Футболи тоҷик, хонашер асту майдонғариб


Муаллиф:  – Сафдар

Солҳост боз дил аз тамошои футболи тоҷик канда будам. Чаро ки ҳамбаста ба вазъи баъдиҷангии Тоҷикистон арсаи футбол низ ба дашти буққагию шохҷангаки қумандонҳо табдил ёфт. Шукронаи сулҳу субот, ки як фазои роҳату ром ҳукмфармост ва ба талқину таҳрики чанд тан аз дўстони собиқам, ки роғиби собитқадами футболанд, рў ба тамошои ин бозии машҳуртарини гетӣ ниҳодам. Мушоҳидаҳои нахустин иллатҳои нобарориҳои соҳаи варзишро бароям ошкор сохт. Ҳамакнун фаҳмидам, ки чаро Тоҷикистон дар ҷадвали нангу номи футболи ҷаҳонӣ сол то сол рў ба нишеб асту нокомӣ? Чаро сабқати тимҳо дар вазъи тиҳӣ аз тамошобин мегузаранд, ҳарчанд ки вуруд бидуни музд аст?

Ин ҳама вазъи ноҳинҷорро ноқобилию муносибати саҳлангоронаи Федератсияи футболи Тоҷикистон иллат асту ваҷҳ. Яъне ки ба масал гардунаи клетаи футболи тоҷикро бе таъмиру тармим гардунакашони беҳунар ба пеш кашиданианд. Шояд, қудрат бар тавоноӣ гуфта, маблағгузории нокофиро баҳона пеш оваранд? Дуруст, аммо…

Аммо сари масъалаи беҳдошти сатҳи доварии сабқатҳо сахт андар андеша мерафта бошанд? Чархи асоситарини гардонкунандаи гардунаи футбол адолати доварист, ки дар Тоҷикистон нест, нест?!

Як назари саридастакӣ кофист то ҳақиқатеро фаҳму фаросат кунӣ, ки барои доварони футболи тоҷик мафҳумҳое чун адолату ҳақиқату қоидаву қонун умуман арзишҳои бегонаанд. Ин мушкилест фароҷаҳонӣ дар замони муосир, ки мисли марази маризе футболро фаро печидааст. Мусобиқоти Ҷоми ҷаҳон дар Африқои Ҷанубӣ инро бармало собит кард. Ва дар мамолики ба ҷиҳати футбол бонгу ном ёфтае чун Англия, Франсия, Испания, Италия, Аргентина, Белорусия, Россия, Туркия аз ин вазъ изҳори нигаронӣ зоҳир намуда, паи рафъаш чораву тадбир меандешанд. Агар нек бингарем, маризии мазкур ба кишварҳои мазкур то ҳадде хатарнок нест, ки ба Тоҷикистон, чи ки давлатҳои номбурда ба масал хеле муқтадиранду нерўманду тобовар. Аммо футболи Тоҷикистонро, ки метавон ба ҳукми як тифли навзод бишмурд онро, парваришу тарбияти дурусте боястӣ, то солиму бардам ба воя расад. Ва дар ин амр ба маҳзи беҳтарин давову гуворотарин ғизо рў ба раҳи рост овардани доварон аст, на тақаллубу каҷкирдорию саҳву хато. Илтифоти доварон ба тимҳои баргузида хидмати хирсонаест ба варзиши футбол, ки муҳити носолиму фазои шубҳаву шакку тардидро фаро меоварад. Фазои носолимро бару бор амалҳои ноҳинҷор аст. Задухўрде, ки дар майдони Қўрғонтеппа рух дод, ҳодисаи мустасно нест, балки як амри қатории доимиест дар майдонҳои футболи Тоҷикистон ва барангезандаи он ноҳақию ноадолатию сатҳи пасти касбии доварон мебошад. Ба тақвияти ҳукми боло чанд мисоле аз доварии доварони футболкуши шўрандаи мухлисон меорам.

