Дар рейтинги августии ФИФА, ки имрӯз, 11-уми август, нашр шуд, Тоҷикистон 11 зина поинтар рафта, мақоми 148-умро гирифтааст. Ин яке аз бадтарин уфтҳо барои Тоҷикистон дар таърихаш мебошад. Мақоми навашро Тоҷикистон бо Лубнон ва Мадагаскар ба ҳам мебинад. Ҳамсояш дар ошёнаи болотар Гвинеяи Экваториалӣ мебошад.

Тоҷикистон имсолро дар рейтинги ФИФА хеле хуб оғоз карда ва ду бор бо қадамҳои бузург-бузург ба сӯи пеш ҳаракат карда буд. Вале баъдан ба поинравӣ оғоз кард ва ҳанӯзам афтида, истодааст ва ба назар мерасад, ин афтишҳо идома хоҳанд кард.

Руандаро дар назди худ ҳадаф гузоштаем, ки дар ин рейтинг мегузарем, Руанда дар ин моҳ ду зина боло рафта, ба ҷойи 111-ум омадааст. Агар ин кишвар худаш наафтад, ба фикрам, мо онҳоро намегузарем ва ҳадафамонро иҷро намекунем. Руанда, биафт!

Даҳгонаи беҳтарини ҷаҳон дар рейтинги ФИФА: 

  • 1) Испониё
  • 2) Ҳолланд
  • 3) Бразил
  • 4) Олмон
  • 5) Аргентина
  • 6) Уругвай
  • 7) Инглистон
  • 8- Португалия 
  • 9) Миср
  • 10) Чилӣ

Дар даҳгонаи аввал комилан ягон тағйире дар муҷоиса бо рейтинги қаблӣ нест.

Даҳгонаи беҳтарини Осиё дар рейтинги ФИФА (дар қавс мақоми мунтахаб дар рейтинги ҷаҳонӣ): 

  • 1) Австралия (20)
  • 2) Ҷопон (32)
  • 3) Кореяи Ҷанубӣ (44)
  • 4) Эрон (65)
  • 5) Баҳрайн (68)
  • 6) Арабистони Саудӣ (70)
  • 7) Чин (77)
  • 8 – Уммон (81)
  • 9) Кувайт (85)
  • 10) Узбакистон (88)

Дар даҳгонаи осиёӣ танҳо як тағйирот ба вуҷуд омадааст. Баҳрайн мавқеъи оли Саъудро танг кард.

Тоҷикистон дар рейтинги осиёӣ чаҳор зина поинтар рафта, мавқеъи 28-умро гирифтааст. Ҳамакнун, дар Осиё ҳатто Малдиву Мянмар ҳам аз мо пештаранд.

Собиқ Шӯравиён дар рейтинги ФИФА: 

  • 16) Русия
  • 24) Укроин
  • 49) Латвия
  • 52) Литва
  • 78) Беларус
  • 88) Узбакистон
  • 89) Молдова
  • 94) Эстония
  • 96) Арманистон
  • 105) Озарбойҷон
  • 110) Гурҷистон
  • 125) Қазоқистон
  • 133) Туркманистон
  • 148) Тоҷикистон
  • 163) Қирғизистон

Шӯравиён дар рейтинги ҷаҳонӣ кадоме поин, кадоме боло рафтаанд. Дар миёни худ ҳеҷ касе аз ҳеҷ касе боло ва поин нарафтааст.

Ҷойҳои охирин дар рейтинги ФИФА:

  • 202) Сан-Марино
  • 202) Ангила
  • 202) Монтсеррат
  • 202) Самоаи амрикоӣ
  • 202) Ҷумҳурии Африқои марказӣ
  • 202) Папуа-Гвинеяи Нав

Беҳтарин нишондоди мунтахаби Тоҷикистон дар рейтингҳои ФИФА дар таърихаш ҷойи 114-ум дар моҳи июли соли 1997 мебошад. Бадтарин нишондоди Тоҷикистон ҷойи 180-ум дар боз ҳам июли 2003 мебошад. Беҳтарин болоравияш 27 мақом дар моҳи июни соли 1997 мебошад. Бадтарин уфташ – 18 мақом дар октябри соли 2006 мебошад.

Advertisements