Искандар Ҷалилов, фарангии тоҷики бозигар дар Русия, Маскавро ба Қазон иваз кард.

Искандар, ки ду соли ахир дар дубли  ССКА-и Маскав бозӣ мекард, ба «Рубин»-и Қазон гузашт. Дар нимаи аввали бозиҳои дублҳои Премйер-Лига Искандар Ҷалилов ҳамагӣ 7 бор ба майдон баромада буд ва охирон бораш ҳам рӯзи 5-уми май, ки корти сурх гирифт.

Фатҳулло Ҷалилов, падари бозигар, ва раҳбари мактаби футболии «Алмосӣ», ба хабаргузории «Варзиш-Спорт» гуфтааст, «Рубин» куллия ҳақ ба Искандар Ҷалиловро харидорӣ кардааст.

Дар «рубин» ба Искандар пероҳани рақами 84-ро додаанд. Ёдовар мешавем, ки дар «Рубин» аллакай ду тоҷикбачаи дигар – Парвиз Умарбоев ва Алишер Ҷалилов бозӣ мекунанд ва Алишер амӯзодаи Искандар ҳаст. Як амӯзодаи дигар аз оилаи Ҷалиловҳо – Манучеҳр дар «Локомотив-2» бозӣ мекнуад.

Искандар Ҷалилов 1-уми июни 1992 таваллуд шуда, соли 2004 ба мактаби фтуболии ССКА-и Маскав дохил шудааст. Дар солҳои 2008 то нимаи аввали соли 2010 дар дубли ССКА бозӣ мекард.

Искандар ҳамзамон номзад ба мунтахаби олимпии Тоҷикистон мебошад ва алорағми «ситора»-ҳои дигари футбол аз пӯшидани пероҳани футболие, ки пасаш Tajikistan навишта шудааст, ор намекунад.

Advertisements