Чанде пеш дар варзишгоҳи Спитамени пойтахт (собиқ Спартак) дастаи «Энергетик бо яке аз тимҳои пурқувваттарини солҳои соҳибистиқлолии Тоҷикистон «Регар-ТадАз» бозӣ намуд. Дар бахши нахусти ҳунарсанҷӣ ҳар ду даста кўшишҳои зиёде ба харҷ доданд баҳри ғалаба. Хусусан футболбозони дастаи «Энергетик» чобуку чақону часпон пурғурур бозӣ менамуданд, то ҷое, ки заррае ҳаросу тарс дар дилҳошон надоштанд аз ҳарифи зўр. Мухлисон ҳам аз ин манзара қаноатманд буданду мафтун. Вале боз чи шамоле дарёб кард доваронро, ки бар зидди якеву суди дигаре сар афшонданду бо чанд тасмиму қарори носози бидуни сабаби худ назми бозиро шикастанд. Даставвал ба ҷурми хеле шубҳаовару суолбарангез варзишгари дастаи «Энергетик» Шуҷоат Неъматов бозибадар шуд. Чун ин амали булъаҷаб ҳам кор надод, «об, ки аз сар гузашт, чи як ваҷабу чи сад ваҷаб», гуфта доварон боз реб рафтанду ройи револудеро ба кор бурданд. Нўъмон Ҳакимов, ки дар ҳолати нобозӣ (офсайд) қарор дошт, бемалол тўбро таслими тўри дарвозаи «Энергетик» кард. Ёвари довар дар ин фурсат худро ба кўрӣ заду гўё ки надид вазъи воқеиро. Довари асосии маҳтали ишора ҳам ҳишта гирифту «ҳимматбаландона» ҳуштак кашиду бо дасти қалби худ мобайни майдонро ишора кард, яъне ки гол ва аз шири модар ҳам ҳалол!?

“Касеро бахт баргардад шикаст андар шикаст афтад”, ки ғалаткории ғаразбори доварони хатопеша «Энергетик»-ро, ту гуфтӣ, зарбае буд иродашикан ба рагу реша тавассути теша, то бозиро бо ҳисоби 3:0 бохт. Ноадолатии доварон мухлисони камшумори ҳозирро ба шўр овард. Нафрату нафрини худро бад-ин алфоз ифшо мекарданд: «Пора гирифтаӣ, заҳри баданат шавад», «Марг ба шумоворе ҳаромхорон» «Бачаҳоро шикастен, лаънатиҳо» ва ғайраву ҳоказо. Воқеан ҳам чунин ба назар мерасид, ки бозии хубу муназзами ҳамвори «Энергетик» табъи кадоме аз маснаднишинҳои соҳаи футболи тоҷикро нофор кардааст. Вагарна чаро баъди ҳар бозии дастаи мазкур сару садоҳову баҳсу мунозираҳо гирди номшон мехезад. Дар ноҳияи Ваҳдат тўби ба дарвозаи «Хайр» андохтаи дастаро бекор мекунанд, бар иллати ҳолати «нобозӣ».  Ва ҳини ҳунарнамоии «Энергетик» бо тими «Истиқлол» дар варзишгоҳи марказӣ тўбро бо даст дуруст карда ба дарвозааш чун заданд, доварон голро бидуни қоида нашмурданд!? Ҳангоми бозӣ бо дастаи «Хуҷанд» низ амалҳои нораворо раво диданд дар ҳаққи «Энергетик». Шояд ин амри тасодуф бошад? Шояд, аммо чаро чунин тасодуфҳо, маъзурам агар дурушт гуфта бошам, дар нисбати дастаҳои «Истиқлол» ва «Регар-ТадАз» қариб ки рух намедиҳанд?

