Мунтахаби Тоҷикистон дар бозии дуввуми худ дар гурӯхи интихобӣ дар ҷазоири Молдив бар зидди мунтахаби Камбоҷа ба майдон мебарояд.

Ҷомасафедони тоҷдор дар бозии аввал бар қирғизҳо ғолиб омадаанд ва агар дар ин бозӣ низ пирӯз оянд, роҳхат ба марҳилаи ниҳоиро ба даст меоранд.

Аллакай як роҳхат ба марҳилаи ниҳоӣ дар дасти соҳибони майдон, ҷазоири Молдив қарор гирифтааст, чун онҳо парерӯз бар ҳамин Камбоҷ бо ҳисоби 4:0 ва имрӯз бар қирғизҳо бо ҳисоби 2:1 ғолиб омаданд. Ҳамосяҳои мо, қирғизҳо ҳама гуна шонс барои Ҷоми чолиши 2012-ро аз даст доданд.

“Футболи Тоҷикистон” ин саҳифаро боз карда, ба ихтиёри хонандагон ба хотири табодули шарҳу назар ва таассуроту эҳсост аз бозӣ бо Камбоҷа медиҳад.

Лутф фармоед. Саҳифа дар ихтиёри Шумост!

Advertisements