Бозиҳои “Истиқлол” дар Қазон


Нарзуллоҳи Латиф, Радиои Озодӣ

Бозии аввал

Дастаи футболи «Истиқлол»-и Душанбе, қаҳрамони Тоҷикистон, дар доираи омодагиҳо ба Ҷоми Иттиҳод-2011 дар шаҳри Қазони Тотористон бар тими ҷавонони «Рубин» бо ҳисоби 2:0 пирӯз шуд.

Ин бозии санҷишӣ дар майдони сунъии толори Варзишгоҳи марказӣ бо бартарии комили футболбозони тоҷик сурат гирифт. Фатҳулло Фатҳуллоев, нимҳимоятгари «Истиқлол», дар дақиқаи 26-уми нимаи аввали дидор ҳисобро боз кард. Голи дуввумро Манучеҳр Ҷалилов, собиқ бозигари дастаи «Локомотив-2»-и Маскав, дар дақиқаи 63-юми бозӣ ба самар расонд.

Ҳайати дастаи «Истиқлол» дар ин бозӣ чунин буд: Алишер Тӯйчиев (Фарҳод Юлдошев, 46), Умед Ҳабибуллоев (Сергей Абрамов, 46), Соҳиб Сувонқулов (Одил Эргашев, 55, Абдураҳим Холов, 70), Даврон Эргашев (Акмал Сабуров, 46), Эраҷ Раҷабов, Ҷаҳонгир Ҷалилов (Манучеҳр Ҷалилов, 60), Маҳмадалӣ Содиқов (Иброҳим Рабимов, 46), Нуриддин Давронов, Фатҳулло Фатҳуллоев (Дилшод Восиев, 46), Юсуф Рабиев, Фарҳод Тоҳиров (Комил Саидов, 46).

Олимҷон Рафиков, сармураббии дастаи «Истиқлол», ба радиои Озодӣ гуфт: «Ҷамъомади таълиму тамринии даста дар шаҳри Қазон то 13-уми январ идома хоҳад кард. Мо боз ду бозии санҷишӣ бо ҳайати эҳтиётӣ ва дастаи «Рубин-2» анҷом медиҳем. 14-уми январ аз Қазон ба шаҳри Санкт-Петербург сафар мекунем. Дар ин ҷо 15-уми январ мусобиқоти байналмилалӣ барои дарёфти Ҷоми Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Балтик шурӯъ мешавад. «Истиқлол» дар гурӯҳи «А» бо «Интер» (Боку, Озарбойҷон), «Искра-Стал» (Рибнитса, Молдова), ва «Нефтчӣ» (Қӯчқор-Ота, Қирғизистон) рақобат хоҳад кард. Нахустин бозии «Истиқлол» 15-уми январ бо тими «Искра-Стал» баргузор хоҳад шуд».

Бозии дуввум

Дастаи футболи «Истиқлол»-и Душанбе, қаҳрамони Тоҷикистон, дар доираи омодагиҳо ба Ҷоми Иттиҳод-2011 дар шаҳри Қазони Тотористон пас аз пирӯзӣ бар тими ҷавонони «Рубин» бо ҳисоби 2:0 дар бозии дуввуми санҷишӣ аз тими дублёрҳо ё ҳайати захиравии «Рубин» бо ҳисоби 1:2 мағлуб гардид.

Ин бозӣ 10-уми январ дар майдони сунъии Варзишгоҳи марказӣ баргузор шуд. Нахуст Нуриддин Давронов, нимҳимоятгари «Истиқлол», дар дақиқаи 40-уми нимаи аввали дидор ҳисобро боз кард. Вале баъдан мизбонон ду гол ба самар расонда, бозиро ба фоидаи худ анҷом доданд.

Ҳайати дастаи «Истиқлол» дар ин бозӣ чунин буд: Алишер Тӯйчиев (Фарҳод Юлдошев, 46), Умед Ҳабибуллоев (Сергей Абрамов, 73), Соҳиб Сувонқулов, Даврон Эргашев, Эраҷ Раҷабов, Ҷаҳонгир Ҷалилов (Дилшод Восиев, 52), Маҳмадалӣ Содиқов, Нуриддин Давронов, Фатҳулло Фатҳуллоев, Юсуф Рабиев (Комил Саидов, 81), Фарҳод Тоҳиров (Иброҳим Рабимов, 49).

Олимҷон Рафиков, сармураббии дастаи «Истиқлол», ба радиои Озодӣ гуфт, ҷамъомади таълимиву тамринии даста дар шаҳри Қазон то 13-уми январ идома хоҳад кард. Вай афзуд: «Мо дар ин ҷо бар асоси реҷаи корӣ омодагӣ мебинем ва 11-уми январ боз як бозии санҷишӣ бо дастаи «Рубин-2» анҷом медиҳем. Дар ин марҳила ба мо ҳисоби бозӣ чандон муҳим нест. То оғози Ҷоми Иттиҳод ҳоло боз имкон дорем, ки аз паи рафъи камбудиҳо шавем ва ба мусобиқоти байналмилалӣ хуб омодагӣ бигирем».

