори мураббиён марбут медонанд. Бо вуҷуди ин сармураббии дастаи Аргентина Диего Марадонаро дар ватанаш бо хушҳолӣ ва мусолиҳакорона истиқбол карданд. Ба ӯ ҳатто пешниҳод намуданд, ки дар вазифаи сармураббӣ корашро идома бидиҳад. Вале сармураббии дастаи Бразилия Дунгаро зери тозиёнаи танқид гирифтанд. Бразилия ҳуқуқ надорад, ки бад бозӣ кунад, ҳуқуқ надорад, ки бозиро бой диҳад. Ҳарчанд Бразилия дар Ҷоми ҷаҳонии футбол дар Африқои Ҷанубӣ нисбат ба Аргентина хубтар бозӣ кард, вале ба мисли аргентинагиҳо дар чорякфинал шикаст хӯрд.

– Акнун чанд саволи дигар дар мавриди футболи тоҷик. Ба назари Шумо иштирок ва ғолибият дар мусобиқоти Ҷоми ҷаҳонии футбол барои Тоҷикистон орзуи амалишаванда аст?

– Ба назари ман иштирок дар сабқати ниҳоии Ҷоми ҷаҳонии футбол орзуи амалишаванда аст, вале на дар солҳои наздик. Мегӯянд, ки “Зиндагӣ бе орзу ширин набуд, зиндагиро орзу ширин намуд”. Ва мо ҳам орзу мекунем, ки Тоҷикистонро дар марҳилаи ниҳоии Ҷоми ҷаҳонии футбол бубинем.  Ва аммо ғолибият дар сабқати ҷаҳонӣ барои Тоҷикистон, ба фикрам, хобу хаёл аст. Бояд тазаккур дод, дар тӯли 80 сол ҳамагӣ 8 дастаи миллӣ ба унвони қаҳрамони ҷаҳон даст ёфтааст. Бразил 5 бор, Итолиё 4 маротиба, Олмон 3 бор, Уругвай ва  Аргентина 2-борӣ, Инглистон, Фаронса ва Испания якборӣ Ҷоми ҷаҳонро ба даст овардаанд. Вале бисёр кишварҳои бузургу пешрафтаи ҷаҳон, ки орзуи дарёфти Ҷоми ҷаҳонии футболро доранд, то ҳоло комёб нашудаанд.

– Воқеъан, мушкилоти ҷиддии футболи тоҷик, аз нигоҳи Шумо, имрӯз чист? Ва барои рушди минбаъдаи футбол дар кишвар, ба андешаи Шумо, чӣ корҳоро анҷом додан зарур аст?

– Футболи Тоҷикистон имрӯз ба мушкилоти зиёд мувоҷеҳ аст. Ба назари ман масъалаи аз ҳама асосӣ сармоягузорист. Танҳо баъди ҳалли он дар бораи ҳамаи масоили дигар ҳарф задан мумкин аст. Воқеъан, табиати Тоҷикистони мо имкон  медиҳад, ки тамоми сол ба футбол машғул шавем, зеро иқлими мусоид дорем, вале, мутаассифона, бисёр майдонҳои футболи мамлакат барои тамрину бозии футбол созгор нестанд.

Футбол дар Тоҷикистон ҳамчун риштаи аввали варзиш эътироф шудааст, бинобар ин ба ғамхорӣ ва дастгирии ҳамаҷонибаи давлату ҳукумат ниёз дорад. Тӯли 17 сол пас аз қабули қарори Ҳукумати Тоҷикистон дар бораи рушди минбаъдаи футбол дар ҷумҳурӣ, ки танҳо рӯи коғаз монда буд, ягон ҳуҷҷати давлативу ҳукуматӣ оид ба инкишофи футбол қабул нашудааст. Зимнан, ман дар як номаи саркушодаи худ моҳи апрели соли 2008 ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи роҳҳои ҳалли мушкилоти варзиш дар кишвар, аз ҷумла футбол, якчанд пешниҳод карда будам, ки аз ҷумла инҳоянд: таҳия ва қабули барномаи рушди футбол дар кишвар барои 5-10 соли оянда аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ, сарпарастии дастаи мунтахаби миллии футболи мамлакат аз ҷониби корхонаҳои аз ҷиҳати молӣ тавоно ва тоҷирони қавӣ, дар риштаи футбол баргузор кардани мусобиқоти кушода барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо даъвати дастаҳои кишварҳои дигар.

Дастаи мунтахаби миллии кишвар бояд база ё урдугоҳи хуби замонавии таълимию тамринӣ дошта, аз ҷиҳати моддию молӣ комилан таъмин бошад. Дастаи мунтахаб ба ҷуз ширкат дар мусобиқоти расмӣ, ҳар сол камаш 4-5 бозии дӯстона бо дастаҳои миллии кишварҳои дигар анҷом бидиҳад. Ба ҳайати дастаи миллӣ дар баробари беҳтарин бозигарони бошгоҳҳои футболи маҳаллӣ, ҳатман легионерҳо – шогирдони футболи тоҷик аз кишварҳои дигар даъват карда шаванд.

