Сайёфи Мизроб. Бознашр аз ҳафтаномаи СССР

1 тан аз чеҳраҳои тобони футболи Тоҷик, нафаре, ки солҳои тўлонӣ дар нимаи дуввуми асри 20 Раиси Федератсияи Футболи РСС Тоҷикистон буда, дар бунёдёбии дастаи №1 дар кишвар-Энергетик ва сипас Помири Душанбеи маъруф бевосита даст дошт, Минел Левин ҳафтаи гузашта дар синни 86 солагӣ фавтид.Рўҳаш шод бод, ки ин яҳудитабори русзабони Тоҷикдил барои рушди соҳаи варзиши мо хидмате кардааст, ки бовар кун хонанда, ягон Тоҷик накарда буд!

 

Китоби Минел Левин «Дар бозӣ ва баъди он» («В игре и вне игры») беҳтарин дастури омўзишии соҳаи футбол аст ва дар ин шоҳасар Левини Тоҷик роҷеъ ба таърихи командаи маъруфу маҳбуби мо-Помири Душанбе қиссаҳо мекунад; ҳар саҳифаи ин таърихномаи пуршарафи футболи Тоҷикро рўгардон намудаву бохтҳо, бурдҳо, шикастҳо ва музаффариятҳои Помирро варақгардон менамояд. Китоби мазкур асари рўимизии аксарияти чиновникҳои футболи даврони СССР будӣ. Беҳуда нест, ки Вячеслав Колосков-собиқ Президенти Федератсияи Футболи Русия худро шогирди Левин мехонд ва мегуфт, ки маҳз аз ҳамин шоҳасари ба футболи Тоҷик бахшидаи устодаш сабақҳо гирифтаву мунтахаби Русияро пас аз пошхўрди СССР то ба финали Ҷоми Ҷаҳону нимфинали Аврупо баровардааст.

Вячеслав Колосков-падари маънавии футболи Русия, ба таҳқиқ худро шогирди Минел Левини Тоҷик мегирифт. Соли гузашта бошад, дар 85 солагии устодаш Колосков шахсан ба Рязан омада, М.Левинро табрик гуфт ва аз губернатори ин вилоят, Георгий Шпак хоҳиш намуд, ки ба Левини Тоҷик Ордени «Шараф» диҳад. Ва ин пешниҳод қиссае ба думбол дорад, ки овардани он бар маззаи гузоришамон меафзояд:

-Албатта, шоҳидону ошноёни Левин дар Тоҷикистон медонанд, ки ахирӣ пас аз набардгоҳҳои ҶБВ ба Тоҷикистон баргаштаву дар баробари журналисту нависандаи тавоно будан (муаллифи 35 китоб), соҳаи футболро сарварӣ мекард ва худ варзишкор ҳам буд. Вале кӣ бовар дошт, ки то синни 85 ў чунинҳузарбу спортивний мемонад?

26.06.2009. Ҳини дидор бо Колосков, сабқати футбол доир мегардад. Дар ложаи фахрӣ Колосков, Левин ва Шпак нишастаанд. Ин ҳангом футболбозе бо тамоми қувва зарбае мезанаду тўб рост ба сари Шпак меояд. Ҳозирин мегўянд, зарба онгуна сахт буд, ки микросонияе ба баъд тўб бояд сари губернаторро мекафонд. Вале Минел Левин бо 1 чобукии ба ҷавонон хос, бо мушт тўби гизаларо бармегардонад ва губернатори Рязанро аз ҷароҳат ва шармандагӣ раҳо мебахшад… Ана ҳамин хел буд Левини Тоҷик. Нафаре, ки ҳич вақт ба футбол ва миллати мо хиёнат накардааст.

Воқеан ҳам чун сухан сари футбол рафт, бояд гуфт, ки бахши аъзами варзишкороне, ки ба ҳазрати футболи Тоҷик аз хидмат кор гирифтаанд, дар паспорт Тоҷик набуданд. Вале қалби онҳо Тоҷикӣ буд. Мисли Абдулло Муродови ўзбек, Александр Азимови ниманемис, Мананникови дарвозабони рус, Ботуренко ва Воловоденкои укроин, Вазген Манасяни арманӣ, Чориеви туркман, Заздравнихи казак ва Валерий Турсунов-Фахр, Шараф ва Виждони Футболи асри 20-и Тоҷик. Воқеан ҳам ҳафтаи гузашта дар шаҳри Кўлоб, зодгоҳи Валерий Турсунов мусобиқаи ба номи «Турсунов» баргузор шуд. Ин, албатта, 1 қадршиносии Валерий Юлдошевич будӣ. Вале оё Турсунов нафарест, ки сабқаташ бояд танҳо дар зодгоҳаш баргузор гардад?

Фикр мекунам, Турсунов болотар аз индивид аст; ҳамонгуна ки Футбол бештар аз варзиш аст! Ба номи Турсунов бояд Ҷоми алоҳида барои беҳтарин нишонзан таъсис ёбад. Ё мисли «Клуби Федотов» чаро дар ҶТ «Клуби Турсунов» таъсис надиҳем? Ин ҳам дар ҳолест, ки агар Федотови номӣ дар Лигаи СССР 100 тўб зада бошад, пас Турсунов ба дарвозаи ҳарифони Помири Душанбе (мутаваҷҷеҳ бош, хонанда, то баъдан бо оватсия қарсак занӣ) …170 гол задааст!!!

Пас чаро номи нафареро зинда накунем, ки хубтар аз 1 футболбози рус бозӣ мекарду бисёртар дарвозаҳоро сўрох намудааст? Ва чаро «Клуби Турсунов»-нафареро таъсис надиҳем, ки тўли 2 даҳсола Стадиони марказии кишвар ба номи Фрунзе барояш гимн мехонду маҳз барои дидани ўҳазорон-ҳазор мухлис аз Кўлобу Вахшу Хуҷанду Хоруғ ба Душане мерехт???

Турсунов рамзи Футболи Миллӣ ва Ғурурмандии Тоҷик буд; на каму на беш!

Ҳамонгуна ки Манасян рамзи ҷонбозӣ, Муродов рамзи Номусдорӣ, Мўҳсину Рашид рамзи Ватанпарастӣ ва …Минел Левин-рамзи Садоқат ба футболи Тоҷик буданд.

Воқеан ҳам то охирин лаҳза Левини мо дар хидмати варзиши Тоҷик камарбаста буд. Зеро то ҷое ў мерасид, аз Футболи Тоҷик сухан мерафт; то вақте ў буд, номи Футболи Тоҷик вирди забон буд. Зеро ў, агар иҷборан тарки Ватан гуфт, вале мисли Андрей Абдувалиев, гурзпартои Тоҷик, барои 4 тангаиҳаром паспорташро иваз кардаву ба хидмати Тошканд нарафт; Левин ба Ватану Варзиши Тоҷик хиёнат накард! Рўҳаш шод бод, ки медонист:

Нафурўшед, зи ночорӣ яке виждонро,

Рўзи кас гоҳ ба обу лаби нон мегузарад!