“Энергетик” барои дуввумин бор дар имсол сармураббияшро иваз мекнуад. Дастаи шаҳри Душанбе пас аз бохт аз ССКА “Помир” сармураббии худ Алиёр Ашӯрмамадовро ба истеъфо фиристод. Алиёр Ашӯрмамадов дуввумин сармураббии “Энергетик” дар мавсими имсола аст, ки маснади сармураббигии дастаи шаҳри Душанберо тарк мекнуад. Қаблан, шодравон Ибодулло Қаюмов, ки чанд вақт пеш даргузашт, “Энергетик”-ро тарк карда буд.

Аммо зери раҳбарии Алиёр Ашӯрмамадов, ки ҳамзамон сармураббии мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон мебошад, дастаи «Энергетик» дар Лигаи Олӣ 9 бозӣ доир карда, 3 пирӯзӣ ба даст овардааст ва дар панҷ бозӣ шикаст хӯрдаву, як бор сулҳ кардааст.

Президенти дастаи «Энергетик» Хотам Холмуродов ба хабаргузории “Варзиш-Спорт” гуфтааст, сабаби истеъфои Алиёр Ашӯрмамадов натиҷаҳои номатлуби даста дар Лигаи Олӣ мебошад.

Вале, хабаргузорӣ менависад, эҳтимол сабаби ин истеъфо ҷанҷоле миёни сармураббӣ ва раиси даста Олим Ванҷаков мебошад, ки пас аз бохт аз ҳамшаҳриёни ҳарбияшон ба муштзанӣ табдил ёфтааст.

Феълан, тарбияи бозигарони даста муваққатан бар дӯши бозигари собиқи мунтахаби Тоҷикистон Аҳлиддин Турдиев, ки ёвари Алиёр Ашӯрмамадов буд, вогузор шудааст.

Як ёвари сармураббии дигар дар Лигаи Олӣ низ дастаашро иваз кардааст.

Мураббии шоистаи Тоҷикистон ва ёвари Аслиддин Ҳабибуллоев дар “Вахш” – Мубин Эргашев ҳамакнун, ба Олимҷон Рафиқов дар “Истиқлол” ёвар хоҳад буд.

Advertisements