Мутаассифона, ҳоло сатҳи баргузории мусобиқоти қаҳрамонии кишвар паст аст ва теъдоди дастаҳои пурқувват низ кам мебошад. Аз ин рӯ мубориза барои медалҳои мусобиқот, аслан, миёни се-чор даста сурат мегирад. Бисёр дастаҳо сарпараст надоранд ва ба иллати камбуди маблағ мусобиқотро то охир бо мушкилоти зиёд анҷом медиҳанд. Боиси нигаронист, ки имрӯз дастаи қаҳрамони кунунии Тоҷикистон – «Вахш»-и Қӯрғонтеппа бе сарпараст мондааст ва дар ҳолати ногувор қарор дорад.

Дар бораи футболи касбӣ сухан ронда, мо бояд фаромӯш насозем, ки таҳкурсии он футболи кӯдакону наврасон маҳсуб мешавад. Аз ин хотир мо бояд ба ин масъала таваҷҷӯҳи бештар зоҳир карда, ба эҳёи мактабҳои махсуси футбол, ки дар даврони шӯравӣ хеле хуб фаъолият доштанд, аҳамияти аввалиндараҷа бидиҳем. Вале боиси таассуф аст, чунин мактабҳо, ки теъдодашон дар ҷумҳурӣ хеле коҳиш ёфтааст, дар вазъи ногувор қарор доранд. Бисёр мураббиёни хуби футболи кӯдакону наврасон Тоҷикистонро тарк карданд. Ин аст, ки ҳоло мутахассисони ботаҷриба ангуштшуморанд.

Ман хуб дар хотир дорам, ки солҳои пеш дар Душанбе кӯдакону наврасон ба футбол шавқи бендоза доштанд ва дар майдонҳои наздиҳавлигӣ  бозӣ мекарданд. Аммо феълан чунин манзараҳои гуворо кам ба чашм мерасад. Боиси нигаронист, ки теъдоди наврасони нашъаманд дар ҷумҳурӣ сол то сол меафзояд ва ҷиҳати пешгирӣ кардани наврасону ҷавонон аз корҳои ношоям, ба варзиш, бавижа ба футбол, ҷалб кардани онҳо мувофиқи матлаб аст.

– Ақидаи Шумо дар бораи ҷалби мутахассисону футболбозони хориҷӣ ба дастаҳои Тоҷикистон чӣ гуна аст?

– Ин корро, албатта, дар сурати сармоягузории кофӣ ва доштани маблағи зарурӣ ба ҷо овардан аз фоида холӣ нест. Зеро барои он ки ҳар як шахс камол ёбад, бояд дар паҳлӯи вай одами пурқувват бошад. Вақте чунин одам нест, ки аз вай биомӯзад ва дигарон заифанд, ӯ камол ёфта наметавонад. Солҳои охир ҷалби футболбозони хориҷӣ ба дастаҳои лигаи олии футболи кишвар ба назар мерасад. Вале маҳорати легионерҳо аз Гана, Бразилия ва Ӯзбекистон, ки дар айни ҳол дар дастаҳои ССКА «Помир»-и Душанбе, «Регар» ТадАЗ-и Турсунзода, «Вахш»-и Қӯрғонтеппа ва «Хуҷанд»-и Хуҷанд бозӣ мекунанд, аз бозигарони худӣ он қадар тафовут надорад. Ҳол он ки дараҷаи бозии легионер бояд аз аъзои дигари даста хеле баланд бошад. Вале агар аз рӯи инсоф ё адолат бигӯем, бозии легионерҳои имрӯзаи футболи тоҷик ба маоши мегирифтаи онҳо мувофиқ аст. Дастаҳои футболи мо ба мисли клубҳои футболи Ӯзбекистони ҳамсоя ҳанӯз имкони пардохти маблағи футболбозони машҳур ва мураббиёни варзидаи хориҷиро надоранд. Ягона дастае, ки имрӯз мувофиқи имконоташ ба вазифаи сармураббӣ собиқ бозигари «Помир»-и Душанбе Олимҷон Рафиковро даъват кардааст, «Истиқлол»-и Душанбе мебошад. Ҳамчунин набояд ба дастаҳои пурқуввати кишварҳои дигар даъват шудани футболбозони тоҷик монеа шуд. Чунки онҳо маҳорати касбиашонро баланд мебардоранд ва таҷрибаи андӯхтаашон дар ҳайати дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон дар бозиҳои байналмилалӣ ба кор меояд.

– Дар охири сӯҳбат таманниёти Шумо ба футболи тоҷик.

– Орзу дорам, ки футболи тоҷик, ақаллан, ба дараҷаи охири солҳои 80-ум ва аввали солҳои 90-уми асри гузашта бирасад.

– Ташаккур барои сӯҳбат.

Advertisements

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s