Бознашр аз ББС Тоҷикӣ

Дастаи “Истиқлол”-и Тоҷикистон дар охирин бозии гурӯҳӣ бар дастаи “Нефтчӣ”-и Қирғизистон бо ҳисоби калони 5 бар сифр пирӯз шуд.

Дар бозии дигари гурӯҳи “А” дастаи “Интер”-и Озарбойҷон дастаи “Искра-Стал”-и Мулдовиро бо ҳисоби 1 бар сифр мағлуб кард.

Ба ин тартиб, дастаи “Истиқлол”-и Тоҷикистон якҷо бо дастаи “Интер” ба мусобиқоти чорякфинолии Ҷоми Иттиҳоди Кишварҳои Мустақилли Муштаракулманофеъ дар шаҳри Сан-Питерзбург роҳхат гирифт.

Ин нахустин пирӯзии чашмраси дастаи қаҳрамони футболи Тоҷикистон дар чунин мусобиқот маҳсуб мешавад.

Дар солҳои қаблӣ, дастаҳои Тоҷикистон дар мусобиқоти гурӯҳии Ҷоми Иттиҳоди Кишварҳои Мустақилли Муштаракулманофеъ мағлуб шуда ва аз имкони идомаи бозиҳо дар мусобиқоти баъдӣ маҳрум мешуданд.

Афзун бар ин, дастаи “Вахш”-и шаҳри Қурғонтеппа, қаҳрамони футболи соли 1997-и Тоҷикистон, дар ин мусобиқа бо дастаи “Спартак”-и шаҳри Маскав ба ҳисоби нанговари 19 бар сифр мағлуб шуда буд.

Рӯзи чаҳоршанбеи 19 январ дар мусобиқоти чорякфинолӣ дастаи “Истиқлол” бо дастаи “Сконто”-и Литвонӣ рақобат хоҳад кард.

Ҳамчунин, имрӯз дастаҳои “Интер”-и Озарбойҷон бо “Мика”-и Арманистон, “ХИК”-и Финлонд бо “Зенит”-и Сан-Питерзбурги Русия ва “Шахтёр”-и Солигорски Русия бо “Динамо”-и Киеви Укройн зӯрозмоӣ хоҳанд кард.

Дастаҳои пирӯз ба мусобиқоти ниманиҳоӣ роҳ меёбанд.

Advertisements