Бозии саввум

Дастаи футболи «Истиқлол»-и Душанбе, қаҳрамони Тоҷикистон, дар доираи омодагиҳо ба Ҷоми Иттиҳод-2011 дар шаҳри Қазони Тотористон дар бозии саввуми санҷишӣ аз тими «Рубин-2» бо ҳисоби 1:3 мағлуб гардид.

Ин бозӣ 11-уми январ дар майдони сунъии Варзишгоҳи марказӣ баргузор шуд. Пас аз он, ки мизбонон ба дарвозаи меҳмонон ду гол заданд, Юсуф Рабиев, капитани «Истиқлол», дар дақиқаи 46-ум аз ҷаримаи 11-метра ҳисобро тағйир дод. Вале баъдан мизбонон голи саввумро ба мисли голи аввал аз пенолти ба самар расонда, бозиро ба фоидаи худ анҷом доданд.

Ҳайати дастаи «Истиқлол» дар ин бозӣ чунин буд: Алишер Тӯйчиев (Фарҳод Юлдошев, 60), Умед Ҳабибуллоев (Акмал Сабуров, 46), Соҳиб Сувонқулов (Сергей Абрамов, 46), Даврон Эргашев, Эраҷ Раҷабов (Одил Эргашев, 46), Ҷаҳонгир Ҷалилов, Маҳмадалӣ Содиқов (Иброҳим Рабимов, 46), Нуриддин Давронов (Абдураҳим Холов, 61), Фатҳулло Фатҳуллоев (Дилшод Восиев, 22), Юсуф Рабиев (Комил Саидов, 55), Фарҳод Тоҳиров.

Ба иттилои Олимҷон Рафиков, сармураббии дастаи «Истиқлол», футболбозони тоҷик пас аз як пирӯзӣ ва ду бохт дар бозиҳои санҷишӣ бо тимҳои ҷавонону захиравии «Рубин»-и Қазон 14-уми январ ба шаҳри Санкт-Петербург, ки дар ин ҷо аз 15-ум то 23-юми январ мусобиқоти байналмилалӣ барои дарёфти Ҷоми Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор мешавад, сафар мекунанд.

«Истиқлол» дар гурӯҳи «А» бо «Интер»-и Озарбойҷон, «Искра-Стал»-и Молдова ва «Нефтчӣ»-и Қирғизистон рақобат хоҳад кард. Нахустин бозии «Истиқлол» 15-уми январ бо тими «Искра-Стал»-и Молдова баргузор хоҳад шуд.

Мусобиқоти байналмилалии Ҷоми Иттиҳод-2011 бо ширкати 16 даста дар чаҳор гурӯҳ сурат мегирад. Аз ҳар гурӯҳ дудастаӣ барои ширкат дар даври чаҳорякниҳоӣ, ки 19-уми январ доир мешавад, ҳуқуқ пайдо хоҳанд кард.

Ҷоми Иттиҳод

Ҳайати се гурӯҳи дигар чунин аст:

Гурӯҳи «B»: «Тобол» (Қӯстанай, Қазоқистон), «Сконто» (Рига, Латвия), «Мика» (Ереван, Арманистон), «Бунёдкор» (Тошканд, Узбакистон).

Гурӯҳи «С»: «Зенит» (Санкт-Петербург, Русия), «Небитчӣ» (Балканобод, Туркманистон), «Шахтёр» (Солигорск, Беларус), «Флора» (Таллинн, Эстония).

Гурӯҳи «D»: «Динамо» (Киев, Укроин), ХИК (Хелсинки, Финляндия), «Экранас» (Паневежис, Литва), мунтахаби ҷавонони Русия.

Бозиҳо дар ду иншоот – СКК «Петербургский» и ДСИ «Зенит» барпо мегарданд.

Тақвими бозиҳо:

15-уми январ (шанбе)

1. «Интер» (Озарбойҷон) – «Нефтчӣ» (Қирғизистон).
2. «Искра-Стал» (Молдова) – «Истиқлол» (Тоҷикистон).
3. «Тобол» (Қазоқистон) – «Бунёдкор» (Узбакистон).
4. «Небитчӣ» (Туркманистон) – «Шахтёр» (Беларус).
5. «Динамо» К (Укроин) – ХИК (Финляндия).
6. Мунтахаби ҷавонони Русия – «Экранас» (Литва).
7. «Зенит» (Русия) – «Флора» (Эстония).
8. «Сконто» (Латвия) – «Мика» (Арманистон).