Банда ба ҳунару маҳорати дастаҳои номбурда шакку шубҳае надорам. Беҳтарин дастаҳои футболи тоҷиканд, аз нигоҳи шеваву дову шигирдҳои варзишӣ, ҳунару маҳорати тўбронӣ ва сабки сабуки бозигардонӣ. Яъне, ки бе лутфу марҳамати тақаллубкорона низ онҳо метавонанд пирўз оянду муваффақ. Аммо хушбинии доварон ба дастаҳои номбурда бадиест бади бад дар ҳаққи футболи тоҷик, чаро ки беҳтарин бозигаронро фориғбол мекунаду бепарво ва қоидаситезу ҷазогурез. Яъне ки футболбозон эрка мепиндоранд худрову ноздона ва аз рушд мемонанд. Ин амали номатлуби нораво дар мусобиқоти дохилӣ каме сабукиҳо меоварад барои бозигарон. Чун ин дастаҳо дар мусобиқоти бурун аз ҳукми ҷумҳурӣ қувва меозмоянд, азбаски бад-ин авзоъ хў гирифтаанд, тарки одат амри маҳол ки ҳаст, нағмаю усулшон кор намедиҳад. Чаро ки доварони бетарафу бошараф хотири касеро намешиносанд, ҷуз қонуну қоидаву дастурамалу низом. Ва тимҳои машҳури хонашери мо майдонғариб мешаванд. (Далели мўътамаде ба гуфтаҳои мо қуввасанҷии дастаи пурзўртарини кунунии тоҷик «Истиқлол» бо тими ҳаваскори сатҳи музофотии Олмон-«Хессен Кассел»
метавонад буд). Ин аст, ки бозии мардумии дунёӣ дар Тоҷикистон ҳатто ройгон, таваҷҷўҳи мухлисонро сўи худ намекашад, чаро ки натиҷаи ниҳоӣ пешакӣ маълум аст. Қаҳрамон, ё «Регар-ТадАз» аст, ё «Истиқлол». Тасодуфан шараре чун «Вахш», агарчанде барҷаҳад ҳам, зуд маъзур мешавад аз тулўъу рахш, чаро ки ба сахттарин сахтиҳо қахрамониро ба каф овардааст ва «шарар аз санг ҷаҳад мурдани ў осон аст». Пас чӣ бояд кард?

Қабл аз ҳама, таконе зарур аст футболи тоҷикро. Мисли «Истиқлол» таъсиси се ё чаҳор дастаи дигаре мебояд, то лоақал 4-5 тиме қудрати дарёфти номи баланди қахрамониро доро бошад. Боиси таҳсин асту пайравӣ ташаббуси ноҳияи Ваҳдат дар амри таъсиси дастаи «Хайр». Ва ҳам анъанаи то ҳол роиҷро дар ҷуғрофиёи мусобиқот шикастан зарур. Беш аз пеш футболро дар музофотҳо ташаккулу рушду тавсеа бояд дод. Кай дар сабқати лигаи олии ҷумҳурӣ дастаҳои футболи вилояти мухтори кўҳистони Бадахшону минтакаи Раштро мебинем? Намояндагии вилояти Хатлону Суғд ҳам хеле заъиф аст дар мусобиқоти ҷумҳурӣ. Шояд баҳона шавад, ки маблағи кофӣ ба даст овардан ғайриимкон аст. Чаро ноҳияи Ваҳдат тавассути чанд тан родмарди тиҷоратпеша тавонистаасту дигарон не? Ё дар дигар навоҳиҳо мардони марди кору бонангу ор қаҳт задааст? Не, ҳастанд, чунин нафарон, вале ба Федератсияи футболу Созмони доварони он эътимоду эътиқоду эҳтиром надоранд. Баъди тамошои чанд бозии мусобиқоти ҷумҳуриявӣ бад-он тасмими эшон банда низ мувофиқ афтодам. Чаро ки дар ағлаби бозиҳо доварон дидаву дониста «иштибоҳ» мекунанд. Ҳақ
ба ҷониби як нафар собиқадори футболи ҷумҳурист,ки мегуфт: «Дар Тоҷикистон доварӣ якрў нест. Агар ҳаст, ё довар нест, ё аз ин кишвар нест». Маҳз ҳамин аҳвол аст, ки қариб ягон бозӣ бидуни хархашаву ситезаҷўиву дуруштгўӣ сурат намегирад. Бардоштҳо маъмулан на фараҳу фароғату роҳат аст, балки пайхораву кароҳат аст тамошобинро. Бад-ин авзоъ магар аз ҳисоби мухлисон метавон хазина фузуд?

