«Вахш» – барандаи медалҳои биринҷӣ


Нарзуллоҳи Латиф, www.ozodi.org

«Вахш»-и Қӯрғонтеппа, ки дар даври 36-уми мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ дар майдони худ бар тими «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода бо ҳисоби 1:0 ғолиб омад, ҷои саввумро касб кард ва соҳиби медалҳои биринҷӣ шуд.

Дар ин бозӣ, ки 24-уми ноябр дар варзишгоҳи «Пахтакор»-и шаҳри Қӯрғонтеппа сурат гирифт, голи Аҳтам Ҳамроқулов дар дақиқаи 20-ум тақдири медалҳои биринҷиро ҳал кард. Воқеъан, дар охири нимаи аввали дидор сардовари бозӣ Рустам Холов ҳамлагари «Вахш» Аҳтам Ҳамроқулов ва бозигари «Регар-ТадАЗ» Ҳасан Рустамовро барои задухӯрд миёни ҳарду аз майдон ронд.

Ба ин тартиб, дастаи «Вахш», сарфи назар аз бозии охиринаш бо тими «Истиқлол»-и Душанбе, дар соли ҷашни 50-солагиаш бо медалҳои биринҷӣ мукофотонида мешавад.

Дар бозии дигари даври охирин дастаи «Хайр»-и Ваҳдат дар майдони худ тими «Хуҷанд»-и Хуҷандро бо ҳисоби бузурги 4:1 шикаст дод. Ду голи меҳмононро Обидҷон Исмоилов, яке аз нишонзанҳои беҳтарини мусобиқот, аз ҷаримаи 11-метра дар дақиқаҳои 10-ум ва 50-уми бозӣ ба ҳадаф расонд. Ду голи дигарро Раҳмоналӣ Баротов дар дақиқаи 17-ум ва Низом Раҳимов дар дақиқаи 63-юм заданд. Як голи меҳмонон ба Ҳусейн Ҷалолов (дақиқаи 41-ум) марбут аст.

Вале ин ғалаба ба дастаи «Хайр» имкон надод, ки аз рақиби аслиаш – «Вахш» пеш гузарад. Футболбозони шаҳри Ваҳдат бо 54 имтиёз зинаи чаҳорумро касб карданд. Коршиносон натиҷаи ба даст овардаи дастаи нави лигаи олӣ – «Хайр»-ро дар мусобиқоти қаҳрамонии кишвар хеле хуб арзёбӣ мекунанд.

Дастаи «Истиқлол», ки пешакӣ соҳиби медалҳои тиллои мусобиқот гаштааст, 27-уми ноябр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе бо тими «Вахш», барандаи медалҳои биринҷӣ, бозии мавқуфмондаи даври 24-уми мусобиқотро анҷом медиҳад.

Дастаи «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода, ки пешакӣ медалҳои нуқраи мусобиқотро соҳибӣ кардааст, бозиҳояшро ба анҷом расонд.

Ду дастаи шаҳри Душанбе – “Энергетик» ва ССКА “Помир” барои ҷои панҷум талош доранд. Бозии охирин миёни ин ду даста 26-уми ноябр дар варзишгоҳи “Авиатор”-и Душанбе баргузор хоҳад шуд.

МАВҚЕИ ДАСТАҲО ДАР ҶАДВАЛИ МУСОБИҚОТ

    Б Ғ М Б Т И
1. «Истиқлол» 31 25 6 0 75-17 81
2. «Регар-ТадАЗ» 32 22 5 5 81-24 71
3. «Вахш» 31 16 8 7 42-26 56
4. «Хайр» 32 16 6 10 59-42 54
5. «Энергетик» 31 11 4 16 38-43 37
6. ССКА «Помир» 31 9 10 12 34-48 37
7. «Хуҷанд» 32 8 8 16 42-58 31
8. «Парвоз» 32 6 6 20 35-73 24
9. «Равшан» 32 1 3 28 18-95 6

Голзанҳои беҳтарин: Юсуф РАБИЕВ («Истиқлол») – 30 гол, Давронҷон ТУХТАСУНОВ (ССКА «Помир»/«Регар-ТадАЗ») – 18, Обидҷон ИСМОИЛОВ («Хайр») – 17, Жаилтон ОЛИВЕЙРА («Регар-ТадАЗ»), Дилшод ВОСИЕВ («Истиқлол») – 13-голӣ.

Даври 36-ум

26-уми ноябр (ҷумъа)
ССКА «Помир» – «Энергетик», варзишгоҳи “Авиатор”-и Душанбе.

Бозии мавқуфмондаи даври 24-ум

27-уми ноябр (шанбе)
«Истиқлол» – «Вахш», варзишгоҳи марказии Душанбе.

Ҳарду бозии охирини мусобиқот соати 14 шурӯъ мешаванд.

Advertisements

2 thoughts on “«Вахш» – барандаи медалҳои биринҷӣ

  1. Vakhshro va tamomi tarafdori Vakhshro tabrik mekunam ….

    Ba vakhsh kuvati be ohir , va sponsori kuvatarin nasib kunad hudovand ….

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s