16-уми январ (якшанбе)

9. «Истиқлол» (Тоҷикистон) – «Интер» (Озарбойҷон).
10. «Нефтчӣ» (Қирғизистон) – «Искра-Стал» (Молдова).
11. «Мика» (Арманистон) – «Тобол» (Қазоқистон).
12. «Бунёдкор» (Узбакистон) – «Сконто» (Латвия).
13. «Экранас» (Литва) – «Динамо» К (Укроин).
14. «Флора» (Эстония) – «Небитчӣ» (Туркманистон).
15. ХИК (Финляндия) – мунтахаби ҷавонони Русия.
16. «Шахтёр» (Беларус) – «Зенит» (Русия).

18-уми январ (сешанбе)

17. «Интер» (Озарбойҷон) – «Искра-Стал» (Молдова).
18. «Истиқлол» (Тоҷикистон) – «Нефтчӣ» (Қирғизистон).
19. «Тобол» (Қазоқистон) – «Сконто» (Латвия).
20. «Мика» (Арманистон) – «Бунёдкор» (Узбакистон).
21. ХИК (Финляндия) – «Экранас» (Литва).
22. «Шахтёр» (Беларус) – «Флора» (Эстония).
23. Мунтахаби ҷавонони Русия – «Динамо» К (Укроин).
24. «Зенит» (Русия) – «Небитчӣ» (Туркманистон)

19-уми январ (чоршанбе)

¼ финал

25. А1 – В2.
26. Д1 – С2.
27. В1 – А2.
28. Д1 – С2.

21-уми январ (ҷумъа)

½ финал

29. Ғолиби бозии 25 – ғолиби бозии 26.
30. Ғолиби бозии 27 – ғолиби бозии 28.

23-юми январ (якшанбе)

Финал

31. Ғолиби бозии 29 – ғолиби бозии 30.

Advertisements

2 thoughts on “Бозиҳои “Истиқлол” дар Қазон

  1. Чемпион Таджикистана душанбинский «Истиклол» сегодня, 15 января, проведет свой первый матч на Кубке Содружества в Санкт-Петербурге против молдавской «Искры-Сталь». Встреча пройдет во Дворце спортивных игр «Зенит» и начнется в 11:00 по местному времени (13:00 по душанбинскому). Наш сайт будет следить за развитием событий.

    За час до начала матча между «Истиклолом» и «Искрой-Сталь» стал известен стартовый состав нашей команды. С первых минут сыграют: вратарь – Алишер Туйчиев, оборона – Сохиб Сувонкулов, Даврон Эргашев (оба – в центре), Эрадж Раджабов (справа), Умед Хабибуллоев (слева), полузащита – Фатхулло Фатхуллоев (справа), Джахонгир Джалилов (слева), Нуриддин Давронов, Махмадали Садыков (оба – в центре), нападение – Юсуф Рабиев (капитан), Фарход Тохиров. Как видно, душанбинский клуб сыграет тем же составом, что и в недавних контрольных матчах на сборах в Казани против дубля “Рубина” (2:0, 1:2) и команды “Рубин-2” (1:3).
    * * *
    Форма чемпиона Таджикистана будет полностью белой – и футболки, и трусы, и гетры. Вице-чемпион Молдовы сыграет в красной форме.
    * * *
    В другом матче группы “А” сыграют азербайджанский «Интер» и киргизский «Нефтчи». Этот матч пройдет параллельно с нашим на стадионе СКК “Петербургский”.
    * * *
    Звучит стартовый свисток! Пожелаем удачи “Истиклолу” в этом поединке.
    * * *
    “Искра-Сталь” вышла на игру в таком составе: Чеботарь, Гафина, Касьян, Новиков, Городецкий, Попович, Рудак, С.Чеботарев, М.Чеботарь, Валуцэ, Сучу.
    * * *
    Обслуживает сегодняшний матч бригада российских арбитов. Главный судья – Владимир Петтай (Петразаводск). Ассистенты – Алексей Алексеев, Иван Касьянков. Резервный арбитр – Вячеслав Попов. Инспектор матча – Николай Объедков.
    * * *
    Начало матча – за молдаванами. Уже на первой минуте Александр Сучу сильно пробил и мяч после рикошета оказался у голкипера “Истиклола” Туйчиева.
    На 4-й минуте игрок “Искры” Городецкий получил желтую карточку за грубую игру. Спустя десять минут форвард молдаван Сучу упустил хорошую возможность открыть счет. Но Туйчиев надежен.
    * * *
    Тем временем, в параллельном матче азербайджанский “Интер” повел в счете в игре с киргизским “Нефтчи” – 1:0. Гол забил Карлсонс.
    * * *
    “Истиклол” пока ничего не может создать на половине поля противника. “Искра” контролируют игру, не собираются отдавать инициативу противнику.

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s