Пирӯзии муддаиёни унвони қаҳрамони футболи Тоҷикистон


Бознашр аз “Озодӣ.org”

Пирӯзии муддаиёни унвони қаҳрамони футболи Тоҷикистон

06.09.2010
Нарзуллоҳи Латиф

Рӯзҳои истироҳат, 4-ум ва 5-уми сентябр, бозиҳои даври 22-юми мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ баргузор шуданд. Муддаиёни унвони қаҳрамонӣ – «Истиқлол»-и Душанбе ва «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода пирӯзӣ ба даст оварданд
Дастаи «Истиқлол» дар майдони худ тими “Хуҷанд”-и Хуҷандро бо ҳисоби 2-0 шикаст дод. Голҳоро Фатҳулло Фатҳуллоев ва Нуриддин Давронов ба ҳадаф расонданд.

Дастаи «Регар-ТадАЗ» дар меҳмонӣ, тими ССКА «Помир»-ро бо ҳисоби 3-1 мағлуб кард. Се голи меҳмононро Хуршед Маҳмудов, Иброҳим Рабимов ва Нӯъмонҷон Ҳакимов ва як голи мизбононро Раҳматулло Фузайлов заданд.

Дастаи «Равшан»-и Кӯлоб дар варзишгоҳи «Пахтакор»-и Қӯрғонтеппа аз тими «Вахш» бо ҳисоби бузурги 0-4 шикаст хӯрд. Аҳтам Ҳамроқулов ва Рустам Усмонов дуголӣ ба самар расонданд.

Дастаи «Энергетик»-и Душанбе ба дарвозаи тими меҳмон – «Парвоз»-и Бобоҷон Ғафуров чаҳор голи беҷавоб зад.

Дар ҷадвали мусобиқот мисли пешин «Истиқлол» бо 49 имтиёз дар ҷои аввал, «Регар-ТадАЗ» бо 48 имтиёз дар ҷои дуввум ва «Хайр» бо 33 имтиёз дар ҷои севум қарор доранд.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқот

Ҷой Дастаҳо Б Ғ М Б Т/T И
1. «Истиқлол» (Душанбе) 19 15 4 0 42-9 49
2. «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) 20 15 3 2 58-12 48
3. «Хайр» (Ваҳдат) 19 10 3 6 32-23 33
4. «Вахш» (Қӯрғонтеппа) 19 9 5 5 24-19 32
5. ССКА«Помир» (Душанбе) 20 7 6 7 22-30 27
6. «Хуҷанд» (Хуҷанд) 20 5 5 10 26-37 20
7. «Энергетик» (Душанбе) 19 5 3 11 23-32 18
8. «Парвоз» (Б.Ғафуров) 20 4 3 13 21-41 15
9. «Равшан» (Кӯлоб) 20 1 2 17 14-59 5

Нишонзанҳои беҳтарин: Юсуф Рабиев («Истиқлол») – 18 гол, Давронҷон Тухтасунов (ССКА «Помир»/«Регар-ТадАЗ») – 13, Жаилтон Оливейра («Регар-ТадАЗ») – 10.

Даври 23-юм
9 сентябр (панҷшанбе)
«Регар-ТадАЗ» – «Истиқлол»
11 сентябр (шанбе)
«Хайр» – «Равшан»

12 сентябр (якшанбе)
«Вахш» – ССКА «Помир»
«Хуҷанд» – «Энергетик»

Ҷоми Тоҷикистон

Бозиҳои аввали 1/2 финалӣ

9 сентябр (панҷшанбе)
“Хуҷанд” – “Рангонгаз”

12 сентябр (якшанбе)
“Истиқлол” – “Регар-ТадАЗ”

5 thoughts on “Пирӯзии муддаиёни унвони қаҳрамони футболи Тоҷикистон

    • Sorry, I dont have ICQ, and I havent access to social networking websites such m-agent and moy mir where I am in now…so, email is the only way of communication…or I can give you my mob number in Bishkek – 0556 450 889, if you are in Dushanbe it costs you 18cents per minute to call to KYG from Babilon-M and Tcell (Indigo) numbers

  1. Хайр-Равшан 6-1
    Хайр баъди мохи шарифи рамазон чон гирифт. Равшан бошад баъди фурухтани ду бозингари хайати асосиаш (Зокир Абдулхайров ва Фаридун Рустамов бо дастаи Хучанд шартнома бастанд) бозихоро бо хисоби калон бохта истодааст.

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s