Пирӯзии тими миллии Тоҷикистон бар мунтахаби Афғонистон


Нарзуллоҳи Латиф, www.ozodi.org

Тими миллии футболи Тоҷикистон дар бозии дӯстона, ки 17-уми ноябр дар варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе баргузор шуд, бар мунтахаби Афғонистон бо ҳисоби 1:0 ғалаба кард.

Ин бозӣ бахшида ба Рӯзи ФИФА – Федеросиюни байнулмилалии футбол дар ҳузури 5 ҳазор тамошобин баргузор шуд. Голи ягонаро ҳимоятгар Фаррух Чориев дар дақиқаи 33-юм ба самар расонд.

Бояд гуфт, ки дар замони изофии нимаи аввали дидор сардовари бозӣ Диловаршоҳ Орзуев, довари ФИФА (Тоҷикистон), барои бо даст бозӣ кардан ба Соҳиб Ислом, бозигари тими Афғонистон, корти зард нишон дод, вале ӯ ба ҳукми сардовар эътироз кард. Бинобар ин сардовар ин дафъа ба ӯ корти сурх нишон дод ва Соҳиб Ислом аз ҳақққи идомаи бозӣ маҳрум шуд.

Вале бо вуҷуди он ки дар нимаи дуввуми бозӣ аъзои тими Афғонистон як нафар кам буд, меҳмонон ба мизбонон имкон надоданд, ки ҳисобро афзун кунанд.

Пас аз анҷоми ин бозии дӯстона Юсуф Коргар, сармураббии тими мунтахаби миллии Афғонистон, дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт: «Бозие, ки имрӯз буд, бозии дӯстона буд. Бурду бохташ барои мо муҳим набуд. Ҳам бародарҳои тоҷик ва ҳам тими Афғонистон футболи нағз карданд. Тими миллии Тоҷикистон таҷоруби зиёди бозии байнулмилалӣ дорад, вале тими Афғонистон ҷавон ва тозаворид ва таҷрибааш камтар аст. Мо ин бозиро барои баланд рафтани таҷоруби худ анҷом додем. Иншооллоҳ, дар бозии оянда умедвор ҳастем, ки пирӯз шавем. Ин тиме, ки шумо дидед, тими миллии Афғонистон нест. Ин тими мунтахаби ҷавонони то 21-солаи Афғонистон аст. Бозигарони тими миллии кишвари мо, ки дар бошгоҳҳои футболи Арманистону Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бозӣ мекунанд, дар ин дидор ширкат надоштанд ва онҳо дар мусобиқоти Ҷоми даъвати Осиё иштирок хоҳанд кард».

Ба иттилоъи Федеросиюни футболи Тоҷикистон тими миллии Афғонистон таҳти раҳбарии мутахассиси олмонӣ Клаус Штарк дар шаҳри Душанбе машғулиятҳои таълимию тамринӣ анҷом медиҳад. Футболбозони Афғонистон дар Душанбе то рӯзи 24-уми ноябр тамрин хоҳанд кард. Ва дар доираи ҷамъомади даҳрӯзаи таълимию тамринӣ баргузории боз як бозии дӯстона бо футболбозони тоҷик ба нақша гирифта шудааст.

Футболбозони Афғонистон бозии дуввуми дӯстонаро бо тими мунтахаби олимпии Тоҷикистон 23-юми ноябр дар варзишгоҳи «Металлург»-и шаҳри Турсунзода анҷом хоҳанд дод.

Advertisements

6 thoughts on “Пирӯзии тими миллии Тоҷикистон бар мунтахаби Афғонистон

  1. ” Ин тиме, ки шумо дидед, тими миллии Афғонистон нест. Ин тими мунтахаби ҷавонони то 21-солаи Афғонистон аст. Бозигарони тими миллии кишвари мо, ки дар бошгоҳҳои футболи Арманистону Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бозӣ мекунанд, дар ин дидор ширкат надоштанд ва онҳо дар мусобиқоти Ҷоми даъвати Осиё иштирок хоҳанд кард».

    • …тими миллии кишвари мо…
      —————————-

      Шумо аз Афғонистонед? Сирилликро ба ин роҳатӣ баладед ва бо шеваи тоҷикистонии форсӣ менависед, ба фикрам дар Душанбе бузург шудаед.

  2. Ман иктибос аз навиштаи Нарзуллохи Латиф овардам. Агар ахамият дода боши навиштачот дар нохунак гирифта шудааст.
    Бо ин иктибос ман онро дар назар доштам,ки ин тими 21 солахояшона базур 1-0 буридем (2юм тайм вайо 10 каса бози кардан) агар тими асосишон мебуд чи кор мекардем:??? 🙂

  3. Боз чи интизор буди Аличон?

    Тренири мо тозза Дехкон аст, ба хамин натича хам шукр бояд кард,

  4. После завершения матча резервистов “Крыльев Советов” и “Динамо”, ставшего последней домашней игрой сезона, в кафе стадиона ЦСК ВВС состоялась автограф-сессия. В ней приняли участие главный тренер молодежного состава Александр Бабанов, а также футболисты Василий Павлов, Александр Буданов, Фарход Васиев и Дмтрий Костяев. Они раздали множество автографов любителям футбола. Кроме того, многие зрители, посетившие стадион ЦСК ВВС, стали обладателями только что вышедшими в свет плакатов, ежегодников и календарей. Завтра новая клубная полиграфия поступит в продажу в клубном магазине на стадионе “Металлург”.

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s