“Регар” ТадАЗ дар як бозии санҷишӣ бар “Энергетик” бо ҳисоби 3:1 ғолиб омадааст. Ҳокии ин хабар, “Варзиш-Спорт”, навиштааст, голҳои ғолибонро Сардорбек Эминов (пеналти) ва Иброҳим Рабимов (ду бор) задаанд. Раҳмоналӣ Мирзозода то андозае бо голи худ хотири сармураббии нави худ Аҳлиддин Турдиевро шод кард.

Дар ин бозӣ барои нахустин бор собиқ қурғонтеппагиҳо Нӯъмон Ҳакимов ва Арий Элайҷа пероҳани футболии дастаи шаҳри Турсунзодаро ба бар карданд. Бозӣ низ дар Турсунзода доир гардид.

Дар як бозии санҷишии дигар “Хайр”-и Ваҳдат низ бо ҳамин ҳисоби 3:1 бар “Шодмон”-и Ҳисор пирӯз шуд. Голҳои ваҳдатиёнро Низом Раҳимов, Синои Саидаҳрор ва Абдулло Турсунов заданд.

Advertisements