Ду бозигари қаҳрамони Тоҷикистон – “Вахш”-и Қурғонтеппа ду марҳилаи боқимондаи мавсими имсолаи Лигаи Олиро дар ҳайъати “Регар” ТадАЗ хоҳанд гузаронид.

Нӯъмон Ҳакимов, ки хабари ҷанҷолаш бо сармураббияш Аслиддин Ҳабибуллоев нашр шуда буд, ва фарангии африқоӣ Арий Элайҷа ба Турсунзода кӯч бастанд ва аллакай тамрин дар дастаи навашонро оғоз кардаанд.

Ҳокии ин хабар, “Варзиш-Спорт”, навиштааст, когазбозиҳои ин таъвизот аллакай паси сар шудаанд, вале дар бораи маблағи ин таъвизот чизе гуфта намешавад.

Муҳоҷими номдори мунтахаби Тоҷикистон Нӯъмон Ҳакимов ахиран изҳор дошт, ки бо сармураббӣ Аслиддин Ҳабибуллоев гапашон напухт, ва аз ин рӯ, бозӣ дар ҳайъати “Вахш”-ро комилан қатъ мекунад. Аммо маъмурияти даста ба хабаргузории “ВС” гуфтааст, Нӯъмон Ҳакимов барои шикатсани қавоиди варзишӣ ба фурӯш гузошта шудааст ва ҳамчунин, ӯ ба нишони эътироз барои пардохт накардани маош аз баромадан ба майдон саркашӣ кардааст.

Дар аввал гуфта мешуд, “Хуҷанд” омода аст, ки Нӯъмонро ба шимол бибарад. Аммо ҳамакнун хабар нашр шуд, ки дастаи шаҳри Турсунзода пешдастӣ кардааст.

Дар мавсими имсола Нӯъмон Ҳакимов дар ҳайъати қаҳрамонҳо дар 11 бозӣ ба майдон даромада, дар ҷамъ 919 дақиқа бозӣ карда, ва 5 гол задааст.

Муҳофизи 22-сола аз Гана танҳо феврали ҳамин сол аз Қирғизистон ба Қурғонтеппа омада буд. Дар 14 бозии Лигаи Олӣ Арий 961 дақиқа дар майдон буд ва дастовардаш ҳам иборат аз се корти зард буд.

Advertisements