Рустами Эмомалӣ – узви Шӯрои олимпии Осиё


Нарзуллоҳи Латиф, Ozodi

Рустами Эмомалӣ, писари калонии раисиҷумҳури Тоҷикистон ва ҳамлагари дастаи «Истиқлол»-и Душанбе, ки чанд рӯз пеш ба симати ноиби президенти Федеросиюни футболи Тоҷикистон таъин шуда буд, узви Шӯрои олимпии Осиё гардид.

Дар ин бора ба радиои Озодӣ Маликшоҳ Неъматов, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон ва ҳамзамон ноиби аввали президенти Кумитаи миллии олимпии кишвар, хабар дод.

Ба гуфтаи ҷаноби Неъматов, дар номаи Аҳмад Ал-Фаҳад Ал-Сабоҳ, раиси Шӯрои олимпии Осиё, ба унвони Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон гуфта мешавад, ки Рустами Эмомалӣ ба аъзогии ШОО қабул шуд ва ӯ барои ширкат дар ҷаласаи Шӯрои олимпии Осиё, ки пеш аз маросими кушоиши Бозиҳои осиёӣ дар шаҳри Гуанҷоуи Чин доир хоҳад шуд, даъват мешавад.

Рустами Эмомалӣ, ки 19-уми декабри соли ҷорӣ 23-сола мешавад, хатмкардаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мебошад. Вай ҷонишини раиси Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон ва сардори раёсати соҳибкории Кумитаи сармоягузорӣ ва амволи давлатӣ буда, моҳи феврали соли равон вакили Маҷлиси намояндагони шаҳри Душанбе интихоб шудааст.

Ёдовар мешавем, ки дастаи ташкилнамудаи Рустами Эмомалӣ – “Истиқлол”-и Душанбе барандаи дукаратаи Ҷоми Тоҷикистон, Суперкубок ё Ҷоми олии Тоҷикистон буда, дар мусобиқоти имсолаи қаҳрамонии Тоҷикистон байни тимҳои лигаи олӣ пешакӣ соҳиби медалҳои тилло шуд.

Advertisements

6 thoughts on “Рустами Эмомалӣ – узви Шӯрои олимпии Осиё

  1. Dear football fans in Tajikistan,
    I would like to invite you to visit our football social networking website http://unitedfootballfans.com/ and join our fan-club of Tajikistan. I would be very thankful if you upload some football photos from your country!
    Thank you very much!
    All the best!
    Pavel

  2. South Central Zone (three positions)

    The sub-continental trio of Ali Azim (Maldives), Praful Patel (India) and Makhdoom Syed Faisal (Pakistan) garnered enough votes to take the three places on the Executive Committee.

    Azim had 27 votes, Patel 26 and Makhdoom 24. Other candidates were Sardor Rakhmatullaev, of Uzbekistan (22 votes) and Suhrob Qosimov, of Tajikistan (nine votes).

  3. Главный тренер “Амкара” Рашид Рахимов: “По моей информации, появились новые возможности финансирования клуба”
    Наставник пермяков не теряет оптимизма в вопросе финансирования его команды
    До сих пор в подвешенном состоянии находится судьба пермского “Амкара”. Региональные политические и федеральные футбольные власти в этом вопросе взяли паузу до середины января. Тем не менее, главный тренер “Амкара” Рашид Рахимов сказал изданию “Спорт-Экспресс” о том, что надеется на лучший исход:
    – По моей информации, появились новые возможности финансирования клуба. В Перми все прекрасно понимают, что “Амкар” – бренд для края и терять место в числе 16 лучших команд России ему нельзя. Все ждут положительного решения вопроса.

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s