Бохти “Истиқлол” аз озариҳо


ББС Тоҷикӣ

Дастаи “Истиқлол” дар бозии дуюмаш дар мусобиқоти гурӯҳии Ҷоми Иттиҳоди Кишварҳои Мустақили муштаракулманофеъ дар шаҳри Санкт-Питерсбург ноком шуд.

Гурӯҳе, ки соли гузашта қаҳрамони Тоҷикистон эълом шуда буд, рӯзи якшанбеи 16 январ дар рақобат бо дастаи “Интер”-и Озарбойҷон бо ҳисоби се бар сифр мағлуб шуд.

Дар бозиии дигари гурӯҳи “А” дастаи “Искра-Стал”-и Молдова бо ҳисоби як бар сифр бар дастаи “Нефтчӣ”-и Қирғизистон дастболо гардид.

Ду рӯзе қабл, бозии нахустини дастаи “Истиқлол” бо дастаи “Искра-Стал” бо ҳисоби мусовии як бар як анҷом шуда буд. Тӯбро аз дастаи Тоҷикистон Фарҳод Тоҳиров ба нишон расонда, аммо пас аз ду дақиқа бозингарони дастаи “Искра-Стал” ҳисбро баробар карданд.

Дар он рӯз дастаи “Интер” бар дастаи “Нефтчӣ” бо ҳисоби 3 бар сифр пирӯз шуда буд.

Бад-ин тартиб, пас аз ду бозӣ дар гурӯҳи “А” дастаи “Интер”-и Озарбойҷон бо шаш имтиёз пешсаф буда ва ба марҳилаи навбатии ин мусобиқа роҳхат гирифтааст.

Дастаи “Искра-Стал” бо 4 имтиёз дар зинаи дуюм ва дастаи “Истиқлол” бо як имтиёз дар зинаи сеюм ҷой гирифтаанд. Дастаи “Нефтчӣ”-и Қирғизистон то ҳол ҳеч имтёзе ба даст наовардааст.

Ҳамакнун дастаҳои “Истиқлол” ва “Искра-Стал” барои соҳиб шудан ба роҳхати дуюм рақобат хоҳанд кард.

Бозии охирини “Истиқлол” дар гурӯҳи худ рӯзи душанбеи 17 январ бо дастаи “Нефтчӣ” баргузор хоҳад шуд.

Ҳатто ба ҳангоми пирӯзӣ ба ин даста сарнабишти дастаи “Истиқлол” ба бозиии “Интер” ва “Искра-Стал” бастагӣ дошта ва дар сурати пирӯзии “Искра-Стал” ва мусовӣ анҷом ёфтани бозӣ дастаи Молдова ба марҳилаи дигари мусобиқот роҳхат хоҳад гирифт.

Зимнан, Рустам Эмомалӣ, писари раиси ҷумҳурии Тоҷикистон аз саҳомдорон ва бозингарони дастаи “Истиқлол” маҳсуб мешавад.

Интизор мерафт, дар мусобиқоти гурӯҳии Ҷоми Иттиҳоди Кишварҳои Мустақили муштаракулманофеъ дар шаҳри Санкт-Питерсбург Рустам Эмомалӣ ширкат кунад, аммо дар ду бозии гузашта ӯ ба майдон набаромад.

Дар ин мусобиқоти байналмилалӣ 16 дастаи қаҳрамонони Иттиҳоди Кишварҳои мустақили Муштаракулманофеъ дар чаҳор гурӯҳ ҳунарнамоӣ карда ва аз ҳар гурӯҳ ду даста ба мусобиқоти чорякфинолӣ ширкат хоҳад кард.

Ин бозиҳо рӯзи чаҳоршанбеи 19 январ ва мусобиқаи ниҳоӣ ё финол рӯзи 23 январ баргузор мешаванд.

Бо таваҷҷӯҳ ба он ки дастаи “Зенти”-и Санкт-Питерсбург, қаҳрамони Русия дар ин мусобиқот бо ҳайат дуюми худ ширкат дорад, коршиносони бахши варзиши Русия мусобиқоти Ҷоми Иттиҳоди Кишварҳои Мустақили муштаракулманофеъро чандон муҳим ва бонуфуз талақӣ намекунанд.

Бо ин вуҷуд дастаҳои Тоҷикистон то ҳол дар ин мусобиқот пирӯзӣ ба даст наоварда ва афзун бар ин, дастаи “Вахш”-и шаҳри Қӯрғонтеппа, қаҳрамони футболи соли 1997-и Тоҷикистон дар ин мусобиқа ба дастаи “Спартак”-и шаҳри Маскав бо ҳисоби нанговари 19 бар сифр мағлуб шуда буд.

Advertisements

15 thoughts on “Бохти “Истиқлол” аз озариҳо

  1. Istiklol vs Kchkoi 5-0 (Tochno kirgizov kupili) Khotyabi tak prochli v sledyuchi raund!!!!!!

  2. ” Таджикистан впервые в своей истории выходит из группы.”
    ______________________________

    Журналистхои мухтарам, ба ин ягон чавоб нависед дар сайтхои худ!!!

    • В 2009 году Регар уже выходил…
      Но все равно это достижение для нашего футбола!
      Истиклол ба ПЕШ!!!!

  3. Варзоб хам баромада буд! аммо ба ин бояд официально чавоб навист!!!

  4. Кубок Содружества. 3-й тур. «Истиклол» разгромил «Нефтчи» и вышел в 1/4 финала, молодежная сборная России против киевского «Динамо» и другие матчи

    Кубок Содружества

    Санкт-Петербург

    Групповой этап

    3-й тур

    Группа А
    Интер Азербайджан – Искра-Сталь Молдавия – 1:0 (0:0)
    Истиклол Таджикистан – Нефтчи Киргизия – 5:0 (0:0)

    Положение команд: «Интер» – 9, «Истиклол» – 4, «Искра-Сталь» – 4, «Нефтчи» – 0.

    Группа В
    Тобол Казахстан – Сконто Латвия – 14.00

    МИКА Армения – Бунедкор Узбекистан – 14.00

    Положение команд: «Сконто» – 4, «Тобол» – 4, «Бунедкор» – 1, МИКА – 1.

    Группа С
    Шахтер Белоруссия – Флора Эстония – 16.00

    Зенит Россия – Небитчи Туркменистан – 20.00

    Положение команд: «Шахтер» – 4, «Зенит» – 4, «Флора» – 3, «Небитчи» – 0.

    Группа D
    ХИК Финляндия – Экранас Литва – 16.00

    Молодежная сборная России – Динамо Киев Украина – 18.00

    Положение команд: Молодежная сборная России – 6, ХИК – 3, «Динамо» – 1, «Экранас» – 1.

    ПРИМЕЧАНИЕ: время начала матчей – московское.

  5. 19 января (среда)
    1/4 финала
    Истиклол (Точикистон) – СКОНТО (Латвия)

  6. 15:00 ИНТЕР (Азербайджан) – МИКА (Армения)
    17:00 D1 – C2
    19:00 СКОНТО (Латвия) – ИСТИКЛОЛ (Таджикистан)
    21:00 С1 – D2

  7. – В четвертьфинале вы сыграете с таджикским “Истиклолом”. Какие-то специальные изменения планируются в составе?
    – Нет, коренных изменений у нас не будет, потому что у нас слишком короткая скамейка. Пока команда не укомплектована. Уехали четыре ведущих игрока перед турниром. Про “Истеклол” ничего сказать не могу, что за команда, что они собой представляют. Попытаемся найти хоть какую-то информацию

  8. «Сконто» (Латвия) – «Истиклол» (Таджикистан) – 2:0

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s