Дар масъалаи ташкили доварӣ. Банда даъватеро раҳ андохтаниям ба хидмати рўзноманигорони ҳаводори футбол. Имрўзҳо фурсате фаро расида, ки на ба фармудаи панди «Биё, к-ин довариҳоро ба ҳукми довар андозем» худро таскину тасало диҳем, балки сарҷаъмона ҳар як бозиро аз нигоҳи доварии дурусту нодуруст зери назорати қатъӣ бигирем, то Федератсияи футболу Созмони доварони онро, ки сабабгори таназзули варзиши мардумӣ шудаанд, дар пўстиншон кайк дарояд. Бигзор шореҳони бетараф аз нашрияҳои мустақиле чун «Миллат», «Нигоҳ», «Фараж», «СССР»,  «Азия-плюс», «Истиқлол», «Наҷот», «Нури зиндагӣ», «Чархи гардун», «Пайкон», «Имрўз-News», «Озодагон» ва ҳар хоҳишманди дигар ин масъаларо баррасӣ кунад, вагарна вазъ мисле ки: «Рўди ман, олам дигар шуд, ту ҳамон астӣ, ҳамон», боқӣ хоҳад монд.

Ниҳоятан, аз Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия хоҳишу таманно дорем, ки тавваҷўҳи вижае зоҳир намояд ба фаъолияти доварони соҳаи футбол. Зеро дар ҳама давлатҳои муқтадир, ки собиқаву таҷрибаи бас тўлонии ташкили мусобиқоти футболро дороанд, ин ҷиҳати масъала боиси нигаронӣ қарор гирифтааст, пас чӣ расад ба Тоҷикистони тозаистиқлол? Ҳанўз фурсат аст, то вазъро ба суди футбол бол диҳему бурзу бозу, вагарна дар ҷадвали ному нанг афкандасару шарманда даҳсолаҳо боқӣ хоҳем монд. Чаро ки дар ин иртибот ҷуз ҳунар ҳунари дигаре манфиате надорад, на рутбаи генералии раиси Федератсияи футболи Тоҷикистон Сўҳроб Қосимов, на суханрониҳову оморгардониҳои ҳароратангези раиси Кумитаи кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ҷумҳурӣ Маликшоҳ Неъматов, на реҷакашиҳову ваъдабозиҳои подарҳавои муовини раиси Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Ширин Мамадсафоев.

Advertisements

2 thoughts on “Футболи тоҷик, хонашер асту майдонғариб

  1. Бисёр маколаи пурмухтаво. Бисёр масалахои мубрам нигошта шудаанд. Ахсан-т

  2. Макао – Дополнительное время потребовалось в ответном квалификационном матче Кубка вызова АФК между сборными Макао и Камбоджи. Неделю назад островитяне уступили 1:3 в гостях, но, выступая в родных стенах, сумели добыть аналогичное преимущество (3:1).

    Счет в компенсированное время первого тайма открыл камбоджиец Хим Борей, однако, ударно проведя четверть часа после перерыва, сборная Макао усилиями Вернона Вонга (62), Леона Ка Хана (73) и Виницио де Хесуса (75) перевела игру в овертайм. И когда соперники уже готовились к серии одиннадцатиметровых, отличился Сам Ел Наса (119), подаривший путевку Камбодже.

    На групповой стадии команда выступит в квартете С вместе со сборными Таджикистана, Кыргызстана и Мальдивских островов.

    СЕТКА РОЗЫГРЫША КУБКА ВЫЗОВА АФК:

    1 раунд

    Плей-офф 1: Бутан – Афганистан (23 и 25 марта)
    Плей-офф 2: Филиппины – Монголия 2:0, ответный матч 15 марта
    Плей-офф 3: Китайский Тайбэй – Лаос 5:2, 1:1
    Плей-офф 4: Камбоджа – Макао 3:1, 2:3 в дополнительное время

    Групповая стадия (20-31 марта 2011 года)

    Группа А: Мьянма, Палестина, Бангладеш, победитель плей-офф 2
    Группа В: Туркменистан, Индия, Китайский Тайбэй, Пакистан
    Группа С: Таджикистан, Мальдивские острова, Камбоджа, Кыргызстан
    Группа D: КНДР, победитель плей-офф 1, Непал, Шри-Ланка

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s