Суъуди ҷойгоҳи Тоҷикистон дар ҷадвали ФИФА


BBC Tajik

Дар радабандии ҷадиди Федеросиюни Ҷаҳонии Футбол ё ФИФА Тоҷикистон ду зина боло рафта ва дар мавқеъияти 141 ҷой гирифтааст.

Дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ дастоварди тими мунтахаби Ӯзбакистон дар мусобиқоти байналмилалии футбол бештар буда ва ин тим дар радабандии ФИФА аз ҷойи 108 дар моҳи гузашта то ба мавқеъияти 77, яъне баякбор 31 зина, боло рафтааст.

Зимнан, тими мунтахаби Ӯзбакистон дар Бозиҳои 16-уми қаҳрамонии футболи Осиё дар шаҳри Доҳаи Қатар дар моҳи гузашта ба мусобиқоти ниманиҳоӣ роҳ ёфт ва дар ниҳоят, дар зинаи чаҳорум ҷой гирифт.

Тими мунтахаби Жопун, қаҳрамони Бозиҳои футболи Осиё, дар радабандии феълии ФИФА мақоми 17-умро касб кардааст.

Дар миёни кишварҳои минтақа тими мунтахаби Қирғизистон нисбатан дар сатҳи пойин қарор дошта ва ин тим зинаи 175-умро ба худ ихтисос додааст.

Чун дар моҳи гузашта, тимҳои мунтахаби Испониё, Ҳоланд ва Олмон дар ин радабандӣ дар баландтарин сатҳ қарор доранд.

 

Advertisements

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s