Нарзуллоҳи Латиф, http://www.ozodi.org

Мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи аввал бо пирӯзии тими Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон ба анҷом расид. Тими ғолиб – ДСРТ, ки дар 26 бозӣ 62 имтиёз ба даст овард, соҳиби медалҳои тилло гардид.

Дастаи «Ҳосилот»-и Фархор, ки бо 55 имтиёз мақоми дуввумро касб кард, бо медалҳои нуқра сарфароз хоҳад шуд.

Дастаи «Шодмон»-и Ҳисор, ки бо 54 имтиёз дар ҷои саввум қарор гирифт, бо медалҳои биринҷӣ мукофотонида мешавад.

Дар сабқати нишонзанҳои беҳтарин Руслан Зубайдов, ҳамлагари тими ДСРТ, бо 28 гол ғолиб шуд.

ҶАДВАЛИ ҶАМЪБАСТӢ

    Б Ғ М Б Т И
1. ДСРТ (Душанбе) 26 19 5 2 68-25 62
2. «Ҳосилот» (Фархор) 26 17 4 5 45-21 55
3. «Шодмон» (Ҳисор) 26 17 3 6 65-29 54
4. «Саройкамар» (Панҷ) 26 17 2 7 78-33 53
5. «Ҳулбук» (Восеъ) 26 16 4 6 58-30 52
6. «Ҷавонон» (Турсунзода) 26 12 3 11 50-43 39
7. «Ситора-2010» (Рӯдакӣ) 26 11 3 12 54-47 36
8. «Локомотив» (Душанбе) 26 8 11 7 34-35 35
9. «Гвардия» (Душанбе) 26 8 6 12 46-60 30
10 «Бахт» (Файзобод) 26 7 7 12 36-60 28
11 «Пахтакор» (Қубодиён) 26 8 3 15 34-60 27
12 «Зарафшон» (Панҷакент) 26 7 6 13 42-50 27
13 МҶМОВ (Душанбе) 26 3 2 21 18-66 11
14 «Чашма» (Шаҳритус) 26 2 1 23 18-87 7

Голзанҳои беҳтарин: Руслан ЗУБАЙДОВ (ДСРТ) – 28 гол, Соҳибҷон ВАҲҲОБОВ («Саройкамар») – 23, Рамазон САФАРОВ («Шодмон») – 21.

 

 

Advertisements