ON-LINE: Бозии Сол, Match of the Year: Tajikistan U16 – Uzbekistan U16. Tashkent, Pakhtakor Stadium.

Фардо, 28-уми октябр, дар шаҳри Тошкант, дар марҳилаи ниҳоии сабқати қаҳрамонии Осиё миёни бозигарони навраси зери 16-сола мунтахаби наврасони Тоҷикистон рӯбарӯи ҳарифони худ аз ҷумҳурии бародаронаи Узбакистон қарор мегиранд.

Дар ин бозӣ барои Тоҷикистон танҳо пирӯзӣ лозим аст. Вале пирӯзӣ бар Узбакистон дар ҳузури ҳазорҳо мухлис, ки бар зидди Тоҷикистон бо сабабҳои маълум ҳуштак хоҳанд кашид, осон нахоҳад буд.

“Футболи Тоҷикистон” ин сафҳаро боз карда, ба ихтиёри хонандагони худ мегузорад, то бо ҳамдигар дар ин ҷо сӯҳбат бикунанд, рафти бозиро ба ҳамдигар шарҳ бидиҳанд, аз хабарҳо ҳамдигарро огаҳ намоянд ва бо ҳам барои “Тоҷдорон” мухлисӣ намоянд.

Тоҷикистон, ба пеш!

